Дуло автомата

Ғазаби ҷавони 24 -сола пас аз ҷавоби радди хусур барои овардани ҳамсар: 4 ҳамсояро парронд

4560
(Таҷдидшуда 11:37 01.10.2020)
Сокини 24 - солаи Конибодом, вақте ба бозпас овардани ҳамсараш аз хонаи хусур муваффақ нашуд, дар ҳолати мастӣ 4 ҳамсояро бо силоҳи оташфишон парронд

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон сокини 24 - солаи шаҳри Конибодомро боздошт намуданд, ки дар сӯиқасд ба одамкушӣ муттаҳам дониста мешавад.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 30 сентябр, тахминан соати 00:05-дақиқа, ҷавони 24 - солаи сокини ҷамоати деҳоти Пулотони шаҳри Конибодом дар ҳолати мастӣ, бо баҳонаи бозпас овардани ҳамсараш, ҷавонзани 23 - сола ба хонаи истиқоматии падарарӯсаш рафт.

Раҳмон Набиев: парронанд, паррондан гиранд, ман истеъфо намедиҳам - идома

Номбурда аз ҳиссиёти авбошӣ бо падарарӯсаш ва аъзоёни оила суханҳои қабеҳ гуфта, бо сими оҳанин шишаи дари даромадгоҳ, тиреза ва телефони мобилии номбурдаро шикастааст.

"Гумонбаршаванда ба хонаи истиқоматиаш рафта, бо силоҳи оташфишонии тамғаи "Тула", қутраш 16 - мм мусаллаҳ гашта, дар хонаи хоби худ як маротиба ба тарафи дари баромадгоҳ паронида, сипас, ба кӯча баромада, ба тарафи ҳавлиҳои №24 ва 52-и кӯчаи Ҳолматов рафтааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, ҳамсоягонаш ҷавонони 18, 24 ва мардони 28 ва 31 - сола овози тирро шунида, аз хонаҳои истиқоматиашон ба кӯча баромаданд, ки дар натиҷа гумонбаршаванда аз ҳиссиёти авбошӣ якчанд маротиба ба тарафи онҳо тир холи кардааст.

Гуфта мешавад, нафарони дар боло зикргардида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Фоҷиа: кӯдак тасодуфан бародарашро парронд

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 237 қисми 3 ва 32 қисми 3, 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

4560
Барчаспҳо:
боздошт, ҷавон, Конибодом
Люди в масках в городе

Вазорат: 851 нафар гирифтори коронавирусанд, 10 ҳазор шифо ёфтанд

63
(Таҷдидшуда 19:21 27.10.2020)
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 41 мавриди нави гирифторшавӣ ба маризии коронавирус ба қайд гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 27 октября — Sputnik. Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 27 октябр 10860 ҳолатро ташкил дод.

"Дар як шабонарӯзи охир 58 нафар пас аз табобат ба хонҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10009 (92,1%)  баробар гардид", - таъкид мешавад дар хабар.

Ҳамчунин дар Тоҷикистон ҷамъан аз маризии COVID- 19 81 нафар фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

63
Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Подростки

Бо корд ҳамла кардани ноболиғ ба хонандагони синфи 10: пулис волидонро ҷарима кард- навор

157
(Таҷдидшуда 16:37 27.10.2020)
Ҷавони 17 - сола бо ҳамроҳии ду дӯсти дигараш барои ҳал кардани нофаҳмиҳо миёни ӯ ва хонандагони синфи 10, мактаби № 92, ба яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе омада, бо корд ба онҳо таҳдид кард

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Навори муноқишаи ду гурӯҳ ҷавонону ноболиғон дар шаҳри Душанбе, аз ҷониби раҳгузаре сабт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд. 

Зимнан, кормандони милитсияи пойтахт навори мазкуро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин навор навраси 17 - сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, хонандаи курси 2 - и Литсеи касбӣ - политехникӣ бо ҳамроҳии ду нафар рафиқони худ, яке ҷавони 19 - сола, дигаре ҷавони 15 - сола ба хотири қасдгирӣ аз хонандагони синфи 10 - и МТМУ № 92 дар ноҳияи Сино, онҳоро ба муноқиша даъват кардаанд.

Вазорати маорифи ҶТ омӯзгореро, ки бо донишомӯз задухӯрд карда буд, танбеҳ дод

Манбаъ меафзояд, ҳодисаи мазкур рӯзи 25 октябр рух додааст. Чаҳор нафар хонандагони синфи 10 - и муассисаи мазкур ба хотири ба қавле ҳал намудани нофаҳмиҳои ба миён омада, ба макони муайяншуда рафтаанд.

Дар навор ҷавони 17 - сола бо корд ба хонандаҳо таҳдид намудааст, ки дар натиҷа, ҳамаи онҳо пароканда шуданд.

РВУД дар шаҳри Душанбе таъкид мекунад, ки нисбати волидайни ноболиғон бо моддаи 90 - Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, барои бемасъулиятӣ ва ҳунукназарӣ нисбати таълиму тарбияи фарзанд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Волидони кӯдакон ҷаримабандӣ ва худи онҳо ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд.

157
Барчаспҳо:
ноболиғ, ҳамла, корд, Душанбе
Дети в защитных масках

Таъсир ба наслҳо: табиб оқибатҳои хатарноки коронавирус дар кӯдаконро гуфт

0
(Таҷдидшуда 18:15 27.10.2020)
Мутахассисон кӯдакони гирифтори коронавирусро муоина карда, оқибатҳои хатарнокро муайян кардаанд

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Кӯдаконе, ки гирифтори коронавируси нав ҳастанд, метавонанд ба оқибатҳои вазнин дучор оянд, мегӯяд Лайло Намозова-Баранова, раиси кумитаи иҷроияи Иттиҳоди педиатрҳои Русия.

Ба гуфтаи вай, ташхиси кӯдаконе, ки сироят ёфтаанд, таҳдиди камборвариро нишон дод.

"Назорати кӯдаконе, ки ба ягон намуди сирояти коронавирус гирифтор шудаанд, ҳатмист" гуфт коршинос.

Тибқи натиҷаҳои пурсиш, пас аз коронавирус дар беморони хурдсол, 30% коҳиш ёфтани функсияҳои маърифатӣ ба қайд гирифта шудааст.

Чунин нишондиҳандаҳо ҳатто дар кӯдаконе ёфт шудаанд, ки бемории бе аломат доштанд.

Олимон гуфтанд, кадом омил хавфи марг аз коронавирусро дучанд мекунад

"Пас аз гирифторӣ ба сирояти коронавирус, писарон тағироти ҷиддии сперматогенезро аз сар мегузаронанд. Дар оянда ин моро бо мушкилоти камборварии наслҳои оянда таҳдид мекунад", - хулоса кард мутахассис.

0