День 6 октября

Ҷашнҳои рӯзи 6 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

123
(Таҷдидшуда 19:50 05.10.2020)
Рӯзи шашуми октябр Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист ва ханда мебошад. Ҳамчунин Туркманистон аз Рӯзи гиромидошт ҷашн мегирад

Рӯзи 6 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1966 дар Беларус Ҳафтаи адабиёти тоҷик кушода шуд.

Соли 1920 Ҷумҳурии халқии Шӯравии Бухоро ташкил ёфт.

День 5 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1948 дар Ашқобод заминҷунбӣ бо шиддати 9 балл рух дод.

Соли 2018 дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон ҷаласаи аввалини якҷояи вазирони корҳои дохилии давлатҳои Осиёи миёна баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 2 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1866 дар таърихи ИМА бори аввал дар қатора дуздӣ сурат гирифт, ки дар он бародарон Рено беш аз 10 ҳазор долларро рабуданд.

Рӯзи 6 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2015 дар шаҳри Сочӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин масоили ҳамкории дуҷонибаи ду мамлакатро баррасӣ намуданд.

День 3 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2002 дар шаҳри Душанбе Форуми байналхалқии Фонди ҳифзи Арал доир гардида, дар хотимаи он Эъломия қабул шуд.

Соли 2010 масоили гуногунҷанбаи ҳамкории Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баррасӣ гардиданд.

Соли 2016 дар Маркази таърихӣ — фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд" Фестивали "Оши палов" доир гардид.

Соли 1932 фабрикаи шоҳибофии Душанбе, ҳоло комбинати шоҳибофӣ ба кор оғоз намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 6 октябр 

  • Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист.
  • Дар Туркманистон рӯзи гиромидошт.
  • Дар Миср рӯзи артиш.
  • Рӯзи умумиҷаҳонии ханда (лабханд).
123
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Топор, архивное фото

Ба манзилаш бурд ва се маротиба бо табар ба гарданаш зад: куштор дар Суғд

741
(Таҷдидшуда 18:58 26.10.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз дастгир шудани сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҷурми одамкушӣ, хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Б.Ғафуров ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.

Гуфта мешавад, номбурда, рӯзи 21-уми октябр, дар бозори воқеъ дар маҳаллаи Гулистони шаҳри Хуҷанд, бо марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исфисор вохӯрдааст.

Онҳо дар яке аз ошхонаҳои бозори "Панҷшанбе" хӯрок ва нӯшокии спиртӣ истеъмол намуда, дар ҳолати мастӣ ба хонаи истиқоматии марди 38-сола рафтаанд.

Боздошти Муминов барои қатли тағои 70-солааш: хонаро ба ӯ нею ба додараш додааст-видео

Ба иттилои ВКД, дар аснои даъвои маблағи пулӣ муноқиша ба миён омадааст, ки марди 38-сола аз анборхонааш табарро гирифта, 3 маротиба ба гардан ва сари марди 32-сола задааст.

"Дар натиҷа, номбурда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии  Тоҷикистон оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

741
Барчаспҳо:
боздошт, ВКД, Суғд, куштор
Арбитр показывает красную карточку на футбольном матче. Архивное фото

Яке ҳарифашро бо мушт заду дуюмӣ даъвои беасос кард: ҷаримаи футболбозони Суғд

274
(Таҷдидшуда 19:22 26.10.2020)
Кумитаи назорат ва одоби Федератсияи футболи вилояти Суғд зимни баргузории ҷаласа, нисбати варзишгоҳи “Ҷавонӣ” ва футболбозони дастаи “Пахтакор” - и ноҳияи Ҷаббор Расулов ва “Зарафшон” - и шаҳри Панҷакент муҷозот таъйин кард

ДУШАНБЕ, 26 окт – Sputnik. Бозӣ миёни дастаҳои "Пахтакор" ва "Зарафшон" рӯзи 24 октябр бо ҳисоби 3:1 ба поён расид, вале миёни футболбозон ҷанҷол бархост.

Аҳлиддин Юнусов, котиби Федератсияи футболи Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, муноқишаи бархоста дар вақти баргузории бозии футбол миёни дастаҳои "Пахтакор" ва "Зарафшон" имрӯз зери роҳбарии Хуршед Зоидов, сардори Кумитаи интизомӣ-назоратии ФФ Суғд, мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба футболбозон барои вайрон намудани одоби варзишӣ ҷарима муқаррар намудааст.

Бо қарори Кумитаи интизомӣ – назоратӣ, барои вайрон кардани моддаи 8 банди 16, яъне таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии дастаҳо, тамошобинон, аъзои гурӯҳи доварон дар варзишгоҳ то анҷом ва баъди бозӣ, варзишгоҳи "Ҷавонӣ - и ноҳияи Ҷ. Расулов аз гузаронидани як бозӣ ва ба миқдори 500 сомонӣ муҷозот шуд.

Дастаи "Сипар" - и Хуҷанд нахустин бор қаҳрамони Тоҷикистон шуд

Ҳайитбой Отаҷонов бозингари дастаи "Пахтакор", барои зарба задани ҳариф бо мушт, аз панҷ бозӣ маҳрум ва нисбаташ 300 сомонӣ ҷарима таъйин карда шудааст.

Инчунин мураббӣ бозингари дастаи "Зарафшон", Камолиддин Ҷурабоев, барои вайрон намудани одоби варзишӣ, гуфторҳои гайримантиқӣ, даъвои беасос бар асоси моддаи 8 банди 19 аз се бозии тақвимӣ маҳрум ва дар ҳаҷми 500 сомонӣ муҷозот шудааст.

274
Барчаспҳо:
футбол, ҷарима, Суғд

Шикори шабона: низомиёни русиягӣ дар Тоҷикистон бо "душман" даргир шуданд - видео

0
(Таҷдидшуда 19:41 26.10.2020)
Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар кӯҳҳои Тоҷикистон тамрин карда, душмани шартиро дар паи амалҳои вижа нобуд карданд

Тамриноти низомиёни пойгоҳи 201-ум дар размоишгоҳи Лоҳур шабона баргузор шуд.

Анҷоми тамриноти низомии панҷ ҳазор сарбоз дар Тоҷикистон

Дар тамриноти омӯзишӣ беш аз 500 низомиёни бахши туфангпаронии пойгоҳи 201-ум ширкат карданд.

Бино ба гузориши Округи марказии ҳарбӣ ҳамалот бар "душман" бо ёрии мушаки "Град" анҷом дода шуд.

"Душман нобуд шуд": Тирпарронии чархболи Ми - 24 дар Тоҷикистон - навори диданӣ

Дар баробари ин, дар ин тамринот мошинҳои зиреҳпӯши БТР-82А, АГС-17 ва РПГ-7В ба кор бурда шуданд.

Ба ҳайати шахсӣ даст дод, то душмани шартиро хаста намуда, бо талафоти бузург аз ҷониби душман амалиётро анҷом диҳанд.

0
Барчаспҳо:
пойгоҳи 201, низомиён, тамринот, Тоҷикистон