Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Раҳмон боварӣ дорад, ки сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон хеле беҳтар шудааст

304
(Таҷдидшуда 13:22 16.09.2020)
Имрӯз дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ зимни суханрониаш дар Қасри фарҳанг таъкид дошт, ки имрӯзҳо сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон хеле беҳтар гардидааст

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш қайд кардааст, ки рушди устувори иқтисоди миллӣ ба ҷумҳурӣ имкон дод, ки ба пешрафти соҳаҳои иҷтимоиёт таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд.

“Ба шарофати истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот мардуми Тоҷикистон дар шоҳроҳи созандагиву бунёдкорӣ қадамҳои устувор гузошта, имрӯз Ватани азизамонро хеле ободу пешрафта гардонидаанд ва ба хотири фардои боз ҳам ободтар сарҷамъона заҳмат кашида истодаанд”, - афзуд раисҷумҳур.

Инчунин, Эмомалӣ Раҳмон зикр кардааст, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегӣ – расидан ба истиқлоли энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, хусусан, дар зарфи солҳои охир рушди ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа таъмин гардид.

Раисҷумҳур хусусан қайд кард, ки имрӯзҳо сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон хеле беҳтар шудааст.

“Рушди устувори иқтисоди миллӣ ба мо имкон фароҳам овард, ки ба пешрафти соҳаҳои иҷтимоиёт, аз ҷумла фарҳанг ва бунёду азнавсозии иншооти соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон.

304
Барчаспҳо:
сафари корӣ, зиндагӣ, мардум, Мастчоҳ, Суғд, Раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Гости танцуют на узбекской свадьбе

Бо 65 нафар туй гузаронидаанд: тарабхонаи "Равшан" - ро дар Хуҷанд бастанд

0
(Таҷдидшуда 14:52 26.09.2020)
Мақомоти беҳдоштии шаҳри Хуҷанд тибқи як санҷиши корӣ ҳолати аз меъёр зиёд иштирок намудани сокинон дар туйи арӯсӣ дар тарабхонаи “Равшан” - ро ошкор намуда фаъолияти онро муваққатан боз доштаанд

ДУШАНБЕ, 26 сен – Sputnik. Мақомоти беҳдоштӣ гуфтаанд, ки масъулони ин тарабхона бар хилофи тавсияи Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 дар вақти баргузории як маъракаи арӯсӣ ба иштироки 65 нафар иҷоза додаанд.

"Дар давраи пандемияи коронавирус, барои баргузор намудани тўю маъракаҳо бо 30-40 нафар рухсат шудааст, вале аз ҷониби маъмурияти қаҳвахонаи "Равшан" барои барпо намудани тўйи хонадоршавии шаҳрванд А.А. бо 65 нафар иҷозат дода, ба ин ҳол банди 6-и протоколи Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.07.2020 сол таҳти №8 ро вайрон кардаанд", - гуфтаанд мақомоти беҳдоштӣ.

Дар рафти санҷиш масъулин чандин ҳолати риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ аз ҷумла мавҷуд набудани монеаи безараргардонӣ (дизбарер), реҷаи рӯзи вижаи санитариро собит кардаанд ва ба далели ҷойдошти камбудиҳо, мақомот фаъолияти қаҳвахонаи "Равшан", - ро то замони бартараф намудани чунин камбудиҳо боздоштаанд.

Манобеъи Sputnik Тоҷикистон аз Идораи беҳдоштии Суғд гуфтанд, ки дар ҷараёни санҷиши корӣ дар самти пешгирии сирояти коронавирус ҳафтаи гузашта ба ҳисоби қаҳвахонаи "Равшан", фаъолияти 18 иншооту муассисаҳои хуроки умум аз қабили мағоза ва ошхонаю тарабхонаҳо дар қаламрави вилоятро то замони бартараф намудани камбудиҳо боз дошта, ҳамчунин дар пайи риоя накардани қоидаҳои сенитарию эпидемиологӣ беш аз 80 санади маъмурӣ бо пардохти 8700 сомонӣ ҷарима татбиқ кардаанд.

Чанде пеш ҳам Идораи санитарию эпидемилогии Хуҷанд дар зимни баргузории санҷиш, мавридҳои риоя нашудани талаботҳои беҳдоштӣ аз ҷумла ташкил накардани маҳлули антисептикӣ ва дастгоҳи ҳароратсанҷи фосилавӣ барои харидорон, бе дастпӯш савдо кардани фурӯшандаҳо дар мағозаҳоро ошкор намуда, то бартраф намудани камбудиҳои ҷойдошта фаъолияти чандин мағозаҳои бузургро муваққатан боздошта буд.

0
Барчаспҳо:
бастан, тӯй, Хуҷанд
Нигина Амонкулова

Нигина Амонқулова суруди Муқаддас Набиеваро бозхонӣ кард - видео

33
(Таҷдидшуда 15:24 26.09.2020)
Сарояндаи шинохтаи мусиқии попи тоҷик Нигина Амонқулова суруди овозхони шаҳир Муқаддас Набиеваро бозхонӣ кард

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Нигина Амонқулова сарояндаи шинохтаи саҳнаи тоҷик рӯзи 25 сентябр суруду навори ҷадиде дар шабакаи Youtube нашр кард.

Ин бор сароянда суруди овозхони машҳур Муқаддас Набиева-"Тарки ёрӣ" - ро бозхонӣ кард.

Навор  рӯзи 25 сентябр дар шабакаи Youtube нашр шудааст. Дар давоми як рӯз ин сурудро беш аз 17 ҳазор кас тамошо карда ва зиёда аз 800 корбар писандидааст.

Бештари корбарони аз ҳунари Нигина тавсиф карда ӯро "нигини саҳнаи тоҷик" унвон кардаанд.

Бахтовар Бокиев19 часов назад
"Ман фахр мекунам ки дар Тоҷикисон ҳаминхел бонуи зебо бонуи ҳаматарафа аст. Дар ҳақиқкат Нигина нигини саҳнаи тоҷик аст", - навиштааст Бахтовар Боқиев.

"Legends live forever": тарҳи нави Нигина ва бозхонии таронаи машҳури Зафар Нозим

Файзинисо Зокирова ҳам аз бозхонӣ шудани суруди "Тарки ёрӣ" изҳори хушҳолӣ карда иҳзор доштааст, ки "солҳо интизор будам ки хамин суруди Муккадасро кӣ мехонда бошад".

Таронаи "Тарки ёрӣ" - ро ҳунарманд дар доираи тарҳи наваш "Legends live forever" бозхонӣ кардааст.

Ӯ дар доираи ин тарҳ қаблан таронаи ҳиндии "Yeh Mera Prem Patra Padhkar", суруди шодравон Зафар Нозим "Рафтам ба ҷустуҷӯят", "Зорӣ зорӣ кардам" - ро бозхонӣ карда буд.

Муқаддас Набиева аз сарояндагони саршиноси тоҷик ба шумор меравад. Ӯ дар саҳнаи эстрадаи тоҷик бо сурудҳое чун "Ҷони ман", "Тарки ёрӣ", "Боди сабо", "Ситораи ман" ва ғайраҳо машҳур аст.

Муқаддас Набиева дар овони ҷаҳонӣ дар синни 29-солагӣ дар авҷи шӯҳрат, дар паи садамаи нақлиётӣ соли 1979 ҷон бохт.

 

33
Барчаспҳо:
бозхонӣ, суруд, Нигина Амонқулова