Призыв, архивное фото

Мулоқоти ошкорои раисон бо даҳҳо наваскарон: Оё “облава” аз байн меравад?

560
(Таҷдидшуда 15:52 24.09.2020)
Дар оғози маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати сарбозӣ, раисони аксар шаҳру навоҳии Тоҷикистон наваскаронро ба мулоқоти худ пазируфта, аз майли ихтиёран ба хизмат рафтани онҳо хуш истиқбол кардаанд

ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Чанде пеш вохурии Зариф Мирдадо, раиси ноҳияи Ашт бо волидони наваскарони ноҳия баргузор гардида ва дар ин мулоқот аз ихтиёран ба хизмати сарбозӣ рафтани 150 ҷавон иттилоъ дода шуд.

Сулаймонзода Қурбоналӣ комиссари ҳарбии ноҳия изҳори умед намудааст, ки шумори ҷавононе, ки майли рафтан ба хизмати сарбозиро доранд сол аз сол зиёд мешавад.

“Мо бо ҷавонони ҷасуру нотарси худ фахр мекунем ва умед ба он дорем, ки сафи ҷавонони бо амри дил ба хизмат ҳозиршаванда зиёд мегардад”, гуфтааст Сулаймонзода, комиссари ноҳияи Ашт.

Дар ҳукумати шаҳри Хуҷанд низ мулоқоти Маъруф Муҳаммадзода, раиси ин шаҳр бо як гурӯҳ ҷавонон баргузор гардид. Дар ин вохурӣ шуморе аз ҷавонон аз омодагии худ, барои ихтиёран ба хизмат рафтанро баён намудаанд.

Зимнан дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон низ мулоқоти роҳбарон бо наваскарон ва волидони онҳо ҷараён дорад.

Баъзе аз масъулин барои ҳавасмандӣ ба ҷавононе, ки бо хоҳиши худ нияти ба хизмат сафарбаршуданро доранд, ройгон додани шаҳодатномаи ронандагӣ ва бархеи дигар ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигиро ваъда кардаанд.

Маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати сарбозӣ дар Тоҷикистон ҳамасола дар ду давра, баҳору тирамоҳ баргузор мешавад. Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба аскарӣ моҳҳои октябр ва ноябр давом мекунад. Фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои даъвати тирамоҳии наваскарон содир шудааст ва тибқи он ҷавонони синнашон 18 -27 сола ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд.

"Моҳҳои октябр ва ноябри соли 2020 дар ҷумҳурӣ даъвати шаҳрвандони ҷинси мард, ки то рӯзи даъват ба синни 18 - солагӣ мерасанд, инчунин шаҳрвандони синну солашон калон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд", - омадааст дар қарори раисиҷумҳур.

Чанд сол аст, ки дар ҷараёни иҷроиши нақшаи қабули наваскарон ба қисмҳои ҳарбӣ хабарҳо дар бораи ҳолатҳои сарбозгирӣ ва ё ба истилоҳ “облава” зиёд нашр мешаванд.

Ҳодисаи Зафарободро фаромӯш мекунанд, ё такрор?

Дар ҷараёни маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати сарбозӣ баҳори имсол як гурӯҳ волидони сарбозон дар ноҳияи Зафаробод иброз намуданд, ки писарони онҳоро, ки ҳама табиб ва дар бемористони ноҳия фаъолият мекарданд, ғайриқонунӣ ба хизмат бурдаанд.

Роҳила Ёдгорова, модари Бахтиёр Ҷумъаев, яке аз чор сорбоз дар ноҳияи Зафаробод ба Sputnik Тоҷикистон иброз намуда буд, ки масъулини комиссарияти ҳарбии ноҳия пеши худ рутбаи ҳарбии писарашро бекор намуда, ӯро ҳамроҳ бо ҳамкасбонаш ба хизмат фиристодаанд.

Ба ҳисоби Бахтиёр Ҷумъаев духтури сироятшинос, Аҳлиддин Ашрафов анастезиолог - реаниматолог, Дилшод Эшонқулов духтури асабшинос ва Шодӣ Шодиев, табиби ҷарроҳ ҳар яки онҳо баъди хатми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ки барои муҳассилин курси ҳарбиро низ фароҳам кардааст, бо дипломи олӣ ва билетӣ ҳарбӣ ба сифати табиб дар Беморхонаи ноҳияи Зафаробод аз рӯи касби худ ба фаъолият пардохта буданд, аммо кормандони комиссарияти ҳарбии ноҳия бо бекор кардани рутбаи ҳарбӣ, онҳоро пеши худ ба хизмат бурдаанд.

Дар оғози соли ҷорӣ дар ҷаласаи натиҷагирӣ аз ҷамъбасти маъракаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қисмҳои низомии кишвар дар соли 2019, муовини сарвазири Тоҷикистон таъкид намуд, ки бо вуҷуди иҷрои саривақтии нақша зиёд камбудиҳо ошкор шудааст.

Ба ҳамин далел нисбати дасти кам 34 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ аз ҷазоҳои интизоми ҳарбӣ то озод намудан аз вазифаи ишғолнамуда татбиқ карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ахиран дар ҷаласаи бахшида ба 27 - солагии таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳ таъкид намуд, ки фарзандони вакилону вазирон бояд дар навбати аввал хидмат кунанд.

