День 24 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 24 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

99
(Таҷдидшуда 19:15 23.09.2020)
Рӯзи бисту чоруми сентяр дар Ҷумҳурии Қирғизистон аз Рӯзи оила, сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 24 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 2009 дар пойтахти Молдова – шаҳри Кишинев Форуми 4-уми эҷодӣ ва илмии зиёиёни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

День 22 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1923 маҷмааи табъу нашри "Московская правда" таъсис дода шуд.

Соли 1948 ширкати "Хонда мотор" («Honda Motor Co») таъсис ёфт.

Соли 1968 Свазиленд ба узвияти СММ қабул карда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 20 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1972 дар раъйпурсии Норвегия 53,5 дарсади штирокдорон ба муқобили шомилшавии мамлакат ба Иттиҳоди иқтисодии Аврупо овоз доданд.

Соли 1953 дар Ҳолливуд аввалин филми манзаравӣ ба намоиш гузошта шуд.

Соли 1998 дар Фаронса аввалин маротиба ҷарроҳии насб кардани дасти як нафар ба шахси дигар анҷом дода шуд.

Рӯзи 24 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2004  дар шаҳри Маскави Федератсияи Руссия нависандаи тоҷик Темур Зулфиқоров бо ҷоизаи адабиёти Русия "Марғзори равшан" сарфароз гардонида шуд.

День 18 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2009 дар ИМА миёни Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон ва ҳамватанони бурунмарзие, ки дар Амрико кору зиндагӣ мекунанд, суҳбати озод баргузор гардид.

Соли 2010 дар шаҳри Ню-Йорк сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Афғонистон, сарвазири Ҷопон ва сарвазири Тайиланд мулоқот анҷом дод.

Ҷашнҳои рӯзи 24 сентябр

  • Дар Қирғизистон - Рӯзи оила, сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ.
  • Дар Камбоҷа - Рӯзи Конститутсия.

Рӯзи 24 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1253-1325) шоири форсизабони Ҳиндустон Амир Хусрав Деҳлавӣ.

Солҳои (1913-1971)  Нависанда Арнолд Одинтсов

Соли 1946 профессори илмҳои технологӣ Исматбой Саидаминов.

99
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Новая эстакада в Душанбе

Роҳбандӣ дар Душанбе: ҳаракати нақлиёт дар кадом кӯчаҳо маҳдуд мешавад

5
(Таҷдидшуда 12:39 28.10.2020)
Бозрасии давлатии автомобилӣ бо нашри як эълон хабар дода, ки тайи 11 рӯз, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар якчанд роҳу кӯчаҳои шаҳри Душанбе маҳдуд мешавад

ДУШАНБЕ, 28 окт – Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мегӯяд, роҳҳо бинобар баргузории машқҳои омодагӣ ба паради ҳарбӣ дар майдони Дӯстии пойтахт баста мешаванд.

"Аз 19 октябр ҳамарӯза аз соати 18:00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз чорроҳаи Рӯдакӣ- Бухоро, Шероз, Ҷ.Икромӣ, Рӯдакӣ-Шоҳтемур, Бохтар-Теҳрон, Теҳрон-Шероз ва Рӯдакӣ-Фотеҳ Ниёзӣ то анҷоми он муваққатан маҳдуд карда шудааст, ки он  то 30 октябри соли равон идома меёбад", - омадааст дар эълон.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ "Ховар" нозири калони гурӯҳи ташвиқоту тарғиботи ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе, майори милитсия Мирзохон Саидов хабар додааст.

Эълони шаш рӯзи роҳбандӣ: кадом шоҳроҳу кӯчаҳо баста мешаванд?

Аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ва меҳмонон хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз кӯчаҳои Айнӣ, Ҳ.Шерозӣ, С.Шерозӣ, М. Турсунзода, Дӯстии халқҳо ва дигар кӯчаҳои ба ин минтақаҳои роҳ ҳамшафат бо риояи ҳатмии талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ истифода баранд.

Ҷилавгирӣ аз сонеҳаҳои нақлиётӣ: пулис муоинаи техникии мошинҳоро тафтиш мекунад

5
Барчаспҳо:
роҳбандӣ, Душанбе
Люди в масках в Душанбе

“Қочоқи каронавирус”: Virus shut out чи гуна ба Хуҷанд расид?

