Занозании ронандаҳову мусофирон дар мобайни роҳ: боздошт ва ҳабс шуданд - навор

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевСотрудники милиции на посту в Душанбе
Сотрудники милиции на посту в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти чаҳор ҷавон хабар медиҳад, ки дар роҳи мошингарди кӯчаи Маяковский дағалона тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуданд

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Кормандони РВУД дар шаҳри Душанбе дар асоси наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезад, чаҳор нафар ҷавонмард - қаҳрамонони ин наворро боздошт намуданд.

Бар хабари котиботи Раёсати умури дохилӣ дар пойтахт, навори мазкурро як нафар шоҳиди бевоситаи занозании ҷавонон дар мобайни роҳи мошингард, сабт намудааст.

Арест женщин за хулиганство - Sputnik Тоҷикистон
Нимашаб маст аз тарабхона баромаданд: ҳабс ва ҷаримаи 4 духтар барои дашному занозанӣ

Ҳодисаи мазкур санаи 5 - уми сентябр, дар чорроҳаи кӯчаҳои Маяковский ва С. Шерозии ноҳияи Сино рух додааст.

Манбаъ меафзояд, Нуров Муҳаммади 32 - сола ва Мадибоев Толибҷони 36 - сола дар чорроҳаи кӯчаҳои мазкур қавонини ҳаракат дар роҳро вайрон намуданд, ки ин амали онҳо боиси нигаронии мусофирони автомашинаи дигар гардид.

Маросими арӯсӣ ба занозанӣ ва хунрезӣ анҷомид - навор

Дар натиҷа, Миров Сафаралӣ ва Миров Эмомалӣ, ки зоҳиран хешу табор мебошанд, барои рух додани ҳолати садамавӣ бо ронандагони қонуншикан вориди муноқиша шуданд.

Ҷонибҳо дар мобайни роҳи автомобилгард ҳамдигарро шадидан латукӯб ва дашном дода, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуданд.

РВУД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати дастгиршудагон Нуров Муҳаммад, Мадибоев Толибҷон, Миров Сафаралӣ ва Миров Эмомалӣ бо моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Фълан ҳар чаҳор боздоштшуда дар маҳкамаи нигаҳдории муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0