Раисиҷумҳур зикр кард, ки роҳбарони ҳамаи зинаҳо, аз аъзои Ҳукумат ва вакилони парлумон то раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бояд худашон намунаи риояи Конститутсия, Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" бошанд.

Зимнан дар мулоқоту вохуриҳое, ки раисон бо наваскарон анҷом медиҳанд, сули матраҳ ин аст, ки чи теъдод аз ин ҷавонони бо майли худ ба хизмат раванда писарони нафарони мансабдор мебошанд? Ва ё кифоя аст, ки нақшаи тирамоҳии даъват аз ҳисоби ин теъдод ҷавонон иҷро шуда ва дигар “облава” аз байн меравад? – посухи ин суолро вақт нишон медиҳад, яъне ҷараёни маъракаи тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ.

560
Барчаспҳо:
сарбоз, наваскарон, истиқбол, мулоқот, тирамоҳ, Тоҷикистон
Мактаби деҳаи Равмеди водии Бартанги ноҳияи Рӯшон

Хушхабар: Хайрхоҳе мактаби куҳнаи деҳаи Равмеди Рӯшонро аз нав месозад-видео

2
Мактаби куҳнаи деҳаи Равмеди ноҳияи Рӯшонро, ки қаблан навори ҳоли бади он мавриди шарҳборон дар интернет қарор гирифт, аз нав бунёд мешавад

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Музаффари Имомдод, фаъоли ҷамъиятӣ, ки навори ин мактабро дар интернет нашр кард гуфт, як пас аз нашри навор як нафар тамос гирифтаву хостори бунёди мактаби нав дар ин макон шудааст.

Ӯ бидуни ифшои номи хайрхоҳе гуфтааст, пас аз нашри навор ӯ ба наздашон омадаву хостори бунёди мактаби нав шудааст.

Музаффари Имомдод, мегӯяд бо дарёфти чунин таклиф ба раҳбарияти ВМКБ пешниҳод кард, ки ӯ дар мариди худ онро хуш пазируфт ва бас масъулини минтақавӣ дастур дод, то ҳуҷҷатҳои заруриро фавран омода созанд.

Ба навиштаи ӯ ҳуҷҷатҳо дар ҳоли ҳозир пурра омода буд, корҳо аллакай оғоз шудаанд.

Ӯ таъкид кардааст, ки умедворам, таҷрибаи мо барои минтақаҳои дигари кишварамон дарси ибрат хоҳад шуд, ки дар он ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба манфиати мардуми худ ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем навори мактаби куҳнаи деҳаи Равмеди ноҳияи Рӯшонро Музаффари Имомдод, фаъоли ҷамъиятӣ, нашр кард, ки он ҷавобгӯи талаботҳои имрӯз нест.

Дар пайи нашри навор ҳукумати ВМКБ, посух дода, гуфта буд, маблағгузории чунин макотиб мушкил буда, хуб мешуд, ки мардум кумак кунанд.

Ҳукумат гуфт, азнавсозии мактабҳои калон дар навбати аввал қарор дошта, таъмири мактабҳои хурд вақт мехоҳад ва масъала мавриди омузиши ҳаматарафа қарор дорад.

2
Барчаспҳо:
мактаб, Рӯшон, ВМКБ, Тоҷикистон
Мигрант у здания УФМС в Калининграде

Шумораи бекорон дар Тоҷикистон муайян шуд

145
(Таҷдидшуда 10:55 27.10.2020)
Дар моҳи август, 7,4 ҳазор нафар барои дарёфти кор ба хадамоти шуғли аҳолии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, ки дар натиҷа, 6 ҳазори онҳо соҳиби кор шудаанд

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Сатҳи расмии бекорӣ дар Тоҷикистон 2,1% аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъолро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ.

Тибқи иттилои ин ниҳод, аз аввали моҳи сентябр шумораи бекорони расман ба қайд гирифташуда дар Тоҷикистон 50,8 ҳазор шаҳрвандонро ташкил дод. Дар айни замон, 49,2% бекорон занон будаанд.

Гуфта мешавад, ки дар моҳи август 7,4 ҳазор нафар ба хадамоти шуғли аҳолӣ оид ба масъалаи дарёфти кор муроҷиат кардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 1,6% зиёдтар шуд.

Таъкид шудааст, аз теъдоди муроҷиаткардагон  6 ҳазорашон кор пайдо карданд.

Агентии омор қайд кардааст, ки шумораи ҷойҳои холии холӣ дар корхонаҳои эълоншуда дар хадамоти шуғл дар аввали моҳи сентябр 2,1% афзуда, дар муқоиса бо соли 2019 ба 11 ҳазор ҷой расидааст.

Эълони расмии бемкорон дар ҳолест, ки ба андешаи коршиносон сатҳи бекорӣ дар кишвар махсусан дар соли равон даҳҳо маротиба афзудааст.

Аз бекорӣ то меҳнати солиму қарзҳои имтиёзнок: дар Суғд ҳуқуқи меҳнаткашон баррасӣ шуд

Зеро бо дарназардошти пандемия ва баста шудани марзҳо, ҳама қувваи корие, ки ба муҳоҷират мерафтанд, дар кишвар банд монданд

145