Рустам Назарзода, архивное фото

Кӯмак дар мубориза бо КОВИД-19: сипоси генерал Назарзода ба намояндаи агентии Оқохон

327
(Таҷдидшуда 13:45 22.09.2020)
Оҷонсии Оқохон ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон барои мубориза бо коронавирус кӯмаки моддӣ, аз ҷумла таҷҳизоти тиббӣ расонидааст

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Бахши Оҷонсии Оқохон дар Тоҷикистон ба Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода кӯмаки моддӣ расонид, хабар медиҳад КҲФ Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ,  кӯмаки моддӣ иборат аз таҷҳизоти тиббӣ аз либосҳои  махсуси бисёркарата, мӯзаҳои резинӣ, айнакҳои муҳофизатӣ, ниқоб, сӯзандору, дастпӯш, дастгоҳҳои набзсанҷӣ, ҳароратсанҷҳои электронии фосилавӣ, антисептик ва воситаҳои уфунатзудоӣ  иборат мебошанд.

"Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат Рустам Назарзода дар маросими супоридани воситаҳои  тиббӣ ба сарвари Агентии Оқохон оид ба макони зист  Ҳадӣ Ҳусайнӣ  изҳори сипос карда, зикр намуд, ки кумаке, ки имрӯз дастрас шуд, ба пешгирӣ аз густариши COVID-19 дар Тоҷикистон равона шудааст", - менависад КҲФ Тоҷикистон.

Ҳадӣ Ҳусайнӣ иброз намуд, ки оҷонсӣ дар оянда низ аз талошҳои Тоҷикистон дар пешгирӣ аз густариши коронавируси   COVID-19 пуштибонӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки кумакҳои мазкур бо мақсади пешгирӣ аз густариши   COVID-19  пешбинӣ шуда,  барои табобати ҳайати шахсии Кумита дар сурати мубтало шудан ба бемории мазкур истифода мешаванд.

Илова бар ин Агентӣ як мошини тамғаи "Ниссан"-ро, ки мутааллиқ ба Кумитаи мазкур буд, пурра таъмир карда, ба ихтиёри ин ниҳод гузошт.

 

327
Мактаби деҳаи Равмеди водии Бартанги ноҳияи Рӯшон

Хушхабар: Хайрхоҳе мактаби куҳнаи деҳаи Равмеди Рӯшонро аз нав месозад-видео

33
(Таҷдидшуда 11:40 27.10.2020)
Мактаби куҳнаи деҳаи Равмеди ноҳияи Рӯшонро, ки қаблан навори ҳоли бади он мавриди шарҳборон дар интернет қарор гирифт, аз нав бунёд мешавад

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Музаффари Имомдод, фаъоли ҷамъиятӣ, ки навори ин мактабро дар интернет нашр кард гуфт, пас аз нашри навор як нафар тамос гирифтаву хостори бунёди мактаби нав дар ин макон шудааст.

Ӯ бидуни ифшои номи хайрхоҳе гуфтааст, пас аз нашри навор ӯ ба наздашон омадаву хостори бунёди мактаби нав шудааст.

Музаффари Имомдод, мегӯяд бо дарёфти чунин таклиф ба раҳбарияти ВМКБ пешниҳод кард, ки ӯ дар мариди худ онро хуш пазируфт ва ба масъулини минтақавӣ дастур дод, то ҳуҷҷатҳои заруриро фавран омода созанд.

Ба навиштаи ӯ ҳуҷҷатҳо дар ҳоли ҳозир пурра омода буда, корҳо аллакай оғоз шудаанд.

Номбурда таъкид кардааст, ки умедворам, таҷрибаи мо барои минтақаҳои дигари кишварамон дарси ибрат хоҳад шуд, ки дар он ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба манфиати мардуми худ ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем навори мактаби куҳнаи деҳаи Равмеди ноҳияи Рӯшонро Музаффари Имомдод, фаъоли ҷамъиятӣ, нашр кард, ки он ҷавобгӯи талаботҳои имрӯз нест.

Дар пайи нашри навор ҳукумати ВМКБ, посух дода, гуфта буд, маблағгузории чунин макотиб мушкил буда, хуб мешуд, ки мардум кумак кунанд.

Ҳукумат гуфт, азнавсозии мактабҳои калон дар навбати аввал қарор дошта, таъмири мактабҳои хурд вақт мехоҳад ва масъала мавриди омузиши ҳаматарафа қарор дорад.

33
Барчаспҳо:
мактаб, Рӯшон, ВМКБ, Тоҷикистон
Мигрант у здания УФМС в Калининграде

Шумораи бекорон дар Тоҷикистон муайян шуд

174
(Таҷдидшуда 10:55 27.10.2020)
Дар моҳи август, 7,4 ҳазор нафар барои дарёфти кор ба хадамоти шуғли аҳолии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, ки дар натиҷа, 6 ҳазори онҳо соҳиби кор шудаанд

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Сатҳи расмии бекорӣ дар Тоҷикистон 2,1% аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъолро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ.

Тибқи иттилои ин ниҳод, аз аввали моҳи сентябр шумораи бекорони расман ба қайд гирифташуда дар Тоҷикистон 50,8 ҳазор шаҳрвандонро ташкил дод. Дар айни замон, 49,2% бекорон занон будаанд.

Гуфта мешавад, ки дар моҳи август 7,4 ҳазор нафар ба хадамоти шуғли аҳолӣ оид ба масъалаи дарёфти кор муроҷиат кардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 1,6% зиёдтар шуд.

Таъкид шудааст, аз теъдоди муроҷиаткардагон  6 ҳазорашон кор пайдо карданд.

Агентии омор қайд кардааст, ки шумораи ҷойҳои холии холӣ дар корхонаҳои эълоншуда дар хадамоти шуғл дар аввали моҳи сентябр 2,1% афзуда, дар муқоиса бо соли 2019 ба 11 ҳазор ҷой расидааст.

Эълони расмии бемкорон дар ҳолест, ки ба андешаи коршиносон сатҳи бекорӣ дар кишвар махсусан дар соли равон даҳҳо маротиба афзудааст.

Аз бекорӣ то меҳнати солиму қарзҳои имтиёзнок: дар Суғд ҳуқуқи меҳнаткашон баррасӣ шуд

Зеро бо дарназардошти пандемия ва баста шудани марзҳо, ҳама қувваи корие, ки ба муҳоҷират мерафтанд, дар кишвар банд монданд

174