Окрестности города Душанбе с высоты

Тағйирёбанда: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

217
(Таҷдидшуда 09:45 02.10.2020)
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр ва тағйирёбанда дар назар аст. Дар шаҳри Душанбе ҳарорати ҳаво шабона 6+8 ва  рӯзона 21+23 дараҷа  гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад.

Бод аз сӯи шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 3+8 ва рӯзона 18+23  дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр  ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони суст меборад. Бод аз сӯи шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва рӯзона 10+15  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Бод аз сӯи шарқ  бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 22+27  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 4+9 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  2 +7  ва рӯзона 13 +18 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри  бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 6+8 ва  рӯзона 21+23 дараҷа  гарм мешавад.

217
Барчаспҳо:
пешгӯӣ, обу ҳаво, Тоҷикистон
Арест, архивное фото

Боздошти Муминов барои қатли тағои 70-солааш: хонаро ба ӯ нею ба додараш додааст-видео

90
(Таҷдидшуда 13:34 23.10.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри Турсунзода хабар медиҳад, ки дар қатли тағояш муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Бино ба иттилои ин ниҳод, пулиси шаҳри Турсунзода Муминов Александри 42 соларо барои қатли тағояш боздошт кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда пас аз истеъмоли машруботи спиртӣ ба хонаи тағои 70-солааш Холмуродов Темур омада, ӯро латукӯб кардааст.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷаи латукӯби шадид ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнин бардошта ҳалок шудааст.

Боздоштшуда зимни бозпурсӣ гуфт, ӯро барои он кушт, ки хонаро на ба ӯ, бал ки ба додараш Семён додааст.

“Пас аз куштор, барои пинҳон кардани ҷиноят либосҳои ӯро пинҳон карда ҷасадро тавре гузоштааст, ки гӯё ҷабрдида аз беморӣ ҳалок шудааст, аммо ташхис дар ҷисми марҳум аломатҳои марги маҷбуриро ошкор кард”,‑ афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, боздоштшуда ва фавтида робитаи хешовандӣ дошта, ҷинояти мазкур барои ба даст овардани хона сар задааст.

ВУД мегӯяд, айни ҳол нисбат ба  Муминов Александр парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

90
Барчаспҳо:
парванда, боздошт, қатл, Турсунзода, Тоҷикистон
Работница коммерческого секса с клиентом, архивное фото

Парванда алайҳи зане барои даллагӣ: як ҷуфти шаҳватпарасро шинос карда, пул гирифтааст

183
(Таҷдидшуда 12:11 23.10.2020)
Мақомоти Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд нисбати як зани 42 солаи сокини шаҳри Бӯстон барои машғул шудан ба даллагӣ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст

ДУШАНБЕ, 23 окт – Sputnik. Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД дар вилояти Суғд дар шарҳи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, зани гумонбаршаванда муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Бӯстон буда, барои бо ҳам рӯ ба рӯ намудани як ҷуфти шаҳватпараст ба даллагӣ машғул шудааст.

“Санаи 19 уми октябр, Т. Э., соли таваллудаш 1978 як марди 34 сола истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳристон ва як зани 43 солаи шаҳри Бӯстонро барои алоқаи ҷинсӣ намудан бо ҳам шинос намуда, бар ивази ин кораш 100 сомонӣ пул гирифтааст”, гуфт манбаъ.

Ин ҳолат аз тарафи шуъбачаи мубориза зидди ҷиноятҳои ахолоқии РВКД дар вилояти Суғд муайян ва ошкор карда шудааст.

Алҳол нисбати Т. Э., зани 42 сола барои даст задан ба ин кирдор бо моддаи 239 қисми 1 (ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ)-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкоршавии ташкили ду фоҳишахона, яке дар деҳа дар Суғд - шарҳи ВКД

Мавридҳои машғул шудан ба даллагию фоҳишагии занон як мушкили умдаи ахлоқӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва мақомоти беҳдоштӣ таъкид меварзанд, ки аз ҳисоби алоқаи ҷинсии номашруъ, шумори гирифторони бемории HIV AIDS ё ВИЧ СПИД бештар рақам зада мешавад.

183
Барчаспҳо:
даллагӣ, парванда, боздошт, Суғд, Тоҷикистон

Раҳимов дар бораи бозиҳои аввали дастаи КФ "Уфа": вазъ осон нест

0
Сармураббии бошгоҳи футболи "Уфа" Рашид Раҳимов дар бораи таассуроти худ пас аз бозиҳои аввал бо дастаи нав сӯҳбат кард

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Рашид Раҳимов, собиқ футболбоз ва мураббии шинохтаи тоҷик, пас аз таъин шуданаш ба вазифаи сармураббии дастаи “Уфа”-и Бошқирдистон аллакай ду бозӣ гузаронид.

Дар бозии аввал тими Раҳимов дар доираи Премер Лигаи Русия аз дастаи “Локомотив” бо ҳисоби 1:0 шикаст ёфт ва дар бозии дуввумаш тими дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Русия бо ФК "Чертаново" – ро 4: 0 шикаст дод.

Дар чунин вазъ гуфтан душвор аст, ки чӣ гуна таассурот метавонад бошад, гуфт мураббии футбол Рашид Раҳимов дар суҳбат бо Sprutnik Тоҷикистон.

"Вазъият, бояд бигӯям, осон нест. Ва дар робита ба имкониятҳои ба даст овардани бозигарон вақт нест. Ҳоло танҳо агентҳои озод ҳастанд, аммо дар байни онҳо бозигарони ҳирфаӣ ёфтан хеле мушкил аст", - гуфт мураббии футбол.

Раҳимов афзуд, ки на ҳама футболбозони касбӣ ба бозӣ дар тиме, ки дар зинаи охирини Премер Лигаи Русия  ҷойгир аст, омодаанд.

"Даста дар зинаи паст қарор дорад, албатта, чизи зиёдеро бояд тағир дод. Аз ин рӯ, танҳо як нақша ҳаст - ҳарчи зудтар боло рафтан ва мавқеъро дар Премер Лига нигоҳ доштан", - гуфт мураббӣ.

Дар оғози кор бо тим аз бозӣ қонеъ шудан мумкин нест, алахусус агар бохте дошта бошед, илова кард Раҳимов.

Рашид Раҳимов, мутахассиси шинохтаи тоҷик сармурабии тими "Уфа" шуд

"Албатта, лаҳзаҳои мусбӣ буданд, аммо дар ниҳоят ҳама чиз натиҷаро муайян мекунад. Метавон лаҳзаҳои хубро ҳамчун асос қабул кар, аммо дар айни замон дарк мекунӣ, ки боз чӣ қадар беҳтар кардан лозим аст", - хулоса кард мураббӣ Рашид Раҳимов.

0
Барчаспҳо:
бозӣ, Сармураббӣ, Рашид Раҳимов, футбол