Глава ЦИК Бахтиёр Худоёрзода огласил результаты парламентских выборов

Бахтиёр Худоёрзода ба нозирон САҲА аз омодагиҳои интихоботӣ маълумоти пурра дод

192
(Таҷдидшуда 16:41 28.09.2020)
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон бо нозирони байналмилалӣ интихоботи қарибулвуқуи президентиро, баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бино бар иттилои КМИР,  имрӯз Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба арзёбии интихобот таҳти роҳбари Ивилина Алексиева-Робинсон, ки ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, дидору гуфтугӯ кард.

Манбаъ таъкид доштааст, ки раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон оид ба фаъолияти ошкорои Комиссия вобаста ба тайёрӣ ва баргузор намудани интихоботи Президенти Тоҷикистон ба ҳайати мушоҳидон иттилоъ дод.

Гуфта шудааст, ки зимни суҳбат ҷиҳати шаффоф ва демократӣ гузаронидани интихоботи дарпешистода Комиссия дар самти фаъолгардонии электорат, пешбурди корҳои иттилоотию машваратӣ, истифодаи платформаҳои нави иттилоотӣ дар ин раванд, ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ корҳои мушаххас ба анҷом расонидааст.

Инчунин таъкид шудааст, ки КМИР Тоҷикистон ҳамзамон барои ҷалби назарраси занон дар ҳайати комиссияҳои интихоботӣ, волонтёрон, риояи чораҳо вобаста ба пешгирии паҳншавии пандемияи KOVID – 19 дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ дар рӯзи интихобот, омодагии комиссияҳои интихоботӣ ба баргузории интихобот ва дигар масъалаҳои вобаста ба интихоботи Президенти Тоҷикистон корҳои мушаххас анҷом додааст.

192
Барчаспҳо:
САҲА, Интихоботи президентӣ, нозирон, раъйпурсӣ, интихобот, Тоҷикистон
Арест, архивное фото

Боздошти Муминов барои қатли тағои 70-солааш: хонаро ба ӯ нею ба додараш додааст-видео

26
(Таҷдидшуда 13:02 23.10.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри Турсунзода хабар медиҳад, ки дар қатли тағояш муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Бино ба иттилои ин ниҳод, пулиси шаҳри Турсунзода Муминов Александри 42 соларо барои қатли тағояш боздошт кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда пас аз истеъмоли машруботи спиртӣ ба хонаи тағои 70-солааш Холмуродов Темур омада, ӯро латукӯб кардааст.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷаи латукӯби шадид ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнин бардошта ҳалок шудааст.

Боздоштшуда зимни бозпурсӣ гуфт, ӯро барои он кушт, ки хонаро на ба ӯ, бал ки ба додараш Семён додааст.

“Пас аз куштор, барои пинҳон кардани ҷиноят либосҳои ӯро пинҳон карда ҷасадро тавре гузоштааст, ки гӯё ҷабрдида аз беморӣ ҳалок шудааст, аммо ташхис дар ҷисми марҳум аломатҳои марги маҷбуриро ошкор кард”,‑ афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, боздоштшуда ва фавтида робитаи хешовандӣ дошта, ҷинояти мазкур барои ба даст овардани хона сар задааст.

ВУД мегӯяд, айни ҳол нисбат ба  Муминов Александр парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

26
Барчаспҳо:
парванда, боздошт, қатл, Турсунзода, Тоҷикистон
Работница коммерческого секса с клиентом, архивное фото

Парванда алайҳи зане барои даллагӣ: як ҷуфти шаҳватпарасро шинос карда, пул гирифтааст

131
(Таҷдидшуда 12:11 23.10.2020)
Мақомоти Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд нисбати як зани 42 солаи сокини шаҳри Бӯстон барои машғул шудан ба даллагӣ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст

ДУШАНБЕ, 23 окт – Sputnik. Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД дар вилояти Суғд дар шарҳи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, зани гумонбаршаванда муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Бӯстон буда, барои бо ҳам рӯ ба рӯ намудани як ҷуфти шаҳватпараст ба даллагӣ машғул шудааст.

“Санаи 19 уми октябр, Т. Э., соли таваллудаш 1978 як марди 34 сола истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳристон ва як зани 43 солаи шаҳри Бӯстонро барои алоқаи ҷинсӣ намудан бо ҳам шинос намуда, бар ивази ин кораш 100 сомонӣ пул гирифтааст”, гуфт манбаъ.

Ин ҳолат аз тарафи шуъбачаи мубориза зидди ҷиноятҳои ахолоқии РВКД дар вилояти Суғд муайян ва ошкор карда шудааст.

Алҳол нисбати Т. Э., зани 42 сола барои даст задан ба ин кирдор бо моддаи 239 қисми 1 (ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ)-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкоршавии ташкили ду фоҳишахона, яке дар деҳа дар Суғд - шарҳи ВКД

Мавридҳои машғул шудан ба даллагию фоҳишагии занон як мушкили умдаи ахлоқӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва мақомоти беҳдоштӣ таъкид меварзанд, ки аз ҳисоби алоқаи ҷинсии номашруъ, шумори гирифторони бемории HIV AIDS ё ВИЧ СПИД бештар рақам зада мешавад.

131
Барчаспҳо:
даллагӣ, парванда, боздошт, Суғд, Тоҷикистон