Мэр города Душанбе Рустам Эмомали

Шарҳи Ҳукумат дар бораи хабари бемории Рустами Эмомалӣ

10670
(Таҷдидшуда 13:19 01.10.2020)
Ҳукумати шаҳри Душанбе бо нашри як изҳорот хабарҳо дар бораи бемории Рустами Эмомалиро, ки гӯиё мубталои бемории саратон мебошад, шарҳ додааст

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе навишт, 29 сентябри соли 2020 дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумоти бардурӯғ ва ё бо истилоҳи имрӯза “фейк” дар бораи вазъи саломатии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ паҳн карда шуд.

"Навиштан ва паҳн кардани чунин иттиллоти бардурӯғ дар бораи роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи интихоботи президентӣ яке аз усулҳои нопоки бадхоҳони кишвари мо мебошад. Ин иғвогарии барқасдона ба ноором кардани вазъи иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистон равона шудааст", - омадааст дар изҳорот.

Таъкид шудааст, ки мо бо тамоми масъулият изҳор медорем, ки маълумот дар бораи бемории эҳтимолии Рустами Эмомалӣ ва табобати ӯ дар давлати Исроил ба воқеият мувофиқат намекунад.

Шаҳрдорӣ дар бораи гӯиё ҷарроҳии Рустами Эмомалӣ дар Исроил

"Дар фейкҳои шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта мешавад, ки гӯё мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ, соли 2019 ба давлати Исроил ташриф оварда, дар он ҷо ӯро ҷарроҳӣ карданд. Тавре ки шумо медонед, муҳтарам Рустами Эмомалӣ як шахсияти ҷамъиятӣ ва шахси расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва аз ин рӯ сафарҳои ӯ, бахусус ташрифҳои хориҷӣ, ҳама вақт мавриди таваҷҷуҳи ВАО-и ватанӣ ва хориҷӣ аст. Агар муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар воқеъ соли 2019 ба давлати Исроил сафар мекард, пас ин иттилоот ҳанӯз дар соли 2019 дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ пайдо мешуд", - таъкид кардааст шаҳрдорӣ.

Манбаъ афзудааст, маҳз дар арафаи интихоботи президентӣ, ки 11 октябри соли 2020 дар Тоҷикистон баргузор мегардад, дар фазои иттилоотии интернет пайдошавии маълумоти бардурӯғ дар бораи сафари эҳтимолии Рустами Эмомалӣ ба давлати Исроил, худ далели он аст, ки он маълумоти носаҳеҳ ва ғаразнок аст.

"Мо расман изҳор менамоем, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳеҷ гоҳ барои табобат ё мақсадҳои дигар ба давлати Исроил сафар накардааст", - таъкид кардаст манбаъ.

Шаҳрдорӣ афзудааст, ки Рустами Эмомалӣ комилан солим ва нерӯманд аст, ки онро баҳри ободонии шаҳри Душанбе ва умуман кишвар сарф мекунад.

"Ҷавонӣ, некбинӣ ва саломатии аъло ба ӯ имкон медиҳад, ки бори иловагиро бар дӯш гирад ва имрӯз ӯ вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ иҷро мекунад. Аз ин рӯ, мо ба ҳамватани азиз муроҷиат намуда, даъват менамоем, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба иғвоҳои бадхоҳони Ватанамон дода нашаванд", - омадааст дар муроҷиатномаи ҳукумати Душанбе.

Хабарҳо дар бораи бемории Рустами Эмомалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз қавли Дани Энгел, як масъули бемористон дар Исроил нашр шуда буданд, ки бар асоси он, гӯиё шаҳрдори Душанбе гирифтори бемории саратон буда, дар Исроил ҷарроҳӣ шуда, табобат ёфтааст.

​Баъдан маълум шуд, ки ин саҳифаи тақаллубие мебошад, ки ба Дани Энгел тааллуқ надорад. Шаҳрдории Душанбе нашри ин хабарро иғвоангезӣ дар арафаи интихоботи раисиҷумҳури Тоҷикистон хонда, онро бепоя арзёбӣ кардааст.

 

10670
Барчаспҳо:
шарҳ, Ҳукумат, беморӣ, Рустами Эмомалӣ, Тоҷикистон
Арест, архивное фото

Боздошти Муминов барои қатли тағои 70-солааш: хонаро ба ӯ нею ба додараш додааст-видео

37
(Таҷдидшуда 13:02 23.10.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри Турсунзода хабар медиҳад, ки дар қатли тағояш муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Бино ба иттилои ин ниҳод, пулиси шаҳри Турсунзода Муминов Александри 42 соларо барои қатли тағояш боздошт кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда пас аз истеъмоли машруботи спиртӣ ба хонаи тағои 70-солааш Холмуродов Темур омада, ӯро латукӯб кардааст.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷаи латукӯби шадид ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнин бардошта ҳалок шудааст.

Боздоштшуда зимни бозпурсӣ гуфт, ӯро барои он кушт, ки хонаро на ба ӯ, бал ки ба додараш Семён додааст.

“Пас аз куштор, барои пинҳон кардани ҷиноят либосҳои ӯро пинҳон карда ҷасадро тавре гузоштааст, ки гӯё ҷабрдида аз беморӣ ҳалок шудааст, аммо ташхис дар ҷисми марҳум аломатҳои марги маҷбуриро ошкор кард”,‑ афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, боздоштшуда ва фавтида робитаи хешовандӣ дошта, ҷинояти мазкур барои ба даст овардани хона сар задааст.

ВУД мегӯяд, айни ҳол нисбат ба  Муминов Александр парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

37
Барчаспҳо:
парванда, боздошт, қатл, Турсунзода, Тоҷикистон
Работница коммерческого секса с клиентом, архивное фото

Парванда алайҳи зане барои даллагӣ: як ҷуфти шаҳватпарасро шинос карда, пул гирифтааст

139
(Таҷдидшуда 12:11 23.10.2020)
Мақомоти Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд нисбати як зани 42 солаи сокини шаҳри Бӯстон барои машғул шудан ба даллагӣ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст

ДУШАНБЕ, 23 окт – Sputnik. Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД дар вилояти Суғд дар шарҳи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, зани гумонбаршаванда муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Бӯстон буда, барои бо ҳам рӯ ба рӯ намудани як ҷуфти шаҳватпараст ба даллагӣ машғул шудааст.

“Санаи 19 уми октябр, Т. Э., соли таваллудаш 1978 як марди 34 сола истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳристон ва як зани 43 солаи шаҳри Бӯстонро барои алоқаи ҷинсӣ намудан бо ҳам шинос намуда, бар ивази ин кораш 100 сомонӣ пул гирифтааст”, гуфт манбаъ.

Ин ҳолат аз тарафи шуъбачаи мубориза зидди ҷиноятҳои ахолоқии РВКД дар вилояти Суғд муайян ва ошкор карда шудааст.

Алҳол нисбати Т. Э., зани 42 сола барои даст задан ба ин кирдор бо моддаи 239 қисми 1 (ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ)-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкоршавии ташкили ду фоҳишахона, яке дар деҳа дар Суғд - шарҳи ВКД

Мавридҳои машғул шудан ба даллагию фоҳишагии занон як мушкили умдаи ахлоқӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва мақомоти беҳдоштӣ таъкид меварзанд, ки аз ҳисоби алоқаи ҷинсии номашруъ, шумори гирифторони бемории HIV AIDS ё ВИЧ СПИД бештар рақам зада мешавад.

139
Барчаспҳо:
даллагӣ, парванда, боздошт, Суғд, Тоҷикистон