Новая мечеть в Душанбе

Тоҷикистон кай дари масоҷидро ба рӯи намозгузорон мекушояд?

1166
(Таҷдидшуда 18:23 01.10.2020)
Дар Тоҷикистон ҳамоно дар робита ба авҷи маризии сироятии коронавирус дари масҷидҳо барои намозгузорон баста аст

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам намозгузорӣ дар масҷидҳо номумкин аст, хабар медиҳад Парс тудей.

Манбаъ аз қавли Эмомалӣ мирзоев сухангӯи Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ба далели калонсол будани синну соли аксар намозгузорон дар кишвар, ҳоло санаи дақиқи бозкушоӣ шудани дари масҷидҳо номаълум аст.

Мирзоев мегӯяд, одамони калонсол ба гурӯҳи хатар шомилан ва аз ин рӯ ин масъала ҳоло мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст.

Зимнан, сухангӯи Кумитаи дин Афшини Муқим низ таъкид кардааст, ки риояти фосилаи иҷтимоӣ дар масҷидҳо кори сахт мебошад.

Нахустин намоз дар масҷиди Оя София - пахши мустақим

Ӯ мегӯяд, дар сурати беҳ шудани вазъи коронавирус дар Тоҷикистон ва фароҳам овардани шароити хуб дар масоҷид, ин масъала ҳалли худро пайдо мекунад.

Ёдовар мешавем, масҷидҳои Тоҷикистон аз рӯзи 18 апрели соли ҷорӣ тибқи дастури Шӯрои уламои исломии  кишвар ва тавсияҳои Ситоди муқобила бо вируси корона барои ҷилавгирӣ аз густариши коронавирус, баста шуд.

Қаблан, Тоҷикистон дари тарабхонаву қаҳвахонаҳоро низ баста буд. Аммо сар аз 15 - уми июл фаъолияти тарабхонаҳо аз сар гирифта шуд ва баргузории тӯю маъракаҳои хурсандӣ бо ҳузури на беш аз 30 нафар иҷозат дода шуд.

1166
Барчаспҳо:
намоз, Тоҷикистон, масҷид
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (810)
Мигрант у здания УФМС в Калининграде

Шумораи бекорон дар Тоҷикистон муайян шуд

100
(Таҷдидшуда 10:55 27.10.2020)
Дар моҳи август, 7,4 ҳазор нафар барои дарёфти кор ба хадамоти шуғли аҳолии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, ки дар натиҷа, 6 ҳазори онҳо соҳиби кор шудаанд

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Сатҳи расмии бекорӣ дар Тоҷикистон 2,1% аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъолро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ.

Тибқи иттилои ин ниҳод, аз аввали моҳи сентябр шумораи бекорони расман ба қайд гирифташуда дар Тоҷикистон 50,8 ҳазор шаҳрвандонро ташкил дод. Дар айни замон, 49,2% бекорон занон будаанд.

Гуфта мешавад, ки дар моҳи август 7,4 ҳазор нафар ба хадамоти шуғли аҳолӣ оид ба масъалаи дарёфти кор муроҷиат кардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 1,6% зиёдтар шуд.

Таъкид шудааст, аз теъдоди муроҷиаткардагон  6 ҳазорашон кор пайдо карданд.

Агентии омор қайд кардааст, ки шумораи ҷойҳои холии холӣ дар корхонаҳои эълоншуда дар хадамоти шуғл дар аввали моҳи сентябр 2,1% афзуда, дар муқоиса бо соли 2019 ба 11 ҳазор ҷой расидааст.

Эълони расмии бемкорон дар ҳолест, ки ба андешаи коршиносон сатҳи бекорӣ дар кишвар махсусан дар соли равон даҳҳо маротиба афзудааст.

Аз бекорӣ то меҳнати солиму қарзҳои имтиёзнок: дар Суғд ҳуқуқи меҳнаткашон баррасӣ шуд

Зеро бо дарназардошти пандемия ва баста шудани марзҳо, ҳама қувваи корие, ки ба муҳоҷират мерафтанд, дар кишвар банд монданд

100
Сомони и доллары, архивное фото

Коҳишёбии сомонӣ идома дорад: болоравии рублу доллар ва евро дар Тоҷикистон

141
(Таҷдидшуда 02:53 27.10.2020)
Дар Тоҷикистон тайи ҳафтаҳои ахир афзоиши ҳама асъори хориҷӣ нисбат ба сомонӣ дар ҳоли баланшавист

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Пули миллии тоҷикӣ - сомонӣ дар пасманзари болоравии қурби асъори маъмули хориҷӣ дар кишвар коҳиш ёфтаистодааст.

Танҳо доллари амрикоӣ дар тӯли ҳафтаи гузашта ва ҳоло чанд зина боло рафт.

Тибқи нишондодҳои Бонки миллии Тоҷикистон қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3395 то 10.3400 сомонӣ арзёбӣ мешавад.

Дар тӯли ду ҳафта ба доллар муяссар шуд, ки аз 10.3310 то 10.3395 сомонӣ боло равад.

Асъори аврупоӣ низ дар ҳоли суқут набуда ҳамарӯза дар баробари сомонӣ боло меравад.

Бар пояи нишондоди Бонки миллӣ имрӯз як евро 12,2265 сомонӣ арзиш дорад.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта евро 12,1354 сомониро ташкил медод. 

Рубли русӣ низ пас аз коҳишёбии шадид, дубора дорад боло меравад.

Раиси Бонки миллӣ аз мардуми Тоҷикистон хостааст долларҳоро дар хона нигаҳ надоранд

Як рубли русӣ дар овезаи Бонки миллӣ барои имрӯз 0.1349 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад то 0.1380 сомонӣ нишон дода шудааст.

Сар аз аввали моҳ рубл наздики панҷ сомонӣ боло рафтааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан коршиносони БМТ бо ишора ба пешгӯии расмии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар дар чор соли оянда гуфтанд, ки дар ин давра коҳиши солонаи сомонӣ 3% пешбинӣ шудааст.

Иқтисодшиносон ҷаҳиши рекордии доллар ва евроро пешгӯӣ карданд

БМТ шаҳврвандонро огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

 

141
Барчаспҳо:
евро, доллар, сомонӣ, рубл, қурби асъор, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон
Эмомали Рахмон в Мекке, архивное фото

Раҳмон ва Абдулқодирзода дар феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузори дунё

154
(Таҷдидшуда 10:55 27.10.2020)
Пажуҳишгоҳи исломии Уммон исми Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ва Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистонро ба феҳрасти “500 мусулмони таъсиргузор барои соли 2021” шомил кардааст.

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Рейтинги таъсирузортарин мусалмонони ҷаҳон, рӯзи гузашта нашр шуд, ки раисиҷумҳури кишвар бори шашум шомили он гаштааст.

Исми Эмомалӣ раҳмон аз соли 2012 ва номи Саидмукаррам Абдулқодирзода бошад аз соли 2015 ба феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузор роҳ ёфтаанд.

Дар сархати ин феҳрист дар соли ҷорӣ раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон қарор дорад. Пас аз ӯ шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдул-Азиз ва Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, роҳбари аъзами Эрон ҷой гирифтаанд.

Оқохони IV Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, имоми 49-умини исмоилиён дар зинаи 39-ум мақом гирифтааст. Гузоришгарон мегӯянд, аз Оқохони IV беш 15 миллион нафар дар саросари ҷаҳон пайравӣ мекунанд, ки қисме аз онҳо дар Бадахшони Тоҷикистон иқомат доранд.

Ба панҷгонаи аввал щамзамон шоҳи Урдун Абдуллоҳи II ибни Ҳусейн ал-Ҳошимӣ ва Шайх Муҳаммад Тақӣ Усмонӣ, ки яке аз олимони машҳури ислом мебошад, шомил шудаанд.

Ба TOP-50 инчунин сарвазири Покистон Имрон Хон, валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон, футболбози мисрии клуби англисии Ливерпул Муҳаммад Салоҳ ва ҳамзамон размикори шинохтаи доғистони Ҳабиб Нурмуҳаммадов шомил шудаанд .

Фардо дер мешавад: 5 пешниҳоди Шӯрои уламо ба мардуми Тоҷикистон

Дар ин рӯйхат инчунин Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисиҷумҳури Афғонистон, Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури Туркманистон ворид шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки TOP-500 аз бонуфузтарин мусалмонони ҷаҳон сар аз соли 2009 ҳамасола нашр мешавад.

154