Продукты питания, архивное фото

Гӯшт, шир ва тухм арзон мешавад? дар Суғд истеҳсолот афзоиш ёфт

315
(Таҷдидшуда 18:03 20.09.2020)
Дар вилоят ҳаҷми умумии истеҳсоли шир 174827,8 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба 1 сентябри соли 2019 0,7 фоиз зиёд гардидааст

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Истеҳсоли гӯшт, шир ва тухм дар хоҷагиҳои чорводориву парандапарварии Суғд афзоиш ёфтааст, гузориш медиҳад "Ховар".

 Ба ҳолати 1 сентябри соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагиҳои вилояти Суғд 29208,1 тоннаро ташкил намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,8 фоиз зиёд аст.

Истеҳсоли гӯшт дар ин давра дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Гулистон 10,4 баробар, Б.Ғафуров 1,6 баробар, Хуҷанд 8,9 фоиз, Зафаробод 15,8 фоиз, Истаравшан 11,4 фоиз ва Деваштич 7,4 фоиз зиёд гардидааст.

манбаъ меафзояд, ҳамзамон дар вилоят ҳаҷми умумии истеҳсоли шир 174827,8 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба 1 сентябри соли 2019 0,7 фоиз зиёд гардидааст.

Таносуби шири истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар ҳаҷми умумӣ 92,4 фоизро ташкил менамояд.

Оғози ҷамъоварии картошка дар Тоҷикобод: 1 кило 2,8 сомонӣ дар сари замин

Инчунин истеҳсоли тухм низ дар ин давра ба миқдори 380057,2 ҳазор дона ё 1,5 баробар зиёд гардида, нақшаи истеҳсол дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Зафаробод 2,5 баробар, Гулистон–2,1 баробар, Конибодом–1,9 баробар, Мастчоҳ–1,8 баробар, Б.Ғафуров-1,6 баробар зиёд иҷро гардидааст.

 

Дар ин давра дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 7106 сар гӯсола гирифта шудааст, ки ба 103,3 фоиз баробар аст. Афзоиш бештар дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, Б. Ғафуров,  Айнӣ, Деваштич, Зафаробод ва Истаравшан дида мешавад.

Ҳамзамон ба ҳолати 1 сентябри соли 2020 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят 85 458 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳи сентябри соли гузашта 4,1 фоиз афзудааст.

Нишондиҳандаҳо дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои  Исфара,  Мастчоҳ, Конибодом, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Зафаробод зиёд мебошанд.

315
Выборы президента в Таджикистане

Як қадам пеш: намояндаи ТУТ дар Тоҷикистон чораҳои мубориза бо COVID-19-ро арзёбӣ кард

6
(Таҷдидшуда 09:34 25.10.2020)
Чӣ гуна чораҳои маҳдудкунанда дар мубориза бо пандемияи коронавирус кӯмак мекунанд, шарҳ дод, роҳбари дафтари ТУТ дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Таҷриба ва дониш дар бораи COVID-19 ба андешидани чораҳои оптималӣ дар мубориза бо коронавирус мусоидат мекунад, гуфт намояндаи ТУТ дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева дар муколама бо Sputnik Тоҷикистон.

“Тадбирҳое, ки аллакай амалӣ мешаванд ё ҳоло пешниҳод карда мешаванд, аксуламал ба вазъи кунунӣ мебошанд ва барои пешгирии бадшавии эҳтимолӣ пешбинӣ шудаанд. Ин чораҳо барои наҷоти ҷони инсон аз COVID-19 ва дар баробари ин пешгирии хатари марбут ба бемориҳои дигар ва таназзули иқтисодӣ заруранд ", - гуфт намояндаи ТУТ.

Карриева қайд кард, ки маҳдудиятҳо дар кишварҳои аврупоӣ шадидтар мешаванд ва ин ба афзоиши бемории коронавирус марбут аст.

“Тадбирҳои солимии ҷамъиятӣ ва иҷтимоӣ ҳамчун як гӯшаи маҳдудият боқӣ мемонанд: онҳо бояд мунтазам амалӣ карда шаванд, бо диққати махсус ба густариши пайгирии тамос.

Ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо бояд барои чораҳои пешгирӣ ба пуррагӣ ширкат варзанд - муносибати тамоми ҳукумат ва тамоми ҷомеа калидӣ аст. Мо бояд як қадам пеш бошем ",-илова кард Карриева.

Намояндаи ТУТ хулоса кард, ки кишварҳо ҳанӯз ҳам бояд барои шикастани занҷирҳои интиқол ва наҷоти ҳарчи бештари одамон чораҳо андешанд: дарёфти гирифторон, таҳқиқоти кластерӣ, ҷудокунӣ ва нигоҳубини ҳама сироятшудагон, қатъи тамос, дастгирӣ ва муҳофизати кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи осебпазиртарин қишр.

Карриева: СУТ аз афзоиши бемории COVID-19 Тоҷикистон ҳушдор медиҳад

Карриева изҳори умедворӣ кард, ки дар ояндаи наздик чораҳои мубориза бо паҳншавии коронавирус бо воситаҳои нави пешгирӣ ва табобат, аз ҷумла ваксинаҳо пурра карда мешаванд.

6
Барчаспҳо:
чораҳои ҷавобӣ, пешгирӣ аз бемориҳо, вируси корона, ТУТ, Тоҷикистон

Ҷашнҳои рӯзи 25 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

33
(Таҷдидшуда 19:10 24.10.2020)
Рӯзи 25 октябр рӯзи умумиҷаҳонии муборизаи занон ба хотири сулҳ буда, дар Федератсияи Русия чун рӯзи гумрукчиён таҷлил мешавад

Рӯзи 25 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1963 қисми аввали китоби "Таърихи халқи тоҷик", ки аз ҷониби Институти таърихи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон омода шуда буд, ба нашр расид.
Соли 1976 дар шаҳри Лондон аввалин Театри миллии шоҳӣ кушода шуд.

 

Разводной и висячий Тауэрский мост
© Sputnik / Кирилл Каллиников
Разводной и висячий Тауэрский мост

Соли 1990 аввалин барномаи телевизионии "Поле чудес"- и Влад Листев пахш гардид.

 

 

Тележурналист Влад Листьев, архивное фото
© Sputnik / Стрельников
Тележурналист Влад Листьев, архивное фото

 

Соли 2001 системаи Microsoft Windows XP ба истифода дода шуд.

Соли 2009 дар Бағдод калонтарин ҳамлаи террористӣ сурат гирифт, ки дар натиҷаи он 160 нафар ҳалок шуданд.

Рӯзи 25 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1933 дар шаҳри Душанбе аввалин фабрикаи дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз намуд.

 

Открытие швейных и обувных цехов на Государственном сельскохозяйственном предприятии Палос
Открытие швейных и обувных цехов на Государственном сельскохозяйственном предприятии "Палос"

 

Соли 1961 унвони "Шоири (нависандаи) халқии Тоҷикистон" таъсис ёфт.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қарор дошт. Ин сафар баъд аз 5 соли боздиди қаблии Сарвари давлати Тоҷикистон аз ин кишвар, ки моҳи апрели соли 2005 сурат гирифт,  дар муносиботи дўстона ва ҳамкории судманди ду кишвари дўсту ҳамсоя ва ҳамзабон саҳифаи нав боз намуд.

Соли 2012 Раҳмон зимни сафари расмии худ ба Хадамоти геологии Финландия ташриф оварда, бо таъриху таҷрибаи ғанӣ ва дастовардҳои илмию амалии он аз наздик шинос шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 22 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Минск-пойтахти Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 25 октябр

Рӯзи умумиҷаҳонии муборизаи занон ба хотири сулҳ.
Рӯзи гумрукчиён дар Федератсияи Русия.

Рӯзи 25 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1907 – шоири русзабон ва мутарҷими Тоҷикистон Василий Кириллов.

Соли 1910-1981 – академик Комил Тоҷиев.

Соли 1913-1989  – нависанда Ҳоҷӣ Содиқ. 

Соли 1940-2001 – дипломат Карим Юлдошев.

Соли 1941 – ҳунарпешаи театр Берди Мингбоев.

Соли 1951 – иқтисодчӣ Султонмурод Исмоилов.

Соли 1952 – нависанда Субхон Ёдгорӣ.

33
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон