Пустое кресло

Тағйироти кадрӣ дар дастгоҳи раиси Бадахшон: Улфатшоев вазифаи нав гирифт

1325
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Файзов Ёдгор дар ҳайати дастгоҳаш тағйироти кадрӣ гузаронд

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Бо қарори Файзов Ёдгор раиси ВМКБ, Улфатшоев Ҷангибек Мирзоевич аз вазифаи ишғолкардаи худ канор рафт.

Номбурда дар асоси қарори раиси вилоят, аз вазифаи сармутахассиси бахши иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси ВМКБ озод гардид.

Раҳмон гуфт, на ҳамеша аз рӯи ахбори пешниҳодшуда ба ӯ кор мекунад-видео

Бар хабари котиботи раиси ин вилоят, Улфатшоев Ҷангибек дар асоси қарори раис ба мансаби муовини сардори Раëсати маориф таъйин карда шуд.

"Дар мақоми нав, Улфатшоев аз санаи 25 - уми сентябр ба ифои вазифа шурӯъ мекунад", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, Улфатшоев Ҷангибек давоми 9 сол дар дастгоҳи раиси вилоят ба вазифаҳои гуногун фаъолият намуда, аз соли 2007 узви Иттифоқи журналистон ва аз соли 2017 узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

1325
Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, ВМКБ
Майдони парчам дар ноҳияи Деваштич

Дар Ҷайҳун ҳам майдони Парчам ва Нишони давлатӣ месозанд

15
(Таҷдидшуда 12:44 28.10.2020)
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун нақша доранд, ки иншооти мазкурро то таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонида, ин маконро барои баргузории барномаҳои фарҳангию сиёсӣ омода намоянд

ДУШАНБЕ, 28 окт – Sputnik. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад, хабар медиҳад "Ховар" дар истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Гуфта мешавад, сохтмони майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия аз моҳи марти соли равон оғоз гардидааст, ки дар ин муддат корҳои ҳамворкунии қитъаи замин, бунёди таҳкурсии иншоот ва васлу насби Парчам ва Нишони давлатӣ ба анҷом расонида шуд.

"Айни замон корҳои сабзкорӣ, сафолакпeчии роҳравҳо ва ободонии  атрофи онҳо идома доранд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Аз майдони парчам то фермаи парандапарварӣ: Раҳмон чанд иншооти муҳимро ифтитоҳ кард

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун нақша доранд, ки иншооти мазкурро  то таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонида, ин маконро барои баргузории барномаҳои фарҳангию сиёсӣ омода намоянд.

15
Новая эстакада в Душанбе

Роҳбандӣ дар Душанбе: ҳаракати нақлиёт дар кадом кӯчаҳо маҳдуд мешавад

242
(Таҷдидшуда 12:39 28.10.2020)
Бозрасии давлатии автомобилӣ бо нашри як эълон хабар дода, ки тайи 11 рӯз, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар якчанд роҳу кӯчаҳои шаҳри Душанбе маҳдуд мешавад

ДУШАНБЕ, 28 окт – Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мегӯяд, роҳҳо бинобар баргузории машқҳои омодагӣ ба паради ҳарбӣ дар майдони Дӯстии пойтахт баста мешаванд.

"Аз 19 октябр ҳамарӯза аз соати 18:00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз чорроҳаи Рӯдакӣ- Бухоро, Шероз, Ҷ.Икромӣ, Рӯдакӣ-Шоҳтемур, Бохтар-Теҳрон, Теҳрон-Шероз ва Рӯдакӣ-Фотеҳ Ниёзӣ то анҷоми он муваққатан маҳдуд карда шудааст, ки он  то 30 октябри соли равон идома меёбад", - омадааст дар эълон.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ "Ховар" нозири калони гурӯҳи ташвиқоту тарғиботи ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе, майори милитсия Мирзохон Саидов хабар додааст.

Эълони шаш рӯзи роҳбандӣ: кадом шоҳроҳу кӯчаҳо баста мешаванд?

Аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ва меҳмонон хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз кӯчаҳои Айнӣ, Ҳ.Шерозӣ, С.Шерозӣ, М. Турсунзода, Дӯстии халқҳо ва дигар кӯчаҳои ба ин минтақаҳои роҳ ҳамшафат бо риояи ҳатмии талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ истифода баранд.

Ҷилавгирӣ аз сонеҳаҳои нақлиётӣ: пулис муоинаи техникии мошинҳоро тафтиш мекунад

242
Барчаспҳо:
роҳбандӣ, Душанбе
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров

Лавров пас аз алоқа бо як маризи COVID - 19 хонашин шуд

0
(Таҷдидшуда 14:14 28.10.2020)
Ҳамаи вохӯриҳо ва сафарҳои вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров ба таъхир гузошта шуд. Феълан аҳволаш хуб аст

ДУШАНБЕ, 28 окт – Sputnik. Вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров пас аз суҳбат бо нафари сироятшуда аз коронавирус, хонашин шуд, хабар медиҳад ВКХ ФР.

Вазорати умури хориҷаи Русия, қайд карда, ки айни замон аҳволи вазир хуб аст.

Қайд мешавад, ки ба далели хонашинӣ, ҳамаи вохӯриҳо ва сафарҳои вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Равров ба таъхир гузошта шуданд.

Дар баробари ин гуфта нашудааст, ки вазир кай ва бо кӣ суҳбат кардааст.

Сергей Лавров рӯзи 21 март 70-сола шуд. Ӯ аз рӯи синну сол  ба гурӯҳи хавфи баланд, дохил мешавад.

Тибқи фармони амалкунанда, ашхоси синнашон аз 65 боло бояд ба кори фосилавӣ гузаронида шаванд.

Бо вуҷуди ин, вазири корҳои хориҷии Русия фаъолона кор мекарду мулоқот бо ҳамкорон ва боздид аз дигар кишварҳоро идома медод.

Аз ҷумла, 26 октябр Лавров бо сафари расмӣ ба Юнон рафт ва аллакай рӯзҳои 28-29 октябр ӯ бояд ба Сербия сафар мекард.

0
Барчаспҳо:
алоқа, вируси корона, Сергей Лавров
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон