Рамазон Рахим встретился с Залмайем Халилзод, представитель США по Афганистану

Залмай Халилзод бо милитсионери №1 Тоҷикистон чӣ масъаларо баррасӣ кард?

713
(Таҷдидшуда 12:03 05.10.2020)
Вазири умури дохилаи Тоҷикистон ва намояндаи махсуси Амрико оид ба мусолиҳа дар Афғонистон зимни мулоқот вазъи ноҳияҳои наздисарҳадӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мубориза бар зидди терроризмро баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода вазири умури дохилии кишвар бо намояндаи махсуси Амрико оид ба мусолиҳа дар Афғонистон  Залмай Халилзод мулоқот намуд.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо масоили  вазъи ноҳияҳои наздисарҳадӣ, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва дигар масоили мубрамро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин, қайд карда шудааст, ки ҳамкории муштарак ва дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  метавонад дар мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир натиҷабахш бошад.

Гуфта шудааст, ки дар хотимаи вохӯрӣ Вазири корҳои дохилии  Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба  Залмай Халилзод барои ҳарчӣ зудтар ба даст омадани сулҳи саросарӣ дар Афғонистон барору комёбиҳо таманно намуд.

713
Барчаспҳо:
терроризм, маводи мухаддир, Рамазон Раҳимзода, Афғонистон, Амрико, Тоҷикистон
Арест, архивное фото

Боздошти Муминов барои қатли тағои 70-солааш: хонаро ба ӯ нею ба додараш додааст-видео

87
(Таҷдидшуда 13:34 23.10.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри Турсунзода хабар медиҳад, ки дар қатли тағояш муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Бино ба иттилои ин ниҳод, пулиси шаҳри Турсунзода Муминов Александри 42 соларо барои қатли тағояш боздошт кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда пас аз истеъмоли машруботи спиртӣ ба хонаи тағои 70-солааш Холмуродов Темур омада, ӯро латукӯб кардааст.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷаи латукӯби шадид ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнин бардошта ҳалок шудааст.

Боздоштшуда зимни бозпурсӣ гуфт, ӯро барои он кушт, ки хонаро на ба ӯ, бал ки ба додараш Семён додааст.

“Пас аз куштор, барои пинҳон кардани ҷиноят либосҳои ӯро пинҳон карда ҷасадро тавре гузоштааст, ки гӯё ҷабрдида аз беморӣ ҳалок шудааст, аммо ташхис дар ҷисми марҳум аломатҳои марги маҷбуриро ошкор кард”,‑ афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, боздоштшуда ва фавтида робитаи хешовандӣ дошта, ҷинояти мазкур барои ба даст овардани хона сар задааст.

ВУД мегӯяд, айни ҳол нисбат ба  Муминов Александр парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

87
Барчаспҳо:
парванда, боздошт, қатл, Турсунзода, Тоҷикистон
Работница коммерческого секса с клиентом, архивное фото

Парванда алайҳи зане барои даллагӣ: як ҷуфти шаҳватпарасро шинос карда, пул гирифтааст

182
(Таҷдидшуда 12:11 23.10.2020)
Мақомоти Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд нисбати як зани 42 солаи сокини шаҳри Бӯстон барои машғул шудан ба даллагӣ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст

ДУШАНБЕ, 23 окт – Sputnik. Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД дар вилояти Суғд дар шарҳи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, зани гумонбаршаванда муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Бӯстон буда, барои бо ҳам рӯ ба рӯ намудани як ҷуфти шаҳватпараст ба даллагӣ машғул шудааст.

“Санаи 19 уми октябр, Т. Э., соли таваллудаш 1978 як марди 34 сола истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳристон ва як зани 43 солаи шаҳри Бӯстонро барои алоқаи ҷинсӣ намудан бо ҳам шинос намуда, бар ивази ин кораш 100 сомонӣ пул гирифтааст”, гуфт манбаъ.

Ин ҳолат аз тарафи шуъбачаи мубориза зидди ҷиноятҳои ахолоқии РВКД дар вилояти Суғд муайян ва ошкор карда шудааст.

Алҳол нисбати Т. Э., зани 42 сола барои даст задан ба ин кирдор бо моддаи 239 қисми 1 (ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ)-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкоршавии ташкили ду фоҳишахона, яке дар деҳа дар Суғд - шарҳи ВКД

Мавридҳои машғул шудан ба даллагию фоҳишагии занон як мушкили умдаи ахлоқӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва мақомоти беҳдоштӣ таъкид меварзанд, ки аз ҳисоби алоқаи ҷинсии номашруъ, шумори гирифторони бемории HIV AIDS ё ВИЧ СПИД бештар рақам зада мешавад.

182
Барчаспҳо:
даллагӣ, парванда, боздошт, Суғд, Тоҷикистон
Здание МВД Республики Таджикистан

Бедарак шудаанд: милиса барои пайдо кардани 3 нафар аз мардум кумак хост-видео

0
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар гузориши ахири видеоияш акси се нафар бедаракшударо намоиш дода, аз мардум барои пайдо кардани онҳо кумак хост

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ноболиғ Садам Қурбонов ҳанӯз моҳи март аз хона баромада бедарак шудааст.

“Садам Қурбонов, соли таваллудаш 2003, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ, 26-уми марти соли равон аз хона баромада, бедарак аст”, - хабар дод ВУД.

Боздошти Муминов барои қатли тағои 70-солааш: хонаро ба ӯ нею ба додараш додааст-видео

Манбаъ афзуд, Фармонқул Абдураҳмонов, зодаи соли 1971,  бошандаи хона-интернати бемориҳои руҳии шаҳри Ҳисор 22 сентябр баромада, бедарак гаштааст.

Нафари бедаракшудаи дигар Акбарзода Ҷамолиддин, соли таваллудаш 1986, зодаи шаҳри Бохтар мебошад, ки аз 1 сентябри соли равон дар бораи ӯ иттилое нест.  

ВУД хоҳиш кардааст, афроде, ки дар бораи бедаракшудаҳо иттилое доранд, тариқи рақамҳои 2 21 21 21 ё 2 27 98 98 хабар диҳанд.  

0
Барчаспҳо:
бедарак шудан, парванда, Тоҷикистон