Пограничный пункт, архивное фото

Сесад муҳоҷири дигари тоҷик аз Қазоқистон баргардонида шуданд

72
Як гурӯҳи дигари муҳоҷирони тоҷик, ки дар гузаргоҳи марзии Жибек Жоли дармонда буданд, 17-уми сентябр, баргаштанд

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Тоҷикистон 300 шаҳрванди дигарашро аз Қазоқистон баргардонид, хабар медиҳад Созмони ҷаҳонии муҳоҷирот дар Тоҷикистон.

Манбаъ менависад, Тоҷикистон ба бозгашти наздик ба 300 шаҳрвандаш, ки дар марзи Қазоқистон бо Ӯзбекистон дармонда буданд, мусоидат намуданд. 

"Як гурӯҳи дигари муҳоҷирони тоҷик, ки дар гузаргоҳи марзии Жибек-Жоли дармонда буданд, 17-уми сентябр, баргаштанд. Ин ибтикорро Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон ҳамоҳанг намуд ва онро намояндагиҳои СБМ дар ҳар се ҷумҳурӣ созмон доданд", - менависад манбаъ.

Бозгашти муҳоҷирон бо ёрии молии Подшоҳии Норвегия сурат гирифтааст.

Ӯзбекистон парвозҳои мунтазамро бо Қазоқистон сар кард

Аз оғози маҳдудиятҳои марбут ба бемории фарогир, Созмони байналмилалии муҳоҷират ба бозгашти наздик ба 2500 шаҳрванди Тоҷикистон аз Қазоқистон тавассути Ӯзбекистон ба ватан мусоидат кардааст.

Дар ин миён, занону кӯдакон, муҳоҷирони корӣ ва донишҷӯён низ ҳастанд, ки дар марзи Қазоқистон бо Ӯзбекистон бо умеди идомаи роҳ ба Тоҷикистон ҷамъ омада буданд.

72
Президент Франции Эммануэль Макрон и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Эммануэл Макрон ба Эмомалӣ Раҳмон: "аз шумо хотироти нек дорам"

125
(Таҷдидшуда 20:53 30.10.2020)
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон раисиҷумҳури Тоҷикистонро бо аз нав интихоб гардидан ба маснади сарвари давлат муборакбод гуфт

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ ирсол кардааст, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Дар нома ин сиёсатмадор аз сафари охирини раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Фаронса ёдоварӣ кардааст.

"Ман аз музокироти дар рафти сафари Шумо ба Порис, ки моҳи ноябри соли гузашта баргузор шуда буд, хотироти нек дорам. Тавре ки он вақт таъкид карда будам, ман алоқаманди таъмиқи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус муносибатҳои мо дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика ва авиатсия, ки имкониятҳои ҷолиби диққати ширкатҳои ду кишвари моро доранд, ҳастам".

Макрон ҳамчунин талошҳои Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таъмини суботи минтақа ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ таъкид кардааст

Дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсатмадорони воломақоми Урупо

"Дар баробари ин, ман аз идомаи муколамаи мову шумо доир ба ташаккули таркибии сиғаи минтақавии "5+1", ки Шумо ба он рағбат пайдо карда будед ва аз нигоҳи ман роҳи умедбахши таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи мо бо кишвари Шумо ва ҳамсояҳоятон дар Осиёи Марказӣ мебошад, хушҳол хоҳам буд", мегӯяд Макрон.

125
Барчаспҳо:
номаи шодбошӣ, Тоҷикистон, Фаронса, Эммануэл Макрон, Раҳмон
Амнистия заключенных в Согдийской области

Эълони авф дар Тоҷикистон: Раҳмон чанд маҳбусро бахшид?

1149
(Таҷдидшуда 20:40 30.10.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз пас аз маросими савгандёдкунӣ авф эълон карда, беш аз 300 нафарро аз зиндон озод кард

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати савгандёдкунӣ авф эълон карда, 378 маҳбусро бахшид.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, тасмими авфи зиндониён имрӯз бо фармони Президенти кишвар сурат гирифтааст.

Озодӣ бе порадиҳӣ: таъкиди Президент ба пешгирии фасод ҳангоми афв

Гуфта мешавад,  фармони раисиҷумҳур "Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд" дар асоси принсипҳои инсондӯстона, меҳру шафқат, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон сурат гирифта, бар асоси он 378 нафар маҳкумшударо бахшида, онҳоро аз адои минбаъдаи ҷазо озод намуд.

Ёдрас мешавем, ки бори охир президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2019 қонуни авфро имзо карда буд.

Он замон 20 ҳазор зиндонӣ бахшида шуда буданд.

1149
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, Эмомалӣ Раҳмон, авф, Тоҷикистон