Посадка пассажиров в самолет, архивное фото

Ҳар рӯз то 7 парвоз: рӯйхати нави 71 парвоз миёни Тоҷикистон ва Русия

2209
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон расман гузориш дод, ки барои интиқоли тоҷикистониён аз Русия ба Ватан 71 парвози чартерии дигар то охири моҳи сентябр ташкил карда шуд

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷӣ ба диққати ҳамватанон мерасонад, ки бо мақсади баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо коронавирус қарор қабул кард, ки тариқи ширкати миллии Сомон-Эйр аз 16 то 30 сентябр 71 парвози иловагии чартерӣ ташкил мекунад.

Бояд қайд кард, ки парвозҳои чартерӣ тибқи тавофуқ бо мақомоти Русия анҷом дода хоҳанд шуд.

Ҳамватаноне, ки ба Ватан баргаштанианд, бояд маълумотномаи тиббӣ дар бораи надоштани вируси корона, ки на бештар аз 96 соат пештар аз парвоз омода кардаанд, пешниҳод кунанд. Кӯдакони то 3-сола аз гирифтани ин гуна маълумотнома озоданд.

Вазорат иттилоъ медиҳад, ки вақтҳои охир намояндагони дипломатӣ ва консулии ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия ҳолатҳои ба даст овардани маълумотҳои қалбакии тиббӣ дар бораи олуда набудан ба коронавирус аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон ошкор ва пешгирӣ мекунанд.

Сафир дар бораи зиёдшавии парвозҳо, кушодани поездҳо ва қарантинаи дигар

Дар ин робита ба диққати шаҳрвандони Тоҷикистон расонида мешавад, ки мутобиқа тағйиротҳо ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои дидаву дониста паҳн кардани бемориҳои сироятӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.

Нафароне ки ин гуна бемориҳоро пинҳон медоранд ва маълумотномҳои тиббии қалбакӣ пешниҳод мекунанд, мувофиқи тайғиротҳои зикргардида ба Кодекси ҷиноӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Рӯйхати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки тавассути парвозҳои чартерӣ ба Тоҷикистон баргаштан мехоҳанд, комиссияи махсуси Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва консулгариҳои кишвар дар Русия тартиб медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, пеш аз ҳама беморон, заноне ки кӯдаки хурдсол доранд, солхӯрдагон ва нафароне ки ба Русия сафари хидматӣ доштанд, дар сафи аввали рӯйхат қарор мегиранд.

Ҳамватанон метавонанд аризаҳояшонро барои баргаштан ба Ватан дар намуди электронӣ ба нишонаи charter-russia@mfa.tj барои баррасӣ ба комиссияи болозикргардида ирсол кунанд.

Ҳамин тавр аз 16 то 30 сентябр парвозҳои зер ба нақша гирифта шудаанд:

16 сентябр

Екатеринбург - Душанбе.

Москва - Душанбе (се парвоз)

17 сентябр

Санкт-Петербург - Душанбе.

Новосибирск - Душанбе.

Москва - Душанбе (се парвоз)

18 сентябр

Москва - Душанбе (се парвоз)

Уфа - Душанбе.

19 сентябр

Москва - Душанбе (се парвоз)

Краснодар - Душанбе.

20 сентябр

Москва - Душанбе(се парвоз)

Санкт-Петербург - Душанбе.

Екатеринбург - Душанбе.

21 сентябр

Москва - Душанбе (се парвоз)

Иркутск - Душанбе.

22 сентябр

Москва - Душанбе (се парвоз).

Новосибирск - Душанбе.

Санкт-Петербург - Душанбе.

23 сентябр

Москва - Душанбе (се парвоз).

Красноярск - Душанбе.

Сургут - Душанбе.

24 сентябр

Москва - Душанбе (се парвоз).

Санкт-Петербург - Душанбе.

Новосибирск - Душанбе.

25 сентябр

Москва - Душанбе (се парвоз).

Уфа - Душанбе.

Краснодар - Душанбе.

Екатеринбург - Душанбе.

26 сентябр

Москва - Душанбе (се парвоз).

Санкт-Петербург - Душанбе.

27 сентябр

Москва - Душанбе (се парвоз).

