В школе-интернате №1 для детей-сирот в городе Душанбе

Раҳмон ба 50 ятим дар ноҳияи Рӯдакӣ пулу тӯҳфа тақдим карда, чанд маслиҳат дод

121
(Таҷдидшуда 13:41 01.10.2020)
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонӣ ба 50 ятими кулли ноҳияи Рӯдакӣ тӯҳфаҳои моддию пулӣ тақдим намуд

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ ба 50 нафар ятимони кулл пул ва тӯҳфаҳо тақдим намуд, хабар медиҳад котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, мулоқоти Раҳмон бо кудакони ятим дар Маркази хизматрасонии "Саманд" сурат гирифт ва кишвардор дар баробари супоридани тӯҳфаҳо, ятимонро инчунин насиҳат низ кард.

Манбаъ меафзояд, дар ноҳияи Рӯдакӣ дар маҷмӯъ 2569 нафар кудакони ятим ба қайд гирифта шудаанд, ки 103 нафараш ятими кулл мебошад.

Раҳмон ва Орипов нишон доданд, чӣ гуна бояд дар давраи ҳамагирӣ салом кард - видео

Эмомалӣ Раҳмон ба кудакони бесаробонмонда насиҳат дода, афзуд ки рушду пешрафти Тоҷикистон ба саъю талоши насли наврас вобаста аст.

Сарвари давлат кудаконро ба илмомӯзӣ тарғиб карда гуфт, ки "илмҳои муосир, касбу ҳунар ва техникаву технологияро аз худ кунанд, то ояндаи онҳо дурахшон шавад".

Ёдовар мешавем, ки Маркази хизматрасонии "Саманд", ки мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо ятимон дар он баргузор шуд, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ навсозӣ гардида, атрофи иншоот чароғон карда шудааст.

121
Барчаспҳо:
тӯҳфа, кӯдакони ятим, Рӯдакӣ, Эмомалӣ Раҳмон

"Бо модарам падруд гуфта будам": Лукашенко дар бораи ҳамла ба Раҳмон гуфт - видео

68
Президенти Белорус Александр Лукашенко дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон дар бораи интихоботи президентии баргузоршуда дар Тоҷикистон гуфт

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Президенти Белорус Александр Лукашенко дар рафти сафари кориаш ба минтақаҳои кишвар бо рӯзноманигорон мулоқот кард ва аз интихоботи президентии Тоҷикистон низ гуфт. Дар ин бора телевизиони СТВ гузориш медиҳад.

Ӯ дар посух ба саволҳо дар бораи шӯришҳо дар Белорус аз интихобот дар Тоҷикистон ёдрас шуд.

"Эмомалӣ, дӯсти меҳрубони ман аст. Ман ӯ ва хонаводаашро хуб мешиносам. Дар интихобот бештар аз 91 дар сади овозҳоро ба даст овард. Ин мутлақо одилона аст. Касе ҳатто наҷунбид, касе нашӯрид, дар ҳоле ки кӯшиш карданд кишварро такон диҳанд", - қайд кард президети Белорус.

Вай афзуд, ки дар Тоҷикистон одамоне низ зиёданд, ки метавонистанд вазъро пас аз интихобот тезу тунд кунанд, аммо ҳодисае рух надод.

"Чаро? Чунки онҳо дар миёнаҳои соли 90-ум дар назди чашмони ман, ба қавле дусад ҳазор, ба қавле аз сесад то ниммиллион нафарро аз даст доданд. Он замон дар бораи инқилоби рангин намегуфтанд, он вақт исломгароҳо ғавғо бардошта буданд", - гуфт Лукашенко.

Вай қайд кард, ки шахсан ҳамон вақтҳо ба Тоҷикистон рафта буд.

Далелҳои камёфт дар бораи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

"Ва Раҳмон, ки каме аз ман калонтар аст, пурра сабз, бо ҷанг ба Душанбе ворид шуда буд. Аз почааш тир хӯрда буд. Мо он ҷо будем ва худаш нақл карда буд, ки қазия чигуна буд. "Ман, - мегуфт, - бо модарам падруд гуфта будам, зеро намедонистам, ки зинда мемонам". Ва ӯ бо мардум кишварро аз исломгароҳо тоза кард", - ба ёд меоварад президенти Белорус.

Лукашенко афзуд, ки мардуми Тоҷикистон, ки аз даҳшатҳои ҷанг гузаштаву хуб дар хотир доранд, маҳз барои ҳамин раисҷумҳури амалкунандаи Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд.

 

68
Российской военно-транспортной авиации 89 лет

Субҳ аҳволаш беҳтар буд: даргузашти нобаҳангоми Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад аз "илтиҳоби шуш"

498
(Таҷдидшуда 16:12 24.10.2020)
Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад, рӯзноманигори собиқадор ва муовини сармуҳаррири рӯзномаи ҳукуматии “Садои Конибодом” дар синни 66-солагӣ дунёи фониро падруд гуфт

ДУШАНБЕ, 24 окт – Sputnik. Абдусаттор Содиқов, сармуҳаррири рӯзномаи “Садои Конибодом” дар тайиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ҳамкораш Ашӯрмуҳаммад дар Бемористони шаҳр аз бемории монанд ба “илтиҳоби шуш” табобат мегирифт, вале зуҳри имрӯз ҷон ба Ҳақ таслим намуд.

