День 8 октября

Ҷашнҳои рӯзи 8 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

91
(Таҷдидшуда 18:01 07.10.2020)
Рӯзи ҳаштуми октябр дар Русия Рӯзи ташкилёбии қисмҳои штаби Вазорати умури дохила мебошад. Арманистон бошад аз рӯзи китобдорӣ қайд мекунад

Рӯзи 8 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1977 Конститутсияи охирини Иттиҳоди Шӯравӣ қабул гардид.

Соли 1963 тӯфони "Флора" дар Гаити ва кишвари Доминикан сабаби марги 7 190 нафар одам гардид.

Соли 1999 аввалин вируси компютерӣ муайян карда шуд, ки новобаста ба сатҳи баланди муҳофизатии Windows NT ба қисмати системаҳои ёрирасони он метавонист таъсир расонад.

Соли 2001 ИМА амалиёти ҳарбии худро дар Афғонистон оғоз намуд.

 

Афганистан - Армия США, архивное фото
© CC BY 2.0 / The U.S. Army / Afghanistan security
Афганистан - Армия США

 

Соли 1967   Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи  Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

Соли 2004 вазирони нақлиёти 25 кишвари аъзои Иттиҳоди Аврупо дар Люксембург зимни нишасти хеш пешниҳоди ҷорӣ намудани намунаи ягонаи шаҳодатномаи ронандагиро қабул намуданд.

Рӯзи 8 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1925  Нашриёти давлатии Тоҷикистон "Ирфон" таъсис дода шуд.

День 7 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1967   Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи  Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

Соли 2015 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия дар ҷараёни бозии хоккей, ки бо иштироки Президенти ин кишвар Владимир Путин ва собиқадорони маъруфу машҳури ин навъи варзиш дар Русия ва ҷаҳон ҷараён гирифт, иштирок намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 6 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вақти Думаи давлатии Федератсияи Русия  Сергей Наришкин ҳамкории дуҷониба ва гуногунҷанбаи ду мамлакатро баррасӣ намуданд.

Соли 2014 дар ноҳияи Ҷилликӯл  корхонаи асфалт ифтитоҳ ёфт.

Ҷашнҳои рӯзи 8 октябр 

  •  Дар Арманистон  рӯзи китобдор.
  • Дар Русия  рӯзи ташкилёбии қисмҳои штабии Вазорати корҳои дохилӣ.
  • Дар Массачусетси ИМА рӯзи пиронсолон.

Рӯзи 8 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои 1933-2006 года нависанда Аминҷон Шукуров.

Соли 1935  доктори илмҳои филология, профессор Баҳриддин Камолиддинов.

Соли 1958  коргардони театр Давлатӣ Убайдулло.

Солҳои 1966-1991 овозхон Наргис Бандишоева.

Портрет Наргис Бандишоевой на концерте группы Baraka
Портрет Наргис Бандишоевой на концерте группы Baraka
91
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Мактаби деҳаи Равмеди водии Бартанги ноҳияи Рӯшон

Хушхабар: Хайрхоҳе мактаби куҳнаи деҳаи Равмеди Рӯшонро аз нав месозад-видео

42
(Таҷдидшуда 11:40 27.10.2020)
Мактаби куҳнаи деҳаи Равмеди ноҳияи Рӯшонро, ки қаблан навори ҳоли бади он мавриди шарҳборон дар интернет қарор гирифт, аз нав бунёд мешавад

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Музаффари Имомдод, фаъоли ҷамъиятӣ, ки навори ин мактабро дар интернет нашр кард гуфт, пас аз нашри навор як нафар тамос гирифтаву хостори бунёди мактаби нав дар ин макон шудааст.

Ӯ бидуни ифшои номи хайрхоҳе гуфтааст, пас аз нашри навор ӯ ба наздашон омадаву хостори бунёди мактаби нав шудааст.

Музаффари Имомдод, мегӯяд бо дарёфти чунин таклиф ба раҳбарияти ВМКБ пешниҳод кард, ки ӯ дар мариди худ онро хуш пазируфт ва ба масъулини минтақавӣ дастур дод, то ҳуҷҷатҳои заруриро фавран омода созанд.

Ба навиштаи ӯ ҳуҷҷатҳо дар ҳоли ҳозир пурра омода буда, корҳо аллакай оғоз шудаанд.

Номбурда таъкид кардааст, ки умедворам, таҷрибаи мо барои минтақаҳои дигари кишварамон дарси ибрат хоҳад шуд, ки дар он ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба манфиати мардуми худ ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем навори мактаби куҳнаи деҳаи Равмеди ноҳияи Рӯшонро Музаффари Имомдод, фаъоли ҷамъиятӣ, нашр кард, ки он ҷавобгӯи талаботҳои имрӯз нест.

Дар пайи нашри навор ҳукумати ВМКБ, посух дода, гуфта буд, маблағгузории чунин макотиб мушкил буда, хуб мешуд, ки мардум кумак кунанд.

Ҳукумат гуфт, азнавсозии мактабҳои калон дар навбати аввал қарор дошта, таъмири мактабҳои хурд вақт мехоҳад ва масъала мавриди омузиши ҳаматарафа қарор дорад.

42
Барчаспҳо:
мактаб, Рӯшон, ВМКБ, Тоҷикистон
Мигрант у здания УФМС в Калининграде

Шумораи бекорон дар Тоҷикистон муайян шуд

181
(Таҷдидшуда 10:55 27.10.2020)
Дар моҳи август, 7,4 ҳазор нафар барои дарёфти кор ба хадамоти шуғли аҳолии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, ки дар натиҷа, 6 ҳазори онҳо соҳиби кор шудаанд

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Сатҳи расмии бекорӣ дар Тоҷикистон 2,1% аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъолро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ.

Тибқи иттилои ин ниҳод, аз аввали моҳи сентябр шумораи бекорони расман ба қайд гирифташуда дар Тоҷикистон 50,8 ҳазор шаҳрвандонро ташкил дод. Дар айни замон, 49,2% бекорон занон будаанд.

Гуфта мешавад, ки дар моҳи август 7,4 ҳазор нафар ба хадамоти шуғли аҳолӣ оид ба масъалаи дарёфти кор муроҷиат кардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 1,6% зиёдтар шуд.

Таъкид шудааст, аз теъдоди муроҷиаткардагон  6 ҳазорашон кор пайдо карданд.

Агентии омор қайд кардааст, ки шумораи ҷойҳои холии холӣ дар корхонаҳои эълоншуда дар хадамоти шуғл дар аввали моҳи сентябр 2,1% афзуда, дар муқоиса бо соли 2019 ба 11 ҳазор ҷой расидааст.

Эълони расмии бемкорон дар ҳолест, ки ба андешаи коршиносон сатҳи бекорӣ дар кишвар махсусан дар соли равон даҳҳо маротиба афзудааст.

Аз бекорӣ то меҳнати солиму қарзҳои имтиёзнок: дар Суғд ҳуқуқи меҳнаткашон баррасӣ шуд

Зеро бо дарназардошти пандемия ва баста шудани марзҳо, ҳама қувваи корие, ки ба муҳоҷират мерафтанд, дар кишвар банд монданд

181