Туристы в городе Гиссар в Таджикистане

Мақомот: пас аз пандемия барои барқароршавии бахши гардишгарӣ аз 3 то 4 сол лозим аст

272
(Таҷдидшуда 11:49 28.09.2020)
Муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон эълон кардааст, ки бемории COVID-19 зарарҳои зиёде ба бахши гардишгарии кишвар расонда аст

ДУШАНБЕ, 28 сен – Sputnik. Камолиддин Муъминзод, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон қайд кардааст, ки густариши вируси корона сабаби зарарҳои вазнин ба бахши гардишгарии Тоҷикистон шуд ва барои эҳёи дубораи ин соҳа аз се то чаҳор сол лозим аст, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.

Ҳамзамон вай таъкид доштааст, ки дар ҳоли ҳозир яке аз иқдомҳои муҳим дар ин маврид рушди гардишгарии дохилӣ аст, ки ҳануз ҳам тоҷикистониҳо ба ин мавзӯъ тавваҷуҳ нишон намедиҳанд.

Оқои Муъминзода зикр кардааст, ки солҳои қабл сайру сафарҳои дохилӣ дар ин кишвар ба манзури ошноӣ бо ҷозибаҳои гардишгарӣ ривоҷ наёфта буд.

Ба гуфтаи муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон густариши вируси корона  муҷиби аз даст додани як миллион нафар гардишгари хориҷӣ дар соли ҷорӣ шуд, ки метавонистанд манбаъҳои молии зиёде ба буҷети ҳукумати Тоҷикистон ворид кунанд.

 Гуфта шудааст, ки дар соли 2019 ҳудуди 1 миллиону 254 ҳазор гардишгари хориҷӣ вориди Тоҷикистон шуданд, ки имсол ба далели густариши бемории КОВИД 19 ин раванд мутаваққиф шуд.

272
Барчаспҳо:
барқароршавӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, беморӣ, вируси корона, гардишгарӣ, Тоҷикистон
Офис в здании МИА Россия сегодня в Москве.

Тоҷикистон мехоҳад дуркориро қонунӣ кунад

17
(Таҷдидшуда 16:03 20.10.2020)
Вакилони Маҷлиси намояндагон масъалаи қонунӣ намудани кори фосилавӣ дар ҷумҳуриро баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар ҷаласаи рӯзи 19 - уми октябр вакилони парлумон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" - ро мавриди баррасӣ қарор доданд, хабар медиҳад котиботи Маҷлиси намояндагони МО Тоҷикистон. 

Дар ҷаласа қарор қабул гардид, ки бар асоси он ба як қатор қонунҳо тағйирот ворид гардид.  Аз ҷумла ҷорӣ намудани мафҳуми "кори фосилавӣ" мебошад.

Вобаста ба тағйироти пешниҳодгардида ба моддаи 1 қонуни амалкунанда сархатҳои якум, ҳаштум ва дувоздаҳум, ки фарогири мафҳумҳо оид ба "бекорӣ", "кори мувофиқ" ва "мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ" мебошанд, дар таҳрири нав  баён карда шуда, ҳамзамон сархати нуҳум бо мазмуни "кори фосилавӣ" илова карда шудааст. Ин чунин маъно дорад, ки дар оянда фаъолияти меҳнатии онҳоро Кодекси меҳнати Тоҷикистон муайян мекунад.

Вазъи шадиди COVID - 19 дар Русия: 16 ҳазор мариз ва фавти 179 кас дар як рӯз

Зимнан, дар шаҳри Маскав бар тибқи қарори Сергей Собянин низоми дуркориро тамдид карда шуд.

"Аз 28 сентябр ба сокинони солхӯрдаи шаҳри Маскав ва ашхоси гирифтори бемориҳои музмин хонашинӣ ва ба раҳбарияти ташкилоту корхонаҳо ба низоми дуркорӣ гузаронидани коргарон, тавсия дода мешавад", - таъкид мешуд дар қарори Собянин

Ба гуфти раиси шаҳр, барои баромадан аз хона ягон намуди ҷарима ҷорӣ намешавад. Кортҳои нақлиётии одамони солхӯрда дар нақлиёти ҷамъиятӣ бекор нашуда, варзиши оммавӣ низ иҷоза дода мешавад.

17
Барчаспҳо:
кор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Неделя моды в Душанбе. архивное фото

Атри "Шабнами Сурайё", ки дар Олмон тавлид шуд, дар Тоҷикистон 105 доллар фурӯхта мешавад

265
(Таҷдидшуда 15:20 20.10.2020)
Овозхони саршиноси Тоҷикистон Шабнами Сурайё дар Олмон атреро бо номи худ фармоиш додааст ва ҳоло ин атр тавлид шуда, ба Тоҷикистон барои фурӯш ворид шуд

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Бобати тавлид шудани ин атр дар Олмон, худи сароянда дар сафҳаи худ дар Инстаграм хабар дод.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Имрӯз рӯзи хос аст! Атри Шабнам охиран ба Душанбе расид. 🤍✨

Публикация от Шабнами Сураё (@shabnamsurayooffiicial)

Шабнами Сурайё дар зери акси худ ва атри фармоишияш навишт, ки "имрӯз рӯзи хос аст! Атри Шабнам охиран ба Душанбе расид".

Ба навишаи Шабнам, тавлиди ин атр ба рӯзи мавлудаш рост омад ва барои ӯ ин беҳтарин ҳадя ба ҳисоб меравад. Шабнам аз заҳмати худ ва гурӯҳаш дар тавлиди ин атр таъкид намуда, гуфт, ки акнун тамоми мухлисони ӯ метавонанд дар Тоҷикистон атри "Shabnam Surayo"- ро дастрас намоянд.

Зимнан, барои фурӯши атри "Shabnam Surayo" дар интернет ҳатто сомонаи махсуси www.ss-beauty.de  сохта шудааст.

Нашри суруди ҷадиди Шабнами Сурайё, аз эҷодиёти Далер Назаров - навори пурра

Бар тибқи нархномае, ки дар сомонаи мазкур гузошта шудааст, арзиши як шиша атр ба 105 доллари амрикоӣ баробар аст.

Овозхони тоҷик мегӯяд, сад харидори аввал бо соядасти ӯ соҳиби атр мешаванд.

Чанде қабл,  Шабнами Сурайё дар сафҳаи худ дар Инстаграм навори соядаст гузоштани худ дар чанд варақаҳо, ки зоҳиран унвонии сад харидори аввали ин атр навишта шудааст, гузошта буд.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от Шабнами Сураё (@shabnamsurayooffiicial)

265
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Олмон, Шабнами Сурайё