Ҳосилотро саривақт ғундоред: КҲФ аз сард шудани ҳаво ҳушдор медиҳад

CC0 / Pixabay / Свежая капуста
Свежая капуста - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сар аз 7 - уми октябр ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон майли сардшавӣ мекунад ва эҳтимол ҳосилоти ноғундошта дар заминро сармо занад

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Ожонси обуҳавошиносии мегӯяд, ҳавои Тоҷикистон сар аз 7 - уми октябр сард мешавад, хабар медиҳад агентии Ховар.

Украшение города Душанбе перед саммитом лидеров стран Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии - Sputnik Тоҷикистон
Ҳавои бебориш: ҳарорати ҳаво дар Душанбе 18 дараҷа гарм мешавад

Ба иттилои манбаъ, дар ноҳияҳои кӯҳии хоҷагии қишлоқ, дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр дар  қабати хок сармозании бармаҳали тирамоҳӣ то 0-2 дараҷа хунукӣ пешгӯӣ мешавад.

Ожонсӣ ҳушдор медиҳад, ки ҳарорати пасти ҳаво боиси зиён дидани сабзавоти ноғундошта мегардад.

Тағйирёбанда: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Зимнан, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода низ таъйид намудааст, ки сардиҳои аввалин ба ҳосили саҳро таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ин рӯ тавсия  дода мешавад, ки аҳолӣ сари вақт ҳосили расидаи кишоварзиро ҷамъоварӣ намуда, зироати норасидаро тибқи қоидаҳои агротехникӣ бо пардаи плимерӣ, пахол ва ё маводи бетору пуд бипӯшонанд.

Гузашта за ин, кумита аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват намудааст, ки зимни чаронидани чорво дар чарогоҳ боэҳтиёт бошанд.

КҲФ ҳушдор медиҳад, ки бориш, яхбандӣ ва сармо метавонанд ба ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои кӯҳӣ халал расонанд.

Лентаи хабарҳо
0