Амалиёти пулиси тоҷик дар Африқо ва пешбарии Тоҷикистон ба узвият дар Шӯрои амнияти СММ

© UN Photo/Eskinder DebebeВыступление Эмомали Рахмона на встрече высокого уровня Генеральной Ассамблеии ООН
Выступление Эмомали Рахмона на встрече высокого уровня Генеральной Ассамблеии ООН - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, ният дорад, номзадии Тоҷикистонро ба узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои амнияти СММ пешниҳод намояд

ДУШАНБЕ, 23 сен – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, бо мақсади муаррифии таҷрибаи сулҳи тоҷикон ният дорад номзадии Тоҷикистонро ба узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои Амнияти Созмон барои солҳои 2028-2029 пешбарӣ намояд.

Сотни мусульманских паломников окружают Каабу - Sputnik Тоҷикистон
Арабистон маросими Ҳаҷҷи умраро иҷозат дод, аммо на ба ҳамаи кишварҳо

“Мо умедворем, ки ин иқдоми Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои узв хуб пазируфта шуда, онҳо аз номзадии мо пуштибонӣ хоҳанд кард”, - изҳор дошт Раҳмон дар иҷлосияи 75-уми Маҷмааи умумии СММ.

Ӯ афзуд, Тоҷикистон, ки ҳамаи даҳшатҳои ҷанги шаҳрвандии таҳмилиро аз сар гузаронидааст, зарурати ҳифзи ҳамаҷонибаи сулҳро хуб дарк менамояд.

Раисиҷумҳур таъкид кард, ки Тоҷикистон талош дорад, дар фаъолияти сулҳофарии СММ ба қадри имкон ҳиссагузор бошад ва мисол овард, ки “нерӯҳои полиси мо дар амалиётҳои сулҳофарии Созмон дар Дарфур ва Судони Ҷанубӣ, ҳамчунин, дар шаҳри Абейи Судон ширкат меварзанд”.

Ӯ илова намуд, ки ният дорад, минбаъд низ дар ин арса бо ниҳодҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид ҳамкорӣ дошта бошанд.

Лентаи хабарҳо
0