Рустам Эмомали на заседании народных депутатов Маджлиса в Душанбе

Муовинони Рустами Эмомалӣ ба вакилони халқи шаҳри Душанбе ҳисобот медиҳанд

421
Пагоҳ, 23 сентябр дар пойтахт Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар додааст дар Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои оид ба дастовардҳои шаҳр дар соли равон ҳисобот хоҳанд дод ва боз чандин масъалаи муҳими дигар баррасӣ хоҳад шуд.

Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки ба рӯзномаи иҷлосияи мазкур масъалаҳои зерин: гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №№23 ва 42, ҳисоботи муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳр ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020 – 2021 дар шаҳри Душанбе, дар бораи натиҷаҳои рушди соҳаи нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ва вазъи амалишавии низоми электронии роҳкиро дар ин соҳа, дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 2020, инчунин  тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид карда шудаанд.

Манбаъ зикр намудааст, ки тибқи супориши Раиси шаҳр барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ  таъсис дода шуда, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум то  21 сентябри соли 2020 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон гардишвохӯрӣ гузаронида, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум таклифҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

421
Барчаспҳо:
ҳисобот, муовинон, маҷлис, вакилон, Рустами Эмомалӣ, Душанбе, Тоҷикистон
Российской военно-транспортной авиации 89 лет

Субҳ аҳволашро беҳтар гуфтанд: даргузашти нобаҳангоми Маҳмуди Ашӯрмаҳмад аз "илтиҳоби шуш"

113
(Таҷдидшуда 15:57 24.10.2020)
Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад, рӯзноманигори собиқадор ва муовини сармуҳаррири рӯзномаи ҳукуматии “Садои Конибодом” дар синни 66-солагӣ дунёи фониро падруд гуфт

ДУШАНБЕ, 24 окт – Sputnik. Абдусаттор Содиқов, сармуҳаррири рӯзномаи “Садои Конибодом” дар тайиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ҳамкораш Ашӯрмуҳаммад дар Бемористони шаҳр аз бемории монанд ба “илтиҳоби шуш” табобат мегирифт, вале зуҳри имрӯз ҷон ба Ҳақ таслим намуд.

“Ду рӯз пеш аз интиқол ёфтанашон ба Бемористон хабар ёфта будем. Суҳбат мекардем. Саҳарӣ аз ҳамсарашон пурсида будам гуфтанд, ки хеле хуб шудаанд ва иштиҳояшон ҳам беҳтар шудааст. Ҳоло наздик ба вақти зуҳр мефаҳмем, ки бандагӣ кардаанд. Хабари даргузашти Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад бе ихтиёр барои мо риққатбор аст. Ба аҳли хонавода ва дӯстонашон ҳамдардии худро мерасонам”, - зикр намуд Содиқов.

Ҷаноза шоми имрӯз соати 17:00 дар манзили рӯзноманигор баргузор шуда, ӯро дар қабристони ҷамоати Ортиқов ба хок месупоранд.

Маҳмуд (Қулдошев) Ашӯрмуҳаммад, 20- уми сентябри соли 1954 дар деҳаи Диловари ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов дар шаҳри Конибодом таваллуд шудааст. Факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии педагоги (ҳозира Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) -ро хатм карда, аз соли 1972 фаъолияти меҳнатиашро дар коргоҳи ресандагӣ бофандагии шаҳри Конибодом шурӯъ намудааст.

Даргузашти Диловари Зуҳуриён, оҳангсози шинохта баъди тӯйаш-аксу видео

Солҳои 1982-1992 ӯ дар вазифаҳои ходими илмӣ, мудири шуъба ва муовини сармуҳарри рӯзномаи ҳизбии “Машъали комунизм” кор кардааст. Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад як муддат раиси бахши конибодомии Бунёди забони байналмиллалии забони форсии тоҷикиро бар уҳда доштааст.

Дар солҳои 1993 - 2000 мушовири созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар Суғд фаъолият намуда, солҳои 2000-2011 хабарнигори ҳафтавори мустақили “Суғд” дар шаҳри Конибодом буд. Соли 2011 ба рӯзномаи ҳукуматии “Садои Конибодом” пайваст.

Дар оғоз котиби масъул буд, ва нафаси охири муовини сармуҳарри ин рӯзномаро бар уҳда дошт. Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад аз рӯзноманигорони сермаҳсуле шинохта мешавад, ки дар инъикоси масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа нақши басо назаррасе доштааст.

Ӯ ҳамчунин дар нашри чанд китоб аз ҷумла силсилаочеркҳои “Ҳаёти одамони наҷиб” ва “Дар кӯи некномӣ” саҳм гузоштааст. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, дорандаи унвони Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва барандаи ҷоизаи журналистии ба номи Ҳоҷи Содиқ мебошад.

Қарор аст, имрӯз соати 17 и бегоҳ ҷанозаи Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад дар зодгоҳаш дар деҳаи Диловарони шаҳри Конибодом баргузор гардад. Ин дуюмин мавриди даргузашти рӯзноманигорон аз бемории “илтиҳоби шуш” гуфта мешавад, ки талафоти он ҷуброннопазир аст.

Рӯзи 13 октябр Мавлуда Рофиева, хабарнигори Ожонси иттилоотии Asia - Plus ва роҳбари дафтари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар синни 57 - солагӣ аз олам даргузашт.

113
Визит Министра промышленности и новых технологий Республики Таджикистан на предприятия угольной промышленности Айнинского района Согдийской области

Тоҷикистон дар 9 моҳ 1,5 миллион ангишт истихроҷ кард

13
(Таҷдидшуда 14:18 24.10.2020)
12 ширкати дохилӣ дар ин кишвар ба истихроҷи ангиштсанг машғуланд ва 200 корхона аз ангиштсанг барои тавлиди маҳсулот истифода мекунанд

ДУШАНБЕ, 24 октябр - Sputnik. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кард, ки якуним миллион ангиштсанг дар 9 моҳи гузашта аз маъданҳои ин кишвар истихроҷ шудааст.

Ба гузориши сомонаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзиши ин мизон ангиштсанги истихроҷ шуда 285 миллиону 700 ҳазор сомонӣ эълом шудааст

Дар соли 2019 дар Тоҷикистон истихроҷи ангиштсанг ба 2 миллион тон расид.

12 ширкати дохилӣ дар ин кишвар ба истихроҷи ангиштсанг машғуланд ва 200 корхона аз ангиштсанг барои тавлиди маҳсулот истифода мекунанд.

Дар Тоҷикистон дар соли 1991, яъне замони истиқлолияти ин кишвар 313 ҳазор тонн ангишт истихроҷ шудааст, ки анкунун ин мизон беш аз шаш баробар афзоиш ёфтааст.

Дар Тоҷикистон аз захоири маъданҳои "Фон-Яғноб", "Шӯроб" дар вилояти Суғд, "Назарайлоқ" дар водии Рашт, "Зидди" дар шимоли шаҳри Душанбе ва "Сайёд" дар дараи Ромит ангишт истихроҷ мешавад.

Захоири шуносоӣ шуда дар 21 маъдани ангишти Тоҷикистон беш аз 3 миллиард тонн эълом шудааст.

13