Город Душанбе

Камабр ва тағйирёбанда: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

118
(Таҷдидшуда 12:38 08.10.2020)
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе 22+24 дараҷа  гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputniк. Ба иттилои Ожонси ҳавошиносии кишвар, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок  ва тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст.

Бод аз сӯи ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4+9 ва рӯзона 18+23  дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони сусти марҳилавӣ меборад. Танҳо дар охири рӯз дар ноҳияҳои алоҳида борони суст (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр барфи суст) борида, дар ағбаҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 11+16  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 22+27  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр боридани барф дар назар аст. Дар ағбаҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 5+10 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  3+8  ва рӯзона 17 +22 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст.  Шамол аз самти аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 7+9 ва  рӯзона 22+24 дараҷа  гарм мешавад.

118
Барчаспҳо:
гармӣ, обу ҳаво, Тоҷикистон
Прогулка в дождливую погоду

Дар Кӯлоб қариб 130 гектар ҷангал бунёд шуд

27
(Таҷдидшуда 14:53 23.10.2020)
Давоми соли 2020 дар хоҷагиҳои ҷангали минтақаи Кӯлоб 129,6 гектар ҷангалзори нав ва дар 13 гектар ниҳолхона бунёд карда шудааст

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Тайи соли равон дар минтақаи Кӯлоб инчунин ҳудуди 399,4 гектар ҷангалзор барқарор гардида, дар  ниҳолхонаҳо парвариши буттаву  дарахтони  гуногун роҳандозӣ шуд, хабар дод “Ховар”.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло кормандони хоҷагиҳои ҷангал дар баробари омодагӣ ба мавсими сармо баҳри иҷрои нақшаи ҷамъоварии мева ва гиёҳҳои шифобахш низ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

“Аз ҳисоби ҷамъоварӣ ва хушконидани меваҳо дар қитъаҳои  махсуси ҷангалзор барои ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагони нодир маводи хӯрокӣ барои зимистон захира карда мешавад”, - омадааст дар иттилоия.

Ба иттилои масъулин, имсол барои зимистонгузаронӣ дар хоҷагиҳои ҷангал аз нақша зиёд коҳу беда ва хӯроки серғизо захира карда шудааст. Таъкид шудааст, ки ҳифзу нигаҳдории ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагони нодир, ки дар ҷангалзор сукунат доранд, вазифаи аввалиндараҷаи кормандони хоҷагиҳои ҷангал мебошад.

27
Барчаспҳо:
Кӯлоб, ҷангал, ҷангалбонҳо, Тоҷикистон
Арест, архивное фото

Боздошти Муминов барои қатли тағои 70-солааш: хонаро ба ӯ нею ба додараш додааст-видео

246
(Таҷдидшуда 13:34 23.10.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри Турсунзода хабар медиҳад, ки дар қатли тағояш муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Бино ба иттилои ин ниҳод, пулиси шаҳри Турсунзода Муминов Александри 42 соларо барои қатли тағояш боздошт кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда пас аз истеъмоли машруботи спиртӣ ба хонаи тағои 70-солааш Холмуродов Темур омада, ӯро латукӯб кардааст.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷаи латукӯби шадид ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнин бардошта ҳалок шудааст.

Боздоштшуда зимни бозпурсӣ гуфт, ӯро барои он кушт, ки хонаро на ба ӯ, бал ки ба додараш Семён додааст.

“Пас аз куштор, барои пинҳон кардани ҷиноят либосҳои ӯро пинҳон карда ҷасадро тавре гузоштааст, ки гӯё ҷабрдида аз беморӣ ҳалок шудааст, аммо ташхис дар ҷисми марҳум аломатҳои марги маҷбуриро ошкор кард”,‑ афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, боздоштшуда ва фавтида робитаи хешовандӣ дошта, ҷинояти мазкур барои ба даст овардани хона сар задааст.

ВУД мегӯяд, айни ҳол нисбат ба  Муминов Александр парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

246
Барчаспҳо:
парванда, боздошт, қатл, Турсунзода, Тоҷикистон

Дана Уайт: Ҳабиб дар роҳи бузургтарин размикори таърих шудан аст

0
Мусобиқаи навбатии UFC 254 фардо дар пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб доир гашта, дидори Ҳабиб ва Гэтҷи аз муҳорибаҳои асосии он мебошад

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт мӯътақид аст, ки агар Хабиб Нурмагомедов дар UFC 254 бар Ҷастин Гетҷе ғолиб ояд, русиягӣ новобаста аз категорияи вазн беҳтарин размикори ҷаҳон хоҳад шуд ва дар садри рейтинги ба истилоҳ Pound-for-Pound пеш ҷой хоҳад гирифт.

“Агар ӯ рӯзи 24 октябр Ҷастин Гетҷеро мағлуб кунад, новобаста аз категорияи вазн беҳтарин размикори ҷаҳон хоҳад шуд. Вай дар роҳи бузургтарин размикори таърих шудан аст”,­-гуфтааст ӯ.

“Бубинед, ки ӯ чӣ қадар муҳорибаҳо дорад ва ҳанӯз ҳам шикастнопазир аст. Ҳамзамон, ӯ дар як гуруҳи сахт ва хеле сангин баромад мекунад ", - иқтибос меорад суханони функсияи MMA Fighting.

Мубориза бо Хабиб Нурмагомедов - Ҷастин Гаҷӣ рӯзи 24 октябр дар "Fight Island" дар Абу-Даби (Аморати Муттаҳидаи Араб) баргузор мешавад ва ҳодисаи асосии намоиш хоҳад шуд.

Раҳбари UFC дар бораи рақобати Ҳабиб ва Гэтҷи навори дидание нашр кард - видео

Муҳориба рӯзи  24 октябр дар Абу-Дабӣ (АМА) баргузор мешавад. Дар ин рақобат қаҳрамони феълии UFC бо рақиби худ Ҷастин Гэтҷи вомехӯрад ва қувва меозмояд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳабиб ин навбат талош мекунад камарбанди қаҳрамонии худро барои маротибаи сеюм ҳифз кунад.

Ҳабиб гуфт, чӣ гуна Гэтҷиро "мешиканад": "Зидди ӯ нақшаи нав дорам".

Ҳабиб то ҳол 28 муҳориба баргузор намудааст ва боре ҳам мағлуб нашудаст. Ҳарифи ӯ бошад аз 22 рақобати умумӣ 2 мағлубият дорад.

0
Барчаспҳо:
муҳориба, размикор, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Русия