Таъмири 17 пули мошингузар дар ВМКБ

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешМост через реку Зеравшан в городе Пенджикент, архивное фото
Мост через реку Зеравшан в городе Пенджикент, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи нақша дар ноҳияҳои Дарвоз 2 адад, Ванҷ 8 адад, Рӯшон 3 адад  ва Мурғоб 4 адад пулҳои мошингарди харобгашта аз нав барқарор мегарданд

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Зимни татбиқи тарҳи "Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устоворӣ зидди хатарҳои табиӣ" дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барқарорсозии 17 адад пул ба нақша гирифта шудааст.

Мост через реку - Sputnik Тоҷикистон
Дар вилояти Бадахшон 18 пул месозанд

Бино ба гузориши АМИТ "Ховар", бо мақсади амалисозии лоиҳаи мазкур дар ноҳияи Ванҷ навсозии  пулҳои мошингарди харобгашта аз болои дарёи Ванҷоб оғоз ёфта? се адад аз ин пулҳо дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Техарв бунёд мегарданд, ки  деҳаҳои Чихих, Удоб ва Техарвро бо ҳам пайваст месозанд.

Коронавирус ба таъхир андохт: Президент гуфт, кай роҳи Дарвоз - сарҳади Рӯшонро месозанд

Дар  километрҳои 25, 26-уми қитъаҳои роҳи мошингарди Ванҷ-Техарв аз болои ду рӯдхонаи кӯҳӣ ва байни деҳаҳои Чихоху Техарв аз болои дарёи Ванҷоб навсозии пулҳои мошингард идома дорад.

Дар умум тибқи иттилои манбаъ, дар ноҳияҳои Дарвоз 2 адад, Ванҷ 8 адад, Рӯшон 3 адад  ва Мурғоб 4 адад пулҳои мошингарди харобгашта аз нав барқарор мегарданд.

Гуфта мешавад, ки корҳои сохтмониро  мутахассисони Корпоратсияи чинӣ оид ба сохтмони роҳҳову пулҳо бар ӯҳда дорад ва аксари  коргаронро ҷавонони  маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

Дарозии пул 50 метр буда, паҳноии он 9 метр аст. Пас аз навсозӣ тавоноии борбардориаш то ба 60 тонна мерасад. Иқтидори вазнбардории се пули дигар низ, ки ҳоло сохтмонашон идома дорад, то ба 60 тонна расонда мешавад.

Қарор аст, ки ин се пул соли оянда дар остонаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд.

Пештар хабар дода шуд, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон татбиқи 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ  ба маблағи умумии 3 миллиарду 300 миллион сомонӣ идома дошта,  дар доираи амалишавии онҳо  дар ноҳияҳои Ванҷу Рӯшон 18 пули  мошингузар сохта мешавад.

Лентаи хабарҳо
0