Миллопар Бандишоев. Архивное фото

Генерал Бандишоев аз "илтиҳоби шуш" даргузашт: охирин паёми генерал

15244
(Таҷдидшуда 16:35 07.10.2020)
Генерал-майор Миллопар Бандишоев, муовини прокурори вилояти Хатлон, собиқ муовини раиси Ожонси зидди фасоди Тоҷикистон, дар синни 61 – солагӣ зиндагиро падруд гуфт

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Яке аз наздикони Миллопар Бандишоев дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мавсуф ҳудуди даҳ рӯз дар Шифохонаи марказии шаҳри Бохтар ва ду рӯзи ахир дар Шифохонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдаконаи Душанбе, ки дар шафати Маҷмааи тандурустии "Истиқлол” аст, тадовӣ мешуд.

“Маризии он касро пизишкон “илтиҳоби шуш” ташхис дода буданд. Имрӯз пас аз зуҳр ба мо хабар расид, ки генерал ҷон ба ҷонофарин таслим кардаанд”, - гуфт ин манбаъ.

Бандишоев дар охирин паёмаш дар саҳифаи фейсбукӣ, ки моҳи август дар лавҳаи сиёҳ бо гулу дилҳои сурх нашр кардааст,  "Дар паноҳи Худо бошед" навиштааст.

Бандишозода соли 1959 таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи ба номи Ломоносови шаҳри Маскави Русия аст.

акс аз сафҳаи Абдуллои Муҳаққиқ

Аз соли 1987 то 2007 дар вазифаҳои гуногуни мақомоти прокуратураи Тоҷикистон, шуруъ аз сармуфаттиш то прокурори шаҳри Конибодом кор кардааст.

Аз соли 2007 ба 2015 дар мақомоти Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз вазифаи сардори Раёсати Ожонс дар вилояти Суғд то муовини раиси Ожонс фаъолият намудааст. Моҳи июни соли 2011 генерал Бандишоев муовини раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон таъйин шуда буд ва то моҳи феврали соли 2015 дар он мақом адои вазифа кард.

Соли 2015 ӯ дубора ба мақомоти прокуратура баргашт ва то ду соли пеш муовини Раёсати тафтишоти парвандаҳои махсусан муҳим буд. Соли 2018 муовини прокурори вилояти Хатлон таъйин шуд. Соли 2013 бо фармони Президенти Тоҷикистон рутбаи генерал-майорро ба даст оварда буд.

 

15244
День 31 октября

Ҷашнҳои рӯзи 31 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

1
(Таҷдидшуда 17:57 30.10.2020)
Рӯзи 31 октябр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо ва Рӯзи байналмилалии сарфакорӣ мебошад. Ҳамзамон ин рӯз дар таърих ҳамчун Рӯзи байналмиллалии Баҳри сиёҳ ҳисобида мешавад

Рӯзи 31 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод.

Соли 1932 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин Кодекси гражданӣ мавриди амал қарор гирифт.

Соли 2011 бинобар ҳисоботи Фонди нуфузи аҳолии СММ 7-миллиардумин сокини Замин ба дунё омад.

Люди в защитных масках на улице
© REUTERS / CARLOS GARCIA RAWLINS
Люди в защитных масках на улице

Соли 1892 Артур Конан Дойл китоби худ "Воқеаҳои ногаҳонии Шерлок Хомс"-ро ба нашр расонд.

Соли 1906 Намоиши ҷаҳонии "Экспо-1906" дар шаҳри Милани Италия кори худро ба анҷом расонид.

Соли 2012 тартиби таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳо барои дарёфт ва додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос тасдиқ карда шуд.

День 30 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Рӯзи 31 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод.

Соли  2011 дар шаҳри Порис масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону ЮНЕСКО баррасӣ шуданд.

Соли 2011 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва пешвои исмоилиёни ҷаҳон Оқохони 4 ва вазири вақти фавоиди оммаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулқуддус Ҳамидӣ бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди пули 6 – ум миёни Тоҷикистону Афғонистон оғоз бахшиданд.

Ага-хан и президент Таджикистана Рахмон посетили место будущего Шуробадского моста, где состоялась церемония закладки фундамента, архивное фото
Ага-хан и президент Таджикистана Рахмон посетили место будущего Шуробадского моста, где состоялась церемония закладки фундамента, архивное фото

Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми лоиҳаи инноватсионии "Шаҳри бехатар" ё худ низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиётро барои шаҳри Душанбе расман ба кор дароварданд.

День 29 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон барои тамошои сабқати финалии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё — 2015 байни дастаҳои "Истиқлол"-и Тоҷикистон ва "Ҷоҳор Дарул Такзим"-и Малайзия ба майдони марказии варзишии пойтахт ташриф овард.

Соли 2013 Консепсияи сиёсати ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 31 октябр.

  • Рӯзи байналмилалии Баҳри сиёҳ.
  • Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо.
  • Рӯзи байналмилалии сарфакорӣ.

     

Рӯзи 31октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст.

Соли 1941 – Сарояндаи халқии Тоҷикистон Гулчеҳра Содиқова.

Соли 1953 – ҳофиз ва мусиқачӣ Азизулло Шариф.

1
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 25 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 27 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 28 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 29 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 30 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Президент Франции Эммануэль Макрон и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Эммануэл Макрон ба Эмомалӣ Раҳмон: "аз шумо хотироти нек дорам"

514
(Таҷдидшуда 20:53 30.10.2020)
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон раисиҷумҳури Тоҷикистонро бо аз нав интихоб гардидан ба маснади сарвари давлат муборакбод гуфт

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ ирсол кардааст, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Дар нома ин сиёсатмадор аз сафари охирини раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Фаронса ёдоварӣ кардааст.

"Ман аз музокироти дар рафти сафари Шумо ба Порис, ки моҳи ноябри соли гузашта баргузор шуда буд, хотироти нек дорам. Тавре ки он вақт таъкид карда будам, ман алоқаманди таъмиқи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус муносибатҳои мо дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика ва авиатсия, ки имкониятҳои ҷолиби диққати ширкатҳои ду кишвари моро доранд, ҳастам".

Макрон ҳамчунин талошҳои Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таъмини суботи минтақа ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ таъкид кардааст

Дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсатмадорони воломақоми Урупо

"Дар баробари ин, ман аз идомаи муколамаи мову шумо доир ба ташаккули таркибии сиғаи минтақавии "5+1", ки Шумо ба он рағбат пайдо карда будед ва аз нигоҳи ман роҳи умедбахши таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи мо бо кишвари Шумо ва ҳамсояҳоятон дар Осиёи Марказӣ мебошад, хушҳол хоҳам буд", мегӯяд Макрон.

514
Барчаспҳо:
номаи шодбошӣ, Тоҷикистон, Фаронса, Эммануэл Макрон, Раҳмон