298
(Таҷдидшуда 13:14 28.10.2020)
Дар бозор ва дорухонаҳои шаҳри Хуҷанд маводе ба фурӯш бароварда шуда ва мардум ба унвони “бейҷики каронавирус” аз он хариддорӣ кардаанд. Аммо масъулони идораҳои тандурустӣ аз ворид шудани ин мавод хабар надоранд

ДУШАНБЕ, 28 окт – Sputnik. Virus shut out, ё “гарданбанди каронавирус” чанд рӯз аст, ки дар фурӯшгоҳҳои Хуҷанд ба моли аз ҳама пурхариддор табдил шудааст. Сокинон ба таблиғи он бовар карда, мегуянд, ки бо харидани ин мавод худро аз каронавирус ҳимоя мекунанд, аммо то куҷо ин имкон дорад, онҳо ҳанӯз маълумот надоранд.

Зимнан ба фарқ аз моск ё ниқобҳои муҳифизатӣ бо қиммати 10-12 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Фурӯшандаҳо дар бораи аз куҷо ворид шудани он изҳори бехабарӣ намуда, аз бозоргир будани он таъкид меварзанд.

Як фурӯшандаи Virus shut out дар бозори “Панҷшанбе” ба шарти набурдани номаш ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ин молро истеҳсоли кишвари Чин маънидод кард, вале дар бораи кай ва чигуна ба базори Хуҷанд роҳ ёфтани он изҳори бехабарӣ кард.

“Ба ман як фурӯшанда овард гуфт, ки 12 сомонӣ фурӯш аз ин ҳисоб як сомонӣ аз ҳар як донааш аз они ту. Ӯ гуфт, ки худаш 10 сомонӣ аз нафари дигар харидааст", - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Сокинон дар суҳбатҳои сарироҳӣ таъкид мекунанд, ки рӯзҳои охир дар бораи “бейҷикҳи каронавирус” зиёд шунидаанд. Як ҳамсуҳбати мо гуфт, ки барои худу фарзандонаш се дона чунин бейҷикро бо нархи 30 сомонӣ харидааст.

“Дар баробари маска ҳоло аз бейҷикаш ҳам харидем. Зиёд ҳамсояҳо харида гуфтанд, ки то ду метр вирусро мекуштааст, ман ҳам барои ҳимояи худу фарзандонам инро харидам, намедонам, ки чи тавр ба саломатии мо таъсир мерасонида бошад. Худо моро аз ҳар балое нигоҳ дорад”, - зикр намуд ҳамсуҳбати мо.

Онҳое, ки фурӯши “бейҷики каронавирус” дар Хуҷанд машғуланд мегӯянд, ки ин мавод аз маҳлули хлодор иборат аст ва то як моҳ коршоям буда, гуё то 1,5 метр вируси мавҷудбудаи ҳавоиро маҳв мекунад.

Чанд иштибоҳи асосӣ ҳангоми пӯшидани ниқоби тиббӣ

Аммо Илҳом Пӯлодзода, сардори Раёсати хадамоти назорат дар соҳаи тандурустӣ мегуяд, ки таъсири “бейҷики каронавирус” барои саломатии аҳолии ҳанӯз озмуда нашудааст, зеро ин мол аз роҳи қочоқ ба бозорҳои Хуҷанд роҳ ёфтааст.

“Мо дар бораи фурӯши Virus shut out дар дорухонаҳо бохабар шуда, аз баъзе ҷойҳо онро мусодира намудем. Зеро он аз ташхис нагузаштааст ва навиштаҷоти барои аҳолӣ фаҳмо надорад” - гуфт Пулодзода.

Бо гузашти як ҳафта дар бораи чи гуна ворид шудани ин маводи ба истилоҳ тиббӣ мақомоти Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд ҳанӯз расман чизе шарҳ надодааст. Ва маълум нест, ки ин мол чи гуна ва аз ҷониби кадом гурӯҳи судҷуй ворид карда шудааст.

Як ниқоби тоҷикӣ – 1 евро: ба куҷо содир шудааст?

Раҳмон Муҳаммадиев, сардори шуъбаи санитарии Маркази назорати эпидемологии Хуҷанд гуфт, ҳоло чизе, ки барои сокинон дар бораи пешгирӣ аз сирояти COVID-19 тавсия мешавад, бастани ниқоб ва шустани дастон бо собун ва маҳлули антисептикӣ мебошад. Ӯ истифодаи ҳар навъ маводи тиббиро дар ҳоли ҳозир дур аз воқеият маънидод кард ва гуфт, ки сокинон дар ин бора худ қазоват кунанд.

298