Ввод в эксплуатацию Сарбандской ГЭС в Леваканте

Раҳмон ду агрегати нерӯгоҳи "Сарбанд"-ро ифтитоҳ кард

408
(Таҷдидшуда 18:20 22.09.2020)
Сохтмони неругоҳи мазкур соли 1956 оғоз гардида, аввалин агрегати он соли 1962 ба кор дароварда шудааст. Бинобар сабаби истифодаи тӯлонӣ, қисми зиёди таҷҳизоти электромеханикӣ ва гидромеханикии неругоҳ ва дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи он фарсуда шуда буданд

 ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Левакант ду агрегати нерӯгоҳи "Сарбанд"-ро ифтитоҳ кард, хабар медиҳад котиботи президент.

Бино ба иттилои манбаъ, аз ҷониби раисҷумҳур агрегати рақами 2-и неругоҳ бо тавоноии 39 МВт ва агрегати рақами 6 бо тавоноии 49 МВт мавриди истифода қарор дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон таҷдиди агрегати рақами 3 оғоз гардидааст.

Иқтидори лоиҳавии "Сарбанд" 240 МВт-ро ташкил дода, он 5-умин неругоҳи аз лиҳози иқтидор калон ба ҳисоб меравад.

Солҳои 2010-2012 агрегати 4-уми неругоҳ бо тавоноии 45 МВт пурра таҷдиду навсозӣ гардида буд.

Сохтмони неругоҳи мазкур соли 1956 оғоз гардида, аввалин агрегати он соли 1962 ба кор дароварда шудааст. Бинобар сабаби истифодаи тӯлонӣ, қисми зиёди таҷҳизоти электромеханикӣ ва гидромеханикии неругоҳ ва дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи он фарсуда шуда буданд.

  • Каскад ГЭС на реке Вахш
    Каскад ГЭС на реке Вахш
  • Ввод в эксплуатацию Сарбандской ГЭС в Леваканте
    Ввод в эксплуатацию Сарбандской ГЭС в Леваканте
    © Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
  • Ввод в эксплуатацию Сарбандской ГЭС в Леваканте
    Ввод в эксплуатацию Сарбандской ГЭС в Леваканте
    © Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
1 / 3
Каскад ГЭС на реке Вахш

Ҳамчунин бо сабаби аз кор мондани системаи назорат ва танзими баландшавии об солҳои 1993 ва1994 агрегати 2-юм қисман зери об монда буд. Агрегатҳои неругоҳ кӯҳна буда, қисмҳои эҳтиётии онҳо аз истеҳсолот баромада буданд.

Мавриди зикр аст, ки бо сабаби кӯҳна ва қисман корношоям гардидани таҷҳизот, неругоҳ бо иқтидори фоиданокии умумии 165 МВт фаъолият менамуд. Бо дарназардошти ҳолатҳои зикргардида ва аҳамияти стратегӣ доштани неругоҳи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пурра барқарор намудани ин иншоот соли 2011 бо Бонки Рушди Осиё созишномаи грантӣ ба маблағи 136 миллион доллари ИМА ба имзо расонид.

 

Тазаккур дода шуд, ки дар қисмати якуми лоиҳа барқарорсозии таҷҳизоти истеҳсоли неруи барқ ҷараён дорад. Ба ин хотир, вобаста ба иҷрои корҳо дар доираи қисмати аввал дар натиҷаи баргузории озмуни байналмилалӣ корхонаи муштараки "Синохайдро–Хайдрочина"-и Чин ғолиби озмун дониста шудааст.

Иваз намудани 5 агрегат, низомҳои таъминоти об, ҳавои фишурда, равған, мониторинг, ҳимоя, алоқа ва 2 адад автотрансформатори 250 МегаВолтАмпер, корҳои таъмирию барқарорсозии кранҳои борбардор, дарвозаҳои обқабулкунанда ва обпарто, корҳои соҳилмустаҳкамкунии соҳили чапи дарё ва канал, сохтмони бинои идоракунии неругоҳ ба дӯши ин ширкати чинӣ гузошта шудааст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на красной дорожке
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Дар қисми дуюми лоиҳа, ки аз барқарорсозии зеристгоҳҳои барқии 220кВ ва 110 кВ иборат аст, дар натиҷаи баргузории озмуни байналмилалӣ Консорсиуми “Генсер ва ГE”-и Ҷумҳурии Туркия тибқи шартнома бо Ширкати Саҳомии Холдингии Кушодаи “Барқи Тоҷик” ба кор ҷалб гардид.

Дар доираи қисмати дуюми лоиҳа корҳои барқарорсозии дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220 кВ ва 110/35/6 кВ бо дарназардошти пурра иваз намудани таҷҳизоти асосию ёрирасони онҳо, аз ҷумла иваз намудани  трансформаторҳои қудратӣ, трансформаторҳои шиддат, трансформаторҳои ҷараён, дастгоҳҳои тақсимкунандаи комплектии 6 кВ, васлакҳои равғанӣ, ҷудокунакҳо, хатҳои интиқоли барқи мавҷуда дар ҳудуди неругоҳ, хати нави интиқоли барқи 220 кВ ва биноҳои идоракунӣ ба нақша гирифта шудааст.

Айни замон корҳо дар доираи қисмати мазкур тибқи нақша идома дошта, то ин муддат сохтмони биноҳои идоракунии дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220/110 кВ ба анҷом расонида шудааст. Васлу насби таҷҳизот дар дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220/10/35 кВ ба итмом расид.