Екатеринбург - Душанбе.

Новосибирск - Душанбе.

28 сентябр

Москва - Душанбе (се парвоз).

Санкт-Петербург - Душанбе.

29 сентябр

Москва - Душанбе (се парвоз).

Новосибирск - Душанбе.

Сургут - Душанбе.

30 сентябр

Москва - Душанбе (се парвоз).

Санкт-Петербург - Душанбе.

Уфа - Душанбе.

Екатеринбург - Душанбе.

2209
Машина милиции в Таджикистане, архивное фото

Фирори подполковник баъди латукӯби майор: тафсилоти парванда алайҳи 2 мақомдор

204
(Таҷдидшуда 18:23 25.09.2020)
Нисбати Даврон Юнусзода, ваколатдори калони фаврии шуъбаи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири назди РВКД ва подполковник Раҳмонзода Муҳаммадалӣ, сардори шуъбаи мазкур, барои шиканҷа ва озори як шахси низомӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст

ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Бино ба иттилои дарёфтӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тафтишоти муқаддамотии ин қазия собит намудааст, ки ба ин ҷинояти нангин подполковники милитсия Раҳмонзода Муҳаммадалӣ Раҳмон, сардори шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Суғд низ даст доштааст.

Агентии коррупсия фасодзадатарин ниҳодҳоро дар Тоҷикистон эълон кард

Манбаъ тавзеҳ дод, ки ин ҳодиса оғози ҳафтаи равон рух дода ва ҳоло подполковник Раҳмонзода аз тафтишот пинҳон шуда, фирор намудааст.

"Ҳоло кофтукови фаврӣ-ҷустуҷӯӣ нисбати Раҳмонзода Муҳаммадалӣ ва дигар ҳаммаслакони ӯ, ки дар содир намудани ҷинояти шиканҷадиҳӣ ҳамроҳ мебошанд, идома дорад", -  гуфтанд манобеи Sputnik Тоҷикистон.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Юнусзода ва Раҳмонзода бо маслиҳати пешакӣ, як командири қисми низомии мустақар дар ноҳияи Масчоҳ, дорои рутбаи майор бударо, ба утоқи кории худ воқеъ дар шаҳри Хуҷанд даъват намуда, ӯро шадидан латукӯб кардаанд.

Дар бораи бадрафторӣ ва мавриди шиканҷа қарор гирифтани шаҳрвандон аз ҷониби кормандони мақомоти низомӣ то ин дам хабарҳо зиёд нашр мешуданд.

Зимнан, оиди ин ҳодиса прокуратураи шаҳри Хуҷанд нисбати Юнусзода Даврон ва Раҳмонзода Муҳаммадалӣ, масъулони шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Суғд бо аломатҳои моддаи 316 қисми 3 ва ва 358 и Кодекси ҷиноӣ парванда боз намуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

204
Барчаспҳо:
парванда, латукӯб, Суғд
Пустое кресло

Тағйироти кадрӣ дар дастгоҳи раиси Бадахшон: Улфатшоев вазифаи нав гирифт

242
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Файзов Ёдгор дар ҳайати дастгоҳаш тағйироти кадрӣ гузаронд

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Бо қарори Файзов Ёдгор раиси ВМКБ, Улфатшоев Ҷангибек Мирзоевич аз вазифаи ишғолкардаи худ канор рафт.

Номбурда дар асоси қарори раиси вилоят, аз вазифаи сармутахассиси бахши иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси ВМКБ озод гардид.

Раҳмон гуфт, на ҳамеша аз рӯи ахбори пешниҳодшуда ба ӯ кор мекунад-видео

Бар хабари котиботи раиси ин вилоят, Улфатшоев Ҷангибек дар асоси қарори раис ба мансаби муовини сардори Раëсати маориф таъйин карда шуд.

"Дар мақоми нав, Улфатшоев аз санаи 25 - уми сентябр ба ифои вазифа шурӯъ мекунад", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, Улфатшоев Ҷангибек давоми 9 сол дар дастгоҳи раиси вилоят ба вазифаҳои гуногун фаъолият намуда, аз соли 2007 узви Иттифоқи журналистон ва аз соли 2017 узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

242
Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, ВМКБ