День 4 октября

Ҷашнҳои рӯзи 4 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

67
(Таҷдидшуда 20:53 03.10.2020)
Рӯзи чоруми октябр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии олами ҳайвонот ва ҳафтаи ҷаҳонии кайҳон мебошад. Русия дар ин сана Рӯзи мудофиаи граждании Кумитаи фавқулодаро ҷашн мегирад

Рӯзи 4 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 2013 дар пойтахти Қирғизистон- шаҳри Бишкек Форуми 7-уми ҳамкории Федератсияи Русия ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

День 3 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1999 дар ИМА Маркази идора ва зери назорат гирифтани ҷинояткорӣ дар Шабакаи интернетӣ ташкил ёфт.

Соли 1675 физики ҳолландӣ Христиан Гюйгенс барои соатҳои кисагӣ шаҳодатномаи тасдиқкунандаи ҳуқуқи ихтироъкорӣ гирифт.

Соли 1991 сарони давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, ба истиснои кишварҳои назди Балтика шартномаи ҳамкории иқтисодӣ ба имзо расониданд.

Соли 1957 дар СССР  радифи маснӯи Замин сар дода шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 2 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1992 дар Амстердам пас аз 15 дақиқаи парвоз ҳавопаймои Исроил ба садама дучор шуд, ки дар натиҷа 43 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Соли 2000 рӯйхати кишварҳои «мобилӣ» нашр шуд. Финландия бо доштани 76 %-и обунашавандаҳо ба хизматрасонии алоқаи бесим (бо назардошти шумораи аҳолии кишвар) дар ин феҳрист мақоми аввалро касб намуд.

Рӯзи 4 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2013 Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъйини 12 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуданд.

День 1 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2013 дар ҷаласаи  11–уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, раиси он Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.

Соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар толори бузурги Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва ҷашни 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок намуданд.

Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи "Дӯстӣ"-и шаҳри Кӯлоб маркази замонавии хизматрасонии "Роҳи абрешим"-ро, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ҷашнҳои рӯзи 4 октябр

Рӯзи умумиҷаҳонии олами ҳайвонот.

Ҳафтаи ҷаҳонии кайҳон.

Рӯзи байналмилалии манзил.

 Дар Русия рӯзи мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Дар Белгия рӯзи соҳибистиқлолӣ.

67
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Комроншох Устопириён, архивное фото

Танҳо Комроншоҳ ва Сомон: ширкати ду паҳлавони тоҷик дар "Тоскулоҳи бузурги Будапешт"

14
(Таҷдидшуда 14:40 21.10.2020)
Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии  Тоскулоҳи бузург, ки дар дар шаҳри Будапешти  Венгрия доир мегардад, Комроншоҳи Устопирён ва Сомон Маҳмадбеков намояндагӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Тоскулоҳи бузурги Венгрия аз 23 то 25-уми октябр доир мегардад, ки дар он аз Тоҷикистон танҳо Комроншоҳ ва Сомон ширкат мекунанд, гуфт намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ дар суҳбат ба  Sputnik Тоҷикистон.

Қаблан дар назар буд аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа панҷ варзишгар ширкат мекунад.

Аммо ба иттилои Умаралӣ Сафаралӣ  Акмал Муродов ва Темур Раҳимов натавонистанд сари вақт раводит дастрас кунанд.

“Комроншоҳ ва Сомон раводити яксолаи шенгенро доштанд, бинобар ин барои онҳо чунин мушкил пеш наомад”,-гуфт манбаъ.

Номбурда гуфт, Беҳрӯзи Хоҷазода низ бояд ширкат мекард, аммо бо сабаби лат бардоштанаш натавонист ва щоло табобат мегирад.

Тибқи маълумоти сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар Гранд слами Будапешт 459 варзишгар аз 69 давлат барои дарёфт роҳхати олимпӣ иштирок хоҳанд кард.

Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо, Мариус Визер баргузории мусобиқаи Гранд слам рӯйдоди таърихӣ хондааст.

“Ин рӯйдоди таърихӣ барои ҷаҳони ҷудо ва варзиш аст. Мо бо беқарорӣ интизорем, ки мусобиқаи Гранд сламро баргузор кунем, албатта бо қоидаи муқарраршуда ва риояи қатъии чораҳои ҳифзи саломатӣ ва бехатарӣ. Мехоҳам ба ҳама сидқан ташаккур гӯям, ки дар давраи барои ҳама душвор заҳмат кашиданд. Мо бояд бо Covid-19 мутобиқ шавем ва беҳтар чӣ аст, ки инро мо бо бозгашт ба сайри ҷаҳонии ҷудо нишон диҳем", - изҳор дошт Визер.

Ӯ таъкид кардааст, ҳамаи корро, ки бар уҳдаашон аст, иҷро мекунанд, то варзишгарон тавонанд фаъолияти варзишиашонро дубора оғоз кунанд ва худашонро нишон диҳанд.

14
Барчаспҳо:
Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Устопириён, варзишгарон, Тоҷикистон
Пользователь смотрит товары в интернет магазине, архивное фото

Суръати интернет тезтар шудааст: Тоҷикистон дар раддабандии нави “Speedtest Global Index”

51
(Таҷдидшуда 13:51 21.10.2020)
Созмони “Speedtest Global Index” Тоҷикистонро дар раддабандии ҷадидаш аз рӯи суръати интернети мобилӣ дар ҷойи 127 ва аз руйи интернети ноқилӣ дар зинаи 90 қарор додааст, ки нисбат ба нишондодҳои аввали сол 6 зина боло рафтааст

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Тибқи раддабандии ҷадиди “Speedtest Global Index”, ки бар асоси нишондодҳои моҳи сентябр таҳия шудааст, суръати интернети мобилӣ дар Тоҷикистон пасттарин, миёни 138 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 127 қарор гирифтааст.

Дар гузориши “Speedtest Global Index”, суръати интернети мобилии Тоҷикистон, барои боргирӣ 13,08 Мбит дар сония  ва барои боргузорӣ 5,80 Мбит дар сония  арзёбӣ шудааст. Дар ҳоле ки суръати миёнаи интернети мобилӣ дар ҷаҳон 23,8 Мбит ва баландтарин 83,52 Мбит/сония баҳогузорӣ шудааст.
Ин гузориш инчунин интернети ноқилиро низ фаро гирифтааст, ба пояи он Тоҷикистон миёни 175 кишвар дар зинаи 90 қарор гирифтааст. Бар пояи гузориш дар Тоҷикистон боргирӣ тавассути интернети ноқилӣ 34,68 Мбит дар сония ва боргузорӣ бошад 33,31 Мбит  дар сонияро ташкил медиҳад.

Бар пояи гузориш аз лиҳози интернети ноқилӣ Тоҷикистон сар аз аввали сол 19 зина боло рафта, мавқеашро беҳтар кардааст.

Миёни кишварҳои ИДМ Русия дар зинаи 88, Қазоқистон дар ҷойи 101-ум, Қирғизистон - 103-ум ва Ӯзбекистон - 125-ум мебошанд. Русия ҳамзамон аз лиҳози интернети ноқилӣ аввал буда, дар зинаи 46 қарор гирифтааст.   Қазоқистон бошад дар мақоми 67, Қирғизситон - 74 ва Ӯзбекистон дар ҷойи 96-умро ҷой гирифтаанд.

Хадамоти алоқа гуфт, чаро нархи интернет гарону суръаташ суст аст

Дар садри ҷадвали раддабандӣ аз рӯйи интернети мобилӣ Кореяи Ҷанубӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Чин ҷой гирифтаанд. Сингапур, Ҳонконг ва Руминия бошанд аз рӯйи интернети ноқилӣ дар се зинаи аввали раддабндӣ қарор гирифтаанд. Зинаи охири радабандиро Судон, Венесуэлла соҳиб шудаанд.

51
Барчаспҳо:
Раддабандӣ, суръат, интернет, Тоҷикистон
Суванқулов Содиқҷон маҳкумшуда барои қатли маъшуқи ҳамсараш

26 соли зиндон барои куштор ҳангоми ҳамхобагии зани ҷавонаш бо ҳамсоя-видео

0
(Таҷдидшуда 14:49 21.10.2020)
Додгоҳи вилояти Хатлон Суванқулов Содиқҷони 51-соларо барои куштор ҳангоми дидани ҳамхобагии собиқ ҳамсараш бо ҳамсояи 52-сола ба 26 соли зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, Суманқулов, сокини ноҳияи Шаҳритуз, 19-уми августи соли равон, тахминан соати 23:30 дар холати мастӣ ба хонаи собиқ ҳамсараш, Бердиева Фарзонаи 26-сола омада, дидааст, ки ӯ бо ҳамсояаш, Рачабов Рустам, марди 52-сола муносибати маҳрамона дорад.

Манбаъ афзуд, гумонбаршаванда, бо корди дар дасташ буда якчанд маротиба ба узвҳои бадани мархум Рачабов зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст.

"Бо ин конеъ нагашта, аз ҳиссиёти рашк собиқ ҳамсарашро бо корд 4 маротиба ба узвҳои баданаш мезанад. Ба ғайр аз ин, гумонбаршаванда зани 30-солаи сокини шаҳри Норак, Камолова Нилуфар , ки дар меҳмонии онҳо қарор доштааст, 3 маротиба ба қисмати сар ва дасташ задааст, ки дар натиҷа ҷабрдидахо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд", - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Додгоҳи вилояти Хатлон дар пайи баррасии қазия Суванқулов Содиқҷонро  ба 26 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст. 

0