День 2 октября

Ҷашнҳои рӯзи 2 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

99
(Таҷдидшуда 19:45 01.10.2020)
Рӯзи дуюми октябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии пиронсолон, меъморӣ ва нафароне, ки аз маҳсулоти гӯштӣ парҳез мекунанд, мебошад

Рӯзи 2 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 2002 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба имзо расид.

День 1 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2009 дар шаҳри Норак Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нақби мошингарди "Чормағзак" - ро расман ифтитоҳ намуданд.

Соли 2013 Парлумони Тоҷикистон Созишномаи Тоҷикистон ва Русия дар бораи будубоши пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия дар Тоҷикистонро  тасдиқ намуд.

Соли 2015 шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 8 млн 486 ҳазору 300 нафар расид.

Ҷашнҳои рӯзи 30 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2015 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги навшудаи Федератсияи байналмилалии футбол бо касби 156 хол мақоми 160-умро ишғол намуд.

Соли 2016 варзишгари тоҷик Ҳамроз Раҷабов дар рейтинги ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии самбо мақоми дуюм касб намуд.

Рӯзи 2 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1843 бори нахуст рӯзномаи маъруфи Британияи Кабир "The News of the World" ба нашр расид.

Соли 1891 дар Фаронса клуби футболи "Бордо" ташкил ёфт.

Соли 2001 суди болоии ИМА муваққатан Бил Клинтон (собиқ президенти ИМА)-ро аз машғул шудан ба корҳои юридикӣ манъ намуд.

Соли 1869 дар Вена бори аввал дар ҷаҳон руқъаи почтавӣ бо тамға нашр гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 2 октябр

  • Рӯзи байналмилалии пиронсолон.
  • Рӯзи байналмилалии меъморӣ.
  • Рӯзи байналмилалии нафароне, ки аз маҳсулоти гӯштӣ парҳез мекунанд.
  • Дар Ӯзбекистон — Рӯзи омӯзгорон
  • Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони прокуратура.
99
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Комроншох Устопириён, архивное фото

Танҳо Комроншоҳ ва Сомон: ширкати ду паҳлавони тоҷик дар "Тоскулоҳи бузурги Будапешт"

17
(Таҷдидшуда 14:40 21.10.2020)
Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии  Тоскулоҳи бузург, ки дар дар шаҳри Будапешти  Венгрия доир мегардад, Комроншоҳи Устопирён ва Сомон Маҳмадбеков намояндагӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Тоскулоҳи бузурги Венгрия аз 23 то 25-уми октябр доир мегардад, ки дар он аз Тоҷикистон танҳо Комроншоҳ ва Сомон ширкат мекунанд, гуфт намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ дар суҳбат ба  Sputnik Тоҷикистон.

Қаблан дар назар буд аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа панҷ варзишгар ширкат мекунад.

Аммо ба иттилои Умаралӣ Сафаралӣ  Акмал Муродов ва Темур Раҳимов натавонистанд сари вақт раводит дастрас кунанд.

“Комроншоҳ ва Сомон раводити яксолаи шенгенро доштанд, бинобар ин барои онҳо чунин мушкил пеш наомад”,-гуфт манбаъ.

Номбурда гуфт, Беҳрӯзи Хоҷазода низ бояд ширкат мекард, аммо бо сабаби лат бардоштанаш натавонист ва щоло табобат мегирад.

Тибқи маълумоти сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар Гранд слами Будапешт 459 варзишгар аз 69 давлат барои дарёфт роҳхати олимпӣ иштирок хоҳанд кард.

Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо, Мариус Визер баргузории мусобиқаи Гранд слам рӯйдоди таърихӣ хондааст.

“Ин рӯйдоди таърихӣ барои ҷаҳони ҷудо ва варзиш аст. Мо бо беқарорӣ интизорем, ки мусобиқаи Гранд сламро баргузор кунем, албатта бо қоидаи муқарраршуда ва риояи қатъии чораҳои ҳифзи саломатӣ ва бехатарӣ. Мехоҳам ба ҳама сидқан ташаккур гӯям, ки дар давраи барои ҳама душвор заҳмат кашиданд. Мо бояд бо Covid-19 мутобиқ шавем ва беҳтар чӣ аст, ки инро мо бо бозгашт ба сайри ҷаҳонии ҷудо нишон диҳем", - изҳор дошт Визер.

Ӯ таъкид кардааст, ҳамаи корро, ки бар уҳдаашон аст, иҷро мекунанд, то варзишгарон тавонанд фаъолияти варзишиашонро дубора оғоз кунанд ва худашонро нишон диҳанд.