“Ду рӯз пеш аз интиқол ёфтанашон ба Бемористон хабар ёфта будем. Суҳбат мекардем. Саҳарӣ аз ҳамсарашон пурсида будам гуфтанд, ки хеле хуб шудаанд ва иштиҳояшон ҳам беҳтар шудааст. Ҳоло наздик ба вақти зуҳр мефаҳмем, ки бандагӣ кардаанд. Хабари даргузашти Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад бе ихтиёр барои мо риққатбор аст. Ба аҳли хонавода ва дӯстонашон ҳамдардии худро мерасонам”, - зикр намуд Содиқов.

Ҷаноза шоми имрӯз соати 17:00 дар манзили рӯзноманигор баргузор шуда, ӯро дар қабристони ҷамоати Ортиқов ба хок месупоранд.

Маҳмуд (Қулдошев) Ашӯрмуҳаммад, 20- уми сентябри соли 1954 дар деҳаи Диловари ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов дар шаҳри Конибодом таваллуд шудааст. Факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии педагоги (ҳозира Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) -ро хатм карда, аз соли 1972 фаъолияти меҳнатиашро дар коргоҳи ресандагӣ бофандагии шаҳри Конибодом шурӯъ намудааст.

Даргузашти Диловари Зуҳуриён, оҳангсози шинохта баъди тӯйаш-аксу видео

Солҳои 1982-1992 ӯ дар вазифаҳои ходими илмӣ, мудири шуъба ва муовини сармуҳарри рӯзномаи ҳизбии “Машъали комунизм” кор кардааст. Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад як муддат раиси бахши конибодомии Бунёди забони байналмиллалии забони форсии тоҷикиро бар уҳда доштааст.

Дар солҳои 1993 - 2000 мушовири созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар Суғд фаъолият намуда, солҳои 2000-2011 хабарнигори ҳафтавори мустақили “Суғд” дар шаҳри Конибодом буд. Соли 2011 ба рӯзномаи ҳукуматии “Садои Конибодом” пайваст.

Дар оғоз котиби масъул буд, ва нафаси охири муовини сармуҳарри ин рӯзномаро бар уҳда дошт. Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад аз рӯзноманигорони сермаҳсуле шинохта мешавад, ки дар инъикоси масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа нақши басо назаррасе доштааст.

Ӯ ҳамчунин дар нашри чанд китоб аз ҷумла силсилаочеркҳои “Ҳаёти одамони наҷиб” ва “Дар кӯи некномӣ” саҳм гузоштааст. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, дорандаи унвони Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва барандаи ҷоизаи журналистии ба номи Ҳоҷи Содиқ мебошад.

Қарор аст, имрӯз соати 17 и бегоҳ ҷанозаи Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад дар зодгоҳаш дар деҳаи Диловарони шаҳри Конибодом баргузор гардад. Ин дуюмин мавриди даргузашти рӯзноманигорон аз бемории “илтиҳоби шуш” гуфта мешавад, ки талафоти он ҷуброннопазир аст.

Рӯзи 13 октябр Мавлуда Рофиева, хабарнигори Ожонси иттилоотии Asia - Plus ва роҳбари дафтари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар синни 57 - солагӣ аз олам даргузашт.

498

Ҳабиб урён ва Гейҷи бо ниқоб: навори вазнченкунии размикорон

0
(Таҷдидшуда 16:46 24.10.2020)
Қабл аз муҳорибаи дарпешистодаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов а Ҷастин Гейҷӣ, маросими вазнченкунии онҳо баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 24 окт – Sputnik. Қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов имрӯз бори саввум барои ҳифз намудани камрбанди қаҳрамонияш талош мекунад. Қабл аз муҳориба, ҳар ду размикорро болои тарозу бароварда, вазнашонро санҷиданд.

Бар тибқи натиҷаи маросими вазнченкунӣ, Ҳабиб ва Гейҷи вазни баробар доштанд. Ҳар ду варзишгар 70 килограмму 300 грам вазн доранд.

Ҳабиб тамоман урён  болои тарозу баромад ва каме ҳаяҷонзада ҳам буд. Гейҷӣ бошад, бо ниқоби тиббӣ ва табассумкунон вазнашро санҷид.

Муҳорибаи онҳо шоми имрӯз соати 21:00 ба вақти Маскав ва 23:00 ба вақти Душанбе доир мешавад.

Ҳабиб ҳоло ҳамаи муҳорибаҳояшро бидуни мағлубият анҷом додааст. Рақиби ӯ бошад ҳамагӣ ду маротиба рақобатро бохт.

0
Барчаспҳо:
вазн, муҳориба, Ҳабиб Нурмуҳаммадов