Даргузашти полковник Абдуҷамил Шукуров, собиқ сардори Раёсати зиндонҳои Суғд

© Sputnik / Стас ЭтвешПохороны в Таджикистане, архивное фото
Похороны в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдуҷамил Шукуров, собиқ сардори Раёсати зиндонҳо дар вилояти Суғд дар синни 68 солагӣ аз олам даргузаштааст

ДУШАНБЕ, 28 сен – Sputnik. Як манбаъи наздик ба хонаводаи марҳум ин хабарро ба Sputnik Тоҷикистон таъйид кард ва гуфт, ки Шукуров барои табобат ба Бемористони клиникавии Суғд бо иллати “илтиҳоби шуш” интиқол шуда буд, вале рӯзи 25 сентябр ҷон ба Ҷонофарин супурд.

 “Шукуров дар хона табобат мегирифтанд. Ду се рӯзи пеш ба Бемористон интиқол ёфта, рӯзи 25 бандагӣ кардаанд”, - гуфт манбаъ.

Полковник Абдуҷамил Шукуров соли 1952 дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст.

Аввалин раиси Суди Олӣ Шароф Маҳмудов даргузашт - Sputnik Тоҷикистон
Аввалин раиси Суди Олӣ даргузашт, касе ки истиқлолияти Тоҷикистонро расмият бахшид

Ӯ бештар аз чиҳил сол дар муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлия дар шаҳрҳои Истаравшан ва Хуҷанди вилояти Суғд кор кардааст. Аз ҷумла то соли 2002, ҳудуди бист сол сардори зиндони № 3/5 дар шаҳри Хуҷанд буд. Соли 2003 ба ибтикори Шукуров дар вилояти Суғд, Раёсати зиндонҳо таъсис дода шудааст.

Аз 2003 то соли 2009 Шукуров дар вазифаи сардори ин Раёсат кор карда, сипас ба нафақа баромадааст.

Бино ба иттилоъи манобеъ, ҷанозаи Абдуҷамил Шукуров дар зодгоҳаш деҳаи Хистеварз баргузор шудааст.

Рӯзи 26 сентябр дар маросими фотиҳахонӣ дар хонаи истиқоматиаш воқеъ дар маҳаллаи 13 уми Хуҷанд ба ҳисоби пайвандону дӯстони марҳум, шумори зиёди низомипӯшон иштирок кардаанд.

Собиқ сардори Расати зиндонҳои Суғд Абдуҷамил Шукуров аз шумори даҳҳо полковникҳо аст, ки дар замони хуруҷи пандемияи “вируси корона” дар айни бознишастагӣ зиндагиро тарк карданд.

Лентаи хабарҳо
0