Усмонали Усмонзода, министр энергетики и водных ресурсов Таджикистана

Эрон бо Тоҷикистону Сурия густариши ҳамкорӣ дар масоили обро баррасӣ кард

278
(Таҷдидшуда 15:27 26.09.2020)
Вазири нерӯи Эрон дар гуфтугӯи видеоконфронсии ҷудогона бо вазири манобеи обии Сурия ва вазири энергетика ва захоири обии Тоҷикистон, бар иҷрои мафоди тафоҳумномаи муштараки ҳамкориҳои обӣ таъкид кард

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Ризои Ардакониён, вазири нерӯи Эрон ва Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захоири обии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯи видеоӣ бо ишора ба пайвандҳои амиқи фарҳангӣ ва таърихии ду кишвар ва вуҷӯди зарфиятҳои фаровон барои ҳамкорӣ, бар тавсеъаи ҳарчӣ бештари равобит дар тамомии заминаҳо бавижа дар ҳавзаҳои иқтисодӣ ва энержӣ таъкид карданд, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.

Инфографика
© Sputnik / Данияр Асылбек уулу

Ҳамчунин Ризо Ардакониён ва Тамом Муҳаммад Раъд, вазири манобеи обии Сурия, дар гуфтугӯи видеоӣ бо ишора ба ёддошти тафоҳуми муштараки ҳамкориҳои обии ду кишвар, ташкили  кумитаи роҳбурдӣ ба раёсати муовинони вазирони нерӯ ва манобеи обии Эрон ва Сурия дар ду ҳафтаи ояндаро зарурӣ унвон карданд.

Ардакониён ва Муҳаммад Раъд тавсеаи ҳарчӣ бештари ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳавзаи об ва фозилобро хостор шуданд.

Ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳои обии Эрон ва Сурия, 22 ноябри 2019 ба имзои Ризо Ардакониён, вазири нерӯи Эрон ва Ҳусайн Арнус, вазири вақти манобеи обӣ ва нахуствазири кунӯнии Сурия расид.

278
Барчаспҳо:
энержӣ, Сурия, ҳамкорӣ, об, Эрон, Тоҷикистон
Выборы, архивное фото

Раисиҷумҳури Корея пирӯзии эътимодбахши Эмомалӣ Раҳмонро шодбош гуфт

66
(Таҷдидшуда 20:16 21.10.2020)
Мун Чже Ин, раисиҷумҳурии Корея дар номаи шодбошии худ ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, пирӯзиро дар интихоботи навбатӣ шодбош гуфтааст

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, воридоти паёмҳои шодбошӣ ба муносибати пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии 11 октябр идома доранд.

Ба иттилои манбаъ, Мун Же Ин дар паёмаш пирӯзии Эмомалӣ Раҳмонро дар интихоботи навбатӣ эътимодбахш хонда, афзудааст табрикотро ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

"Муътақидам, ки таҷрибаи ғании Шумо дар соҳаи сиёсати давлатӣ дар оянда низ ба субот, тараққӣ ва шукуфоии кишваратон мусоидат хоҳад кард", - омадааст дар иттилоия.

Мун Же Ин изҳори хушнудӣ кардааст, ки аз лаҳзаи барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ дар соли 1992 муносиботи дуҷониба дар соҳаҳои гуногун ба таври мунтазам рушд меёбанд.

"Самимона изҳори боварӣ менамоям, ки дар якҷоягӣ бо Шумо ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд ва самарабахши байни кишварҳоямонро тавсеа хоҳем бахшид", - таъкид кардааст раисиҷумҳури Корея.

Мун Же Ин ба Эмомалӣ Раҳмон саломатии қавӣ ва ба мардуми тоҷик сулҳу шукуфоӣ таманно намудааст.

66
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, интихобот, Тоҷикистон
Женщина в защитной маске в городе Душанбе

Омори коронавирус дар Тоҷикистон барои имрӯз: 51 кас шифо ёфту 39 нафар мариз шуд

234
(Таҷдидшуда 19:06 21.10.2020)
Дар Тоҷикистон сафи мубталоёни маризии сироятии коронавирус аллакай ба 10 613 нафар расид. Ҳамчунин аз ин маризӣ 80 нафар ҷон бохтанд

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 39 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, аз 30 апрел то 20 октябр сафи муталоёни коронавирус ба 10613 нафар расид.

Марги 332 маризи коронавирус дар Эрон давоми як рӯз

Зимнан, дар як шабонарӯзи охир 51 нафар пас аз табобат ба хонҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 9668 нафар баробар гардид. Ҳамчунин табибон ҷони 80 маризи коронавирусро натавонистанд наҷот диҳанд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ аз тамоми шаҳрвандон дархост менамоянд, ки ба риоя нам удани чораҳои пешгирикунанда аз ин беморӣ диқати ҷиддӣ равона созанд.

234
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
ДТП в Санкт-Петербурге, на проспекте Косыгина

Боз садама дар тӯй: мошин бо домоди тоҷику арӯсаш ба истгоҳ бархӯрда, чаппа шуд

856
(Таҷдидшуда 21:25 21.10.2020)
Мошини Hyundai, ки ҳомили домоди тоҷику арӯсаш будааст, дар рӯзи тӯй дар шаҳри Санкт-Петербург дар истгоҳ чаппа шудааст

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар шаҳри Санкт-Петербург мошин аз қатори тӯёна дучори садама шуд, хабар медиҳад Сарраёсати ҳолатҳои фавқулодда.

Сонеҳаи нақлиётӣ тақрибан соати 15 дар хиёбони Косигин рух додааст. Тавре маълум шудаст, дар мошин домод аз Тоҷикистон ва арӯсаш аз Русия қарор доштаанд, ки дар роҳ ба идораи сабти издивоҷ қарор доштаанд.

Дар бораи тафсилоти садама ба “Фонтанка” ронанд ва дӯсти домод, Мӯъминҷон нақл кардааст.

“Мошини “Лексус” ранги сурхи чароғакро сарфи назар карда, ба пушти мошини мо бархӯрд. Дар натиҷа мошини мо “Ҷип”-ро харошида, чаппа гардид", - хабар додааст “Фонтанка” аз қавли дӯсти домод.

Ӯ афзудааст, ки хушбахтона дар ин ҳодиса касе осеби ҷиддӣ надид, аммо ҷуфти ҷавон натавонист ба идораи САҲШ расад.

Манбаъ таъкид кардааст, ки феълан таҳқиқи ҳодисаи мазкур аз ҷониби нозирони роҳ идома дорад.

856
Барчаспҳо:
садама, Русия