17
Барчаспҳо:
Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Устопириён, варзишгарон, Тоҷикистон
Пользователь смотрит товары в интернет магазине, архивное фото

Суръати интернет тезтар шудааст: Тоҷикистон дар раддабандии нави “Speedtest Global Index”

55
(Таҷдидшуда 13:51 21.10.2020)
Созмони “Speedtest Global Index” Тоҷикистонро дар раддабандии ҷадидаш аз рӯи суръати интернети мобилӣ дар ҷойи 127 ва аз руйи интернети ноқилӣ дар зинаи 90 қарор додааст, ки нисбат ба нишондодҳои аввали сол 6 зина боло рафтааст

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Тибқи раддабандии ҷадиди “Speedtest Global Index”, ки бар асоси нишондодҳои моҳи сентябр таҳия шудааст, суръати интернети мобилӣ дар Тоҷикистон пасттарин, миёни 138 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 127 қарор гирифтааст.

Дар гузориши “Speedtest Global Index”, суръати интернети мобилии Тоҷикистон, барои боргирӣ 13,08 Мбит дар сония  ва барои боргузорӣ 5,80 Мбит дар сония  арзёбӣ шудааст. Дар ҳоле ки суръати миёнаи интернети мобилӣ дар ҷаҳон 23,8 Мбит ва баландтарин 83,52 Мбит/сония баҳогузорӣ шудааст.
Ин гузориш инчунин интернети ноқилиро низ фаро гирифтааст, ба пояи он Тоҷикистон миёни 175 кишвар дар зинаи 90 қарор гирифтааст. Бар пояи гузориш дар Тоҷикистон боргирӣ тавассути интернети ноқилӣ 34,68 Мбит дар сония ва боргузорӣ бошад 33,31 Мбит  дар сонияро ташкил медиҳад.

Бар пояи гузориш аз лиҳози интернети ноқилӣ Тоҷикистон сар аз аввали сол 19 зина боло рафта, мавқеашро беҳтар кардааст.

Миёни кишварҳои ИДМ Русия дар зинаи 88, Қазоқистон дар ҷойи 101-ум, Қирғизистон - 103-ум ва Ӯзбекистон - 125-ум мебошанд. Русия ҳамзамон аз лиҳози интернети ноқилӣ аввал буда, дар зинаи 46 қарор гирифтааст.   Қазоқистон бошад дар мақоми 67, Қирғизситон - 74 ва Ӯзбекистон дар ҷойи 96-умро ҷой гирифтаанд.

Хадамоти алоқа гуфт, чаро нархи интернет гарону суръаташ суст аст

Дар садри ҷадвали раддабандӣ аз рӯйи интернети мобилӣ Кореяи Ҷанубӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Чин ҷой гирифтаанд. Сингапур, Ҳонконг ва Руминия бошанд аз рӯйи интернети ноқилӣ дар се зинаи аввали раддабндӣ қарор гирифтаанд. Зинаи охири радабандиро Судон, Венесуэлла соҳиб шудаанд.

55
Барчаспҳо:
Раддабандӣ, суръат, интернет, Тоҷикистон
Суванқулов Содиқҷон маҳкумшуда барои қатли маъшуқи ҳамсараш

26 соли зиндон барои куштор ҳангоми ҳамхобагии зани ҷавонаш бо ҳамсоя-видео

0
Додгоҳи вилояти Хатлон Суванқулов Содиқҷони 51-соларо барои куштор ҳангоми дидани ҳамхобагии собиқ ҳамсараш бо ҳамсояи 52-сола ба 26 соли зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, Суманқулов, сокини ноҳияи Шаҳритуз, 19-уми августи соли равон, тахминан соати 23:30 дар холати мастӣ ба хонаи собиқ ҳамсараш, Бердиева Фарзонаи 26-сола омада, дидааст, ки ӯ бо ҳамсояаш, Рачабов Рустам, марди 52-сола муносибати маҳрамона дорад.

Манбаъ афзуд, гумонбаршаванда, бо корди дар дасташ буда якчанд маротиба ба узвҳои бадани мархум Рачабов зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст.

"Бо ин конеъ нагашта, аз ҳиссиёти рашк собиқ ҳамсарашро бо корд 4 маротиба ба узвҳои баданаш мезанад. Ба ғайр аз ин, гумонбаршаванда зани 30-солаи сокини шаҳри Норак, Камолова Нилуфар , ки дар меҳмонии онҳо қарор доштааст, 3 маротиба ба қисмати сар ва дасташ задааст, ки дар натиҷа ҷабрдидахо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд", - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Додгоҳи вилояти Хатлон дар пайи баррасии қазия Суванқулов Содиқҷонро  ба 26 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст. 

0