Дар Исфара ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ аломати рамзии даромадгоҳ сохта мешавад

© Мақомоти шаҳри ИсфараАломати рамзии даромадгоҳи шаҳри Исфара бунёд мешавад
Аломати рамзии даромадгоҳи шаҳри Исфара бунёд мешавад - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
баландии иншоот 15 метрро ташкил дода, аз рамзи декоративии кураи Замин бо харитаи Тоҷикистон, ки қутраш ба 3 метр баробар аст, иборат мебошад.

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара сохтмони аломати рамзии даромадгоҳи шаҳр оғоз шуд.

Дар ин бора хадамоти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара хабар дод.

Гуфта мешавад, ки арзиши лоиҳавии иншооти мазкур 200 ҳазор сомониро ташкил дода, он тариқи ҳашари умумӣ сохта мешавад.

"Аломати рамзии даромадгоҳ ба шаҳри Исфара дар шаҳраки Нурафшон, дар чорраҳаи Исфара — Кӯчкак — Хуҷанд ва Исфара — Нурафшон -Конибодом аз масолеҳи оҳанӣ бунёд мешавад", - омадааст дар хабарнома.

Ба гузориши сармеъмори шаҳр Абдумубин Фаттоев баландии иншоот 15 метрро ташкил дода, аз рамзи декоративии кураи Замин бо харитаи Тоҷикистон, ки қутраш ба 3 метр баробар аст, иборат мебошад.

В Исфаре открылась обувная фабрика - Sputnik Тоҷикистон
Бо кӯмаки Русия: бунёди корхонаи пойафзолдӯзӣ дар Исфара

Раиси Исфара ба Ворух рафт: дар ин минтақаи наздимарзӣ чӣ месозанд?

Худи иншоотро 8 унсури  секунҷаи сутунмонанд ташкил намуда, дар баландии дуюним метр дар ҳалқаҳои оҳанин навиштаҷоти "Хуш омадед" ва "Роҳи сафед" бо ҳарфҳои зарҳалӣ насб карда мешаванд. Болотар аз навиштаҷоти мазкур панҷараи дорои нақшу нигори миллӣ насб мегардад, ки  он бозгӯи ҳунари волои ҳунармандони Исфара хошад шуд.

Ҳамчунин чароғонкунии ороишии иншоот дар назар дошта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0