Расонаҳо: коркунони "Роғун" аз пардохт нашудани маошашон шикоят мекунанд

408
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Раҳмонро кишвардорони Ветнаму Сербия шодбош гуфтанд

43
(Таҷдидшуда 19:14 20.10.2020)
Номаҳои шодбошӣ унвонии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҳамтоёни ӯ ва роҳбарони созмону ташкилотҳои хориҷӣ, дар робита ба дигарбора такя задани ӯ ба курсии раёсатҷумҳурӣ, идома дорад

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Президентони Сербия ва Ветнам Александр Вичуч ва Нгуен Фу Чонг унвонии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи тарикотӣ ирсол намуданд, хабар медиҳад котиботи президент.

Ба иттилои манбаъ, ҳамтоёни Эмомалӣ Раҳмон ӯро бинобар дигарбора роҳбари тоҷикони дунё интихоб шудан, табрику муборакбодӣ намуданд.

Александр Вичуч дар номаи шодбошии худ Эмомалӣ Раҳмонро самимона табрик намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки муносиботи дӯстона ва ҳамкории байни Сербияву Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои барои ҷонибҳо судовар, равнақ меёбад.

Далелҳои камёфт дар бораи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Гузашта аз ин, Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам низ дар номаи худ пас аз муборакбодӣ кардан изҳори боварӣ намудааст, ки Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон низ ба муваффақиятҳои зиёде ноил мегардад.  Ҷаноби Нгуен Фу Чонг афзудааст, ки дӯстии анъанавию ҳамкории байни Ветнаму Тоҷикистон дар ҳамаи ҷанбаҳо беш аз пеш рушд хоҳад ёфт.

Манбаъ меафзояд, воридшавии номаҳои табрикотӣ ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон идома дорад.

43
Барчаспҳо:
шодбошӣ, нома, Эмомалӣ Раҳмон
Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020
Пробирки с тестами на коронавирус

Омори шаш моҳи ноҳияи Ашт дар бораи COVID-19 : 18 фавту 150 шифоёфта

83
(Таҷдидшуда 18:32 20.10.2020)
асъулони ҳукумати ноҳияи Ашт, дар ҷараёни баргузории ҷаласа дар бораи омори сироятёбӣ, шифо ва фавт аз бемории ҳамагири навъи COVID-19 ба Озифхон Шарифзода, мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи ҳукумати Суғд гузориш додаанд

ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Масъулони матбуотии ҳукумати ноҳияи Ашт дар бораи баргузории ҷаласае хабар додаанд, ки дар кори он, фаъолияти нуҳ моҳаи соҳаҳои хоҷагии халқи ин ноҳия баррасӣ шудааст.

Ба иттилоъи манбаъ дар ин иҷлосия, Озифхон Шарифзода, мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи ҳукумати Суғд барои шиносоӣ бо натиҷаҳои хоҷагии халқ ба ноҳияи Ашт сафар кардааст.

Аниса Ҷалилӣ, муовини раиси ноҳияи Ашт, баробари соҳаҳои мухталиф аз ҷумла дар бораи вазъи эпидемиологии ноҳия ва маридҳои сироят, шифо ва фавт аз бемории ҳамагири COVID-19 гузориш додааст.

"Айни ҳол дар ноҳия аз санаи 29 апрели соли ҷорӣ то санаи 19 октябр 183 нафар бистарӣ бо нишонаҳои бемории COVID-19 бистарӣ шуда, аз онҳо 150 нафар сиҳат ёфта, 18 нафар фавт ба қайд гирифта шудааст. Ҳоло дар беморхонаи марказии ноҳия 15 нафар табобат гирифта истодаанд", -  иттилоъ додааст, муовини раиси ноҳияи Ашт.

Аниса Ҷалилӣ таъкид намудааст, ки барои пешгирӣ ва мубориза бо бемории каронавирус дар иморату иншоотҳои ноҳия мунтазам корҳои безараргардонӣ гузаронида шуда, то имрӯз дар соҳаи тандурустӣ 686 литр гипохлориди натрий, 3352 кило хокаи хлор, 924 адад либосҳои муҳофизатӣ, 3197 дона ниқобҳои тиббӣ ва 4020 адад дастпӯшак ва дигар маводи безараргардонандаи тиббӣ захира ва мавриди истифода қарор дода шуда ҳамчунин аз ҷониби Вазорати тандурустии кишвар ба Бемористони марказии Ашт 8 адад оксигенератор ва 2 адад таҷҳизоти нафаси сунъӣ дастрас карда шудааст.

Дар Тоҷикистон шаш моҳ қабл, дар рӯзи 30-уми апрели соли ҷорӣ аз сабти 15 мавриди бемории навъи COVID – 19 хабар дода буданд.

Бино ба оморе, ки бегоҳии дирӯз 19 октябр Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 10533 нафар баробар шудааст.

То санаи зикргардида дар кишвар 9563 нафар ё худ 90,8 % и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, бар асари ин беморӣ 80 нафар фавтидаанд.

83
Барчаспҳо:
омор, Ашт, вируси корона
Иранские женщины сидят на автобусной остановке

Марги 332 маризи коронавирус дар Эрон давоми як рӯз

0
(Таҷдидшуда 19:35 20.10.2020)
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз панҷ ҳазор бемори ҷадиди COVID-19 дар ин кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи сешанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар хабар дод.

Ба иттилои ӯ, дар 24 соати гузашта 5 039 бемори ҷадид дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод 2 254 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзашон ироа шуд.

Лорӣ гуфт, теъдоди беморони COVID -19 дар Эрон ба 539 670 нафар расидааст, ки то кунун 434 676 нафар аз онон беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Бидуни фавт: афзоиши гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон

Зимнан, шабонарӯзи гузашта 322 нафар аз беморони COVID -19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 31 034 нафар расидааст.

Бояд гуфт, ки теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 41 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам 1 120 000 нафар ҷони худро аз даст додаву беш аз 30 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

0
Барчаспҳо:
омор, фавт, маризӣ, Эрон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон