Мушкилӣ дар марзи Қазоқистон нархи газро дар Тоҷикистон боз боло бурд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкГазозаправочная станция, архивное фото
Газозаправочная станция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Арзиши гази моеъ, яке аз умдатарин маводи сӯхт дар Тоҷикистон дубора боло рафтт. Иллати гарон шудани нархи газ ба мушкилиҳо дар марзи Қазоқистон рабт дода мешавад

ДУШАНБЕ 29 сен – Sputnik. Тайи ду рӯзи охир қимати гази моеъ дар аксар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон то 10 дарсад баланд рафта ба 4, 4 ва 4, 5 сомонӣ баробар шудааст.

Баъзе аз роҳбарони таъмингоҳҳои фурӯши сӯзишворӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон сабаби гарон шудани газро ба мушкили воридот намудани он шарҳ доданд.

"Чанд рӯзи охир, ворид кардани газ аз ҳудуди давлати Қазоқистон мушкил шудааст. Ҳоло ин маводи сӯхт аз қаламрави кишвари Русия ба Тоҷикистон ворид карда мешавад. Аз ҳисоби дур будани роҳ хароҷот зиёд аст ва бинобар ҳамин, каме нархи фурӯш ҳам боло рафтааст", - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба дунболи гарон шудани гази моеъ, дар оғози моҳи сентябр хабар дода буд, ки баъзе аз ширкатҳои фурӯши сӯзишвориро ба андозаи 1,1 миллион сомонӣ ҷарима кардааст.

Дмитрий Гусев - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос гуфт, ки мушкилии харидории газ аз Ӯзбекистон барои Тоҷикистон дар чист

Он замон қимати ин маводи сӯхт то ба 4,7 сомонӣ дакка зада буд. Абдумаҷиди Мӯъминзод, сардори Хадамоти зиддиинҳосорӣ дар шарҳи ҷаримаи ширкатҳо гуфта буд, ки баъзеҳо хароҷоти изофиро ба сари воридоти газ ҳамроҳ намуда, беасос нархи фурӯши онро баланд кардаанд.

Баъд аз эълони ҷаримаи ширкатҳо дар оғози моҳи сентябр нархи газ то ба 4,2 ва 4 сомонӣ поён рафт, вале ҳоло дубора қимати он ба 4,4 ва дар беъзе фурӯшгоҳҳо то ба 4,6 сомонӣ боло рафтааст.

Баъди даҳ сол дар Суғд “бӯи” газ меояд

Дар Тоҷикистон маводи сӯхт аз хориҷа умдатан аз Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад.

Дар соли гузаштаи 2019 бино ба маълумотҳои омории мақомоти гумрук беш аз 430 ҳазор тон гази моеъ, қариб 180 ҳазор тон бензин ва ҳудуди 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ба кишвар ворид шудааст.

"Фароз", "Газпром", "Газойл", "Ориё", "Роҳи Сомон нафт", "Се ганҷ" ва "Суғднефт" аз ҷумлаи ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Лентаи хабарҳо
0