Вывеска с логотипом нового мобильного оператора O mobile в Душанбе

“Ошиқӣ” “Оила”, “Ориён”, “Офарин”: ширкати панҷуми мобилии Тоҷикистон ба кор шуруъ кард

1619
(Таҷдидшуда 19:34 08.10.2020)
“O Mobile” - ширкати панҷуми мобилии Тоҷикистон вориди бозори мухобиротии ҷумҳурӣ шуд

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон кормандони ширкат иттилоъ доданд, ки ҳоло ба таври озмоишӣ корро ба роҳ мондаанд ва қарор аст, охири моҳи равон расман ба фаъолияти худ оғоз бахшанд.

“Ба ин манзур, танҳо маркази хидматрасонии худро дар шаҳри Душанбе боз намудем