День 26 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 26 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

83
(Таҷдидшуда 19:46 25.09.2020)
Рӯзи бисту шашуми сентябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза барои пурра нобуд кардани яроқи ядроӣ мебошад

Рӯзи 26 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид.

День 25 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2008 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаи умумии Иҷлосияи 63-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 24 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2011 дар ноҳияи Айнӣ хатти 220-киловолтаи Хуҷанд-Айнӣ ба истифода дода шуд.

Соли 2011 дар шаҳри  Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷоми ҷаҳон оид ба дзюдо баргузор гардид, ки варзишгари тоҷик Расул Боқиев дар вазни 73 кг барандаи ин ҷом гардид.

 

На занятии в школе Расула Бокиева, архивное фото
© Sputnik
На занятии в школе Расула Бокиева, архивное фото

Соли 2011 вакилони Парлумони Британияи Кабир ва ҷамъияти соҳибкорони Тоҷикистон масоили ҳамкориро баррасӣ намуданд.

 

Соли 2013 дар "Наврӯзгоҳ"- и пойтахт барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мусобиқаи байналмилалии дзюдо баргузор шуд.

Соли 2013 варзишгардухтари тоҷик аз шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд Муниса Адилматова дар вазни 68 кг дар мусобиқаи варзишии байналмилалӣ миёни иштирокдорони аз 18-сола боло медали тилло ва Ҷоми ҷаҳон оид ба карате-доро соҳиб шуд.

 

Дзюдо, архивное фото
© Sputnik / Владимир Астапкович
Дзюдо, архивное фото

 

Рӯзи 26 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1786 Англия ва Фаронса созишномаи тиҷоратӣ ба имзо расониданд.

День 22 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1994 ИМА таҳримҳоеро, ки ба муқобили Гаити ҷорӣ карда буд, бекор кард.

Соли 1994 дар Швейтсария тарғиби нажодпарастӣ манъ карда шуд.

Соли 1966 Япония аввалин радифи кайҳонии худро ба фазо сар дод.

Ҷашнҳои рӯзи 26 сентябр

  • Рӯзи байналмилалии мубориза барои пурра нобуд кардани яроқи ядроӣ.
  • Рӯзи забонҳои аврупоӣ.
  • Дар Эквадор – Рӯзи парчами миллӣ.

Рӯзи 26 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1932 Ҳунарманди театр, ҳунарманди халқии Тоҷикистон Галина Ковалёна.

Солҳои (1933 -2008) Нависанда Баҳодур Файзуллоев.

Солҳои (1940-1997) Ҳимоятгари хизматнишондодаи Тоҷикистон Сабзалӣ Раҳмонов.

Соли 1942 Профессор  Гадо Сафаров.

Соли 1951 Ҳуқуқшиносӣ тоҷик Қурбоналӣ Муҳаббатов.

83
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Офис в здании МИА Россия сегодня в Москве.

Тоҷикистон мехоҳад дуркориро қонунӣ кунад

62
(Таҷдидшуда 16:03 20.10.2020)
Вакилони Маҷлиси намояндагон масъалаи қонунӣ намудани кори фосилавӣ дар ҷумҳуриро баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар ҷаласаи рӯзи 19 - уми октябр вакилони парлумон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" - ро мавриди баррасӣ қарор доданд, хабар медиҳад котиботи Маҷлиси намояндагони МО Тоҷикистон. 

Дар ҷаласа қарор қабул гардид, ки бар асоси он ба як қатор қонунҳо тағйирот ворид гардид.  Аз ҷумла ҷорӣ намудани мафҳуми "кори фосилавӣ" мебошад.

Вобаста ба тағйироти пешниҳодгардида ба моддаи 1 қонуни амалкунанда сархатҳои якум, ҳаштум ва дувоздаҳум, ки фарогири мафҳумҳо оид ба "бекорӣ", "кори мувофиқ" ва "мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ" мебошанд, дар таҳрири нав  баён карда шуда, ҳамзамон сархати нуҳум бо мазмуни "кори фосилавӣ" илова карда шудааст. Ин чунин маъно дорад, ки дар оянда фаъолияти меҳнатии онҳоро Кодекси меҳнати Тоҷикистон муайян мекунад.

Вазъи шадиди COVID - 19 дар Русия: 16 ҳазор мариз ва фавти 179 кас дар як рӯз

Зимнан, дар шаҳри Маскав бар тибқи қарори Сергей Собянин низоми дуркориро тамдид карда шуд.

"Аз 28 сентябр ба сокинони солхӯрдаи шаҳри Маскав ва ашхоси гирифтори бемориҳои музмин хонашинӣ ва ба раҳбарияти ташкилоту корхонаҳо ба низоми дуркорӣ гузаронидани коргарон, тавсия дода мешавад", - таъкид мешуд дар қарори Собянин

Ба гуфти раиси шаҳр, барои баромадан аз хона ягон намуди ҷарима ҷорӣ намешавад. Кортҳои нақлиётии одамони солхӯрда дар нақлиёти ҷамъиятӣ бекор нашуда, варзиши оммавӣ низ иҷоза дода мешавад.

62
Барчаспҳо:
кор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Неделя моды в Душанбе. архивное фото

Атри "Шабнами Сурайё", ки дар Олмон тавлид шуд, дар Тоҷикистон 105 доллар фурӯхта мешавад

308
(Таҷдидшуда 15:20 20.10.2020)
Овозхони саршиноси Тоҷикистон Шабнами Сурайё дар Олмон атреро бо номи худ фармоиш додааст ва ҳоло ин атр тавлид шуда, ба Тоҷикистон барои фурӯш ворид шуд

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Бобати тавлид шудани ин атр дар Олмон, худи сароянда дар сафҳаи худ дар Инстаграм хабар дод.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Имрӯз рӯзи хос аст! Атри Шабнам охиран ба Душанбе расид. 🤍✨

Публикация от Шабнами Сураё (@shabnamsurayooffiicial)

Шабнами Сурайё дар зери акси худ ва атри фармоишияш навишт, ки "имрӯз рӯзи хос аст! Атри Шабнам охиран ба Душанбе расид".

Ба навишаи Шабнам, тавлиди ин атр ба рӯзи мавлудаш рост омад ва барои ӯ ин беҳтарин ҳадя ба ҳисоб меравад. Шабнам аз заҳмати худ ва гурӯҳаш дар тавлиди ин атр таъкид намуда, гуфт, ки акнун тамоми мухлисони ӯ метавонанд дар Тоҷикистон атри "Shabnam Surayo"- ро дастрас намоянд.

Зимнан, барои фурӯши атри "Shabnam Surayo" дар интернет ҳатто сомонаи махсуси www.ss-beauty.de  сохта шудааст.

Нашри суруди ҷадиди Шабнами Сурайё, аз эҷодиёти Далер Назаров - навори пурра

Бар тибқи нархномае, ки дар сомонаи мазкур гузошта шудааст, арзиши як шиша атр ба 105 доллари амрикоӣ баробар аст.

Овозхони тоҷик мегӯяд, сад харидори аввал бо соядасти ӯ соҳиби атр мешаванд.

Чанде қабл,  Шабнами Сурайё дар сафҳаи худ дар Инстаграм навори соядаст гузоштани худ дар чанд варақаҳо, ки зоҳиран унвонии сад харидори аввали ин атр навишта шудааст, гузошта буд.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от Шабнами Сураё (@shabnamsurayooffiicial)

308
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Олмон, Шабнами Сурайё