Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Президенти мо: Эмомалӣ Раҳмонро фаъолони маркази ӯзбекони Суғд дастгирӣ карданд

785
(Таҷдидшуда 19:53 18.09.2020)
Аъзои ташкилоти ҷамъиятии “Маркази маънавиёт ва маърифати ӯзбекон”-и вилояти Суғд номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти ҶТ дастгирӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд ахиран дар толори китобхонаи ба номи “Тошхӯҷа Асирӣ”-и шаҳри Хуҷанд аъзои ташкилоти ҷамъиятии “Маркази маънавиёт ва маърифати ӯзбекон”-и вилояти Суғд бахшида ба муҳимтарин маъракаи сиёсии сол – интихоботи президентӣ, ​ дастгирии номзадии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури феълӣ  анҷуман доир намуданд.

Гуфта шудааст, ки дар чорабинии мазкур зиёда аз 100 нафар адибон, рӯзноманигорон ва намояндагони дигар ҷамъиятҳо иштирок карданд.

Тибқи иттилои манбаъ, иштироккунандагон, аз ҷумла Илҳом Юсупов, раиси маркази “Маркази маънавиёт ва маърифати ​ ӯзбекон”-и вилояти Суғд, узви Ҷамъияти дӯстӣ Нодирҷон Солиҷонов, шоир ва рӯзноманигор Султонмурод Ҳоҷибоев, фаъолони марказ Ҷамшед Пиримов, Олимҷон Ҷоробоев ва дигарон дар мавзӯъҳои пешбарӣ гардидани номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба интихоботи президентӣ ва дастгирии фаъолони маркази ӯзбекон, оиди интихобот, оид ба мушкилиҳои даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва хизматҳои раисҷумҳури феълӣ дар таъмини сулҳу субот дар кишвар, қатлу куштори зиёиён аз ҷониби аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва хиёнатҳои онҳо ва ғайра  суханронӣ намуданд.

Мутобиқи қарори муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2020 интихобот дар Тоҷикистон 11 октябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

785
Барчаспҳо:
президентӣ, интихобот, мансаб, Эмомалӣ Раҳмон, Суғд, Тоҷикистон

Баёнхати тӯйдорон, манъи аксгирӣ ва иҷозаи 4 кас дар ЗАГС : қоидаҳои нави тӯй дар Хуҷанд

120
(Таҷдидшуда 16:40 20.10.2020)
Масъулони ҳукумати шаҳри Хуҷанд зимни баргузории як ҷаласа иттилоъ додаанд, ки 45 % - и гирифторони коронавирус ҳангоми иштирок дар туйю маъракаҳо сироят шудаанд

ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Ба ин далел Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд дар ҷаласа аз масъулини сохторҳои ҳукумат тақозо намуд, ки ба хотири коҳиш ёфтани вазъи бемории COVID-19, баргузории маърака ва туйҳои арӯсию домодиро бештар ба назорат гиранд ва муқарраротҳои нав ҷорӣ намоянд.

"Гурӯҳҳои корӣ бинед, агар мардум тартибро риоя накунанд, маҷбур мешавем баргузории туйю маъракаҳоро манъ кунем. Дар вақти иҷозат додан ҳатман аз соҳибони туй баёнхат барои вайрон накардани танзими иштирокчиёни маъракаро гиред. Баъзеҳо бо 200 - 300 сомонӣ ҷарима халос мешавам гуфта, танзим дар замони пандемияро риоя намекунанд. Агар чунин рафтор кунанд, минбаъд ҷаримаро сахтар мекунем", - гуфт Муҳаммадзода.

Дар ҷаласае, ки дирӯз фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд давоми нуҳ моҳи соли равон натиҷагирӣ мешуд, масъулин бештар сари мавзӯъи хуруҷи бемории ҳамагири COVID-19 тамаркуз карданд.

Дар ҷараёни иҷлосия аз ҷониби масъулини ҳукумат иттилоъ дода шуд, ки 45 % - и гирифторони коронавирус дар Хуҷанд, аз ҳисоби иштирок дар туйю маъракаҳо сироят ёфтаанд ва 28 % - и манбаъи беморон, аҳли хонаводаи онҳо маҳсуб мешаванд.

Масъулони ҳукумати Хуҷанд теъдоди гирифторони бемории "вируси карона" -  ро шарҳ дода, гуфтанд, ки аз оғози сабти пандемияи каронавирус то имрӯз дар шаҳри Хуҷанд, 4 ҳазору 650 мавриди сирояти беморӣ ба қайд гирифта шудааст, аз ин шумор 3114 нафар дар ду беморхонаи Суғд ва таваллудхонаи Хуҷанд табобат гирифта, ҳамзамон 1536 нафар дар зери муоинаи амбулатории духтурон қарор доштанд.

Бино ба иттилоъи Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд, ҳоло 128 нафар бо сирояти илтиҳоби шадиди шуш дар беморхонаҳо, 64 нафар бо ҳамин гуна ташхиси беморӣ дар табобати амбулаторӣ ва 35 нафар бо аломати COVID-19 зери назорати амбулаторӣ қарор доранд.

Раиси шаҳри Хуҷанд ба масъулин дастур додааст, ки минбаъд дар вақти иҷозат додани баргузории маърака, аз соҳибони туй баёнхати риояи танзим гирифта, аксгирӣ ва оростани маросим дар паси толори САҲШ манъ карда шуда, маросими "ЗАГС" танҳо бо ширкати чор нафар иҷозат дода шавад.

Ситоди пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID – 19 баъд аз як моҳу бист рӯзи мутавақиф гузоштани маъракаҳои мардумӣ, рӯзи 20-уми июн бо муқаррароти нав аз қабили риояи бастани ниқоб барои ҳамаи иштирокчиён ва танҳо баргузор намудани як маърака дар як рӯз ва он ҳам боширкати аз 40 то 100 нафар, дар маҳалла ва тарабхона ба баргузории туйҳои арӯсию домодӣ иҷоза дод.

Маъруф Муҳаммадзода ҳамчунин вазифагузорӣ намуд, ки фаъолияти марказҳои дилхушии шабона, бозорҳои шабона ва марказҳои савдое, ки қоидаҳои беҳдошт дар онҳо риоя намешавад, боз дошта шавад.

120
Барчаспҳо:
аксгирӣ, тӯй, Хуҷанд
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Офис в здании МИА Россия сегодня в Москве.

Тоҷикистон мехоҳад дуркориро қонунӣ кунад

113
(Таҷдидшуда 16:03 20.10.2020)
Вакилони Маҷлиси намояндагон масъалаи қонунӣ намудани кори фосилавӣ дар ҷумҳуриро баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар ҷаласаи рӯзи 19 - уми октябр вакилони парлумон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" - ро мавриди баррасӣ қарор доданд, хабар медиҳад котиботи Маҷлиси намояндагони МО Тоҷикистон. 

Дар ҷаласа қарор қабул гардид, ки бар асоси он ба як қатор қонунҳо тағйирот ворид гардид.  Аз ҷумла ҷорӣ намудани мафҳуми "кори фосилавӣ" мебошад.

Вобаста ба тағйироти пешниҳодгардида ба моддаи 1 қонуни амалкунанда сархатҳои якум, ҳаштум ва дувоздаҳум, ки фарогири мафҳумҳо оид ба "бекорӣ", "кори мувофиқ" ва "мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ" мебошанд, дар таҳрири нав  баён карда шуда, ҳамзамон сархати нуҳум бо мазмуни "кори фосилавӣ" илова карда шудааст. Ин чунин маъно дорад, ки дар оянда фаъолияти меҳнатии онҳоро Кодекси меҳнати Тоҷикистон муайян мекунад.

Вазъи шадиди COVID - 19 дар Русия: 16 ҳазор мариз ва фавти 179 кас дар як рӯз

Зимнан, дар шаҳри Маскав бар тибқи қарори Сергей Собянин низоми дуркориро тамдид карда шуд.

"Аз 28 сентябр ба сокинони солхӯрдаи шаҳри Маскав ва ашхоси гирифтори бемориҳои музмин хонашинӣ ва ба раҳбарияти ташкилоту корхонаҳо ба низоми дуркорӣ гузаронидани коргарон, тавсия дода мешавад", - таъкид мешуд дар қарори Собянин

Ба гуфти раиси шаҳр, барои баромадан аз хона ягон намуди ҷарима ҷорӣ намешавад. Кортҳои нақлиётии одамони солхӯрда дар нақлиёти ҷамъиятӣ бекор нашуда, варзиши оммавӣ низ иҷоза дода мешавад.

113
Барчаспҳо:
кор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон