Вход в интернет, архивное фото

Блокаути 16 сентябр: чаро интернет дар Тоҷикистон қатъ шуд?

1363
(Таҷдидшуда 19:04 17.09.2020)
Ширкатҳои мобилӣ хабар надоранд. Мақомот мегӯянд, “корҳои профилактикӣ” анҷом шуданд. Дар асл чӣ иттифоқ афтод?

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Як манбаъ дар ниҳодҳои ҳукуматии Тоҷикистон гуфт, далели қатъ шудани интернет дар кишвар ба гузаронидани “корҳои техникӣ” дар Маркази ягонаи коммуникатсионии алоқаи барқӣ ва “Тоҷиктелеком” бастагӣ дорад.

“Сабаб сирф техникӣ буда, аз соати 6.50 то 9.00 – и бегоҳи рӯзи 16 сентябр тибқи нақша корҳои профилактикӣ гузаронида шуданд. Ҳадафи ин корҳо беҳтар кардани кори низоми мавҷуд буд”, - гуфт ин манбаъ.

Бегоҳи 16 сентябр ба як бор дар саросари Тоҷикистон дастрасӣ ба интернет қатъ ё масдуд шуд, ки як падидаи комилан ҷадид буд ва эътирозу нигарониҳои муштариёнро ба бор овард.

Бино ба вокунишҳое, ки пас аз бозгашти интернет дар шабакаҳои иҷтимоӣ рехтанд, бархе беш як соат ва бархеи дигар то ним соат аз хадамоти интернетӣ маҳрум шудаанд.

Иддае ҳам дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ин миён суръати интернеташон хеле поин омада, аммо қатъ нашудааст. Ҳар чор ширкати мобилӣ (Тисел, Вавилон, Мегафон, Z-mobile) ва ҳам ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар масдуд шудани интернет ҳеҷ нақше надоранд, зеро танҳо Маркази ягонаи коммуникатсионӣ ва “Тоҷиктелеком” ҳамчунин имкон ва имтиёзро доранд.

 Дар ҳамин ҳол, расонаҳои хориҷӣ хабар доданд, ки қатъи интернет ҳангоми суханронии онлайнии яке аз раҳбарони ҳизби мамнуъи мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон иттифоқ афтодааст. Аммо ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон гуфт, масдуд шудани интернет ба ин сухаронӣ рабте надошт.

 “Ин як кори беҳудае мебуд, зеро мухолифин метавонанд он сабтро бозпахш кунанд. Аз ин хотир, ҳеҷ кас ба чунин иқдоми бесуд даст намезанад”, - гуфт ӯ.

Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ) танҳо кишварест, ки Маркази ягонаи коммуникатсионии алоқаи барқӣ таъсис дода, воридоту содироти интернет дар кишварро аз як даст назорат мекунад.

Қарори таъсиси Маркази ягонаи коммуникатсионии алоқаи барқӣ аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон 30 декабри соли 2015 содир намуд.

Бино ба он, тамоми трафики воридотию содиротии хизматрасониҳои байналмилалии алоқаи барқӣ ва интернет тавассути ин маркази тобеъи оператори давлатии “Тоҷиктелеком”-и Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон бояд ба роҳ монда шавад.

Оё вируси корона ба суръати интернет таъсир гузошт?

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ин тарҳро то охири соли 2016 ба охир расонд.

Дар ҳамин ҳол, “блокаут” ё қатъи саросарии интернет, ки бегоҳи 16 сентябр иттифоқ афтод, дар таърихи алоқаи барқии кишвар бори аввал таҷриба шуд.

1363
Барчаспҳо:
қатъ, мушкил, ширкатҳои мобилӣ, интернет, Тоҷикистон
Глава Комитета по архитектуре и строительству Джамшед Ахмадзода

Иншоотро бе иҷозати давлат месозанд: пули ҷаримаро дода, боз корро идома медиҳанд

92
(Таҷдидшуда 19:50 31.10.2020)
Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон, тағйироти ахир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҷумҳуриро шарҳ дод, ки ҷазо барои нақзи қоидаҳои шаҳрсозиро пурзӯр кард

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik.  Аҳмадзода зимни ҷаласаи ахири парлумон гуфт, санҷишҳо дар соли сипаригашта дар бинову иншооти сохташавандаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нишон доданд, ки дар 198 бинову иншоот аз ҷониби баъзе аз субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя карда нашудаанд.

Раиси Кумитаи меъморӣ зикр кард, ки соли гузашт а 19 иншоот бе қарори раисони шаҳру ноҳияҳо ва дар нуҳ моҳи соли 2020 – 15 иншоот сохта шудаанд.

“Инчунин  13 иншоот бе лоиҳаи корӣ (дар нуҳ моҳи соли 2020 – 12 иншоот), 67 иншоот бе хулосаи мусбати экпертизаи давлатӣ (дар нуҳ моҳи соли 2020 – 43 иншоот) ва 99 иншоот бе иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ бунёд шуда истодаанд”, - навиштааст нашрияи “Садои мардум” аз қавли Аҳмадзода.

Раиси Кумитаи меъморӣ афзуд, гарчанде сохтмони иншооти бе лоиҳаи корӣ ва  бе дастрасии хулосаи мусбати экспертизаи давлатӣ сохташудаистода манъ, нисбат ба шахсони ҳуқуқвайронкунанда мутобиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ чораҷӯӣ шуда бошад ҳам, аммо корҳои сохтмонӣ идома дода мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
“Мутобиқи моддаи 409 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои риоя накардани қоидаҳои фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима муқаррар гардидааст, ки андозаҳои зикршуда барои амалӣ намудани сохтмонҳои ғайриқонунӣ ва ё худдорӣ кардан аз он таъсирбахш набуда, фармоишгарон ва ё пудратчиён бе ягон душворӣ онро пардохт намуда, фаъолиятро идома дода истодаанд”, - таъкид кард Аҳмадзода.

Ӯ афзуд, бар асоси тағйироти ҷадид барои қонунвайронкуниҳо ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти меъморӣ ва сохтмонӣ андозаи ҷаримаҳои маъмурӣ зиёд карда мешаванд.

“Мақсад аз зиёд намудани андозаи ҷаримаҳои маъмурӣ пешгирӣ кардани сохтмонҳои ғайриқонунӣ, риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии шаҳрсозӣ ва дар асоси ҳуҷҷатҳои лоиҳавии тасдиқгардида амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад”, - тавзеҳ дод раиси Кумитаи меъморӣ.

Дар пайи муаррифӣ Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҷумҳуриро қабул намуд.

92
Барчаспҳо:
лоиҳаи меъморӣ, сохтмон, Тоҷикистон

Аз 11 ҳазор гузашт: омори нави сироят, фавт ва шифоёбӣ аз COVID - 19 дар Тоҷикистон

177
(Таҷдидшуда 19:42 31.10.2020)
Аз оғози ҳамагирии коронавируси навъи COVID - 19 то кунун дар Тоҷикистон 11017 нафар мубталои ин вабои аср шудааст

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар шабонарӯзи охир дар кишвар 40 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин маризӣ дар Тоҷикистон ба 11017 нафар баробар гардид.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, дар як шабонарӯзи охир 51 нафар пас аз табобат ба хонҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10233 (92,8%)  баробар гардид.

Олимон нишонаи нави коронавирусро муайян карданд

Вазорат мегӯяд, хушбахтона дар давоми шабонарӯзи гузашта аз COVID - 19 касе ҷон набохтааст ва шумораи умумии қурбониёни ин вабои аср 82 нафарро ташкил медиҳад.

Манбаъ афзудааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Ин ниҳод аз сокинони кишвар даъват карда, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

177
Барчаспҳо:
вируси корона, гирифторони беморӣ, омор, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон

Путин пешниҳоди Лукашенкоро барои тағйири Конститутсия шарҳ дод-видео

0
(Таҷдидшуда 20:49 31.10.2020)
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, пешниҳоди Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорусро барои тағйири Конститутсияи кишвар шарҳ дод

Путин пешниҳоди Лукашенко барои вуруди тағйирот ба Конститутсияи Белорусияро қадам ба истиқболи мухолифини сиёсияш хонд.

“Ин қадам сӯи мухолифини сиёсӣ мебошад”, - изҳор дошт Путин зимни тавзеҳи иқдоми Лукашенко барои тағйири Сарқонун. Ӯ ин нуктаро зимни суханронӣ дар анҷумани сармоягузорӣ, ки ВТБ Капитал зери унвони "Россия зовет!" дар Маскав ташкил карда буд, изҳор дошт.

Ба гуфтаи раисиҷумҳури Русия, дуруст мебуд, агар нерӯҳои сиёсии Белорус ба ин раванд шомил мешуданду дар муътадил сохтани вазъ ширкат мекарданд. Ӯ таъкид намуд, ки ба ин восита метавонанд ба тасмимҳое, ки қабул карда мешаванд, таъсир расонанд.

Раисиҷумҳури Русия ин тарзи амалро беҳтар аз муттаҳамсозии Лукашенко дар ҳилагарӣ хонд.

Ин дар ҳолест, ки вазъ дар Белорус баъди интихоботи президентии 9 август шиддат ёфт.

Тибқи иттилои расмии Комиссияи марказии интихобот Лукашенко пирӯз шуд, аммо мухолифон бо ин натиҷа норозӣ буда, даст ба тазоҳурот заданд.

0
Барчаспҳо:
Конститутсия, Белорус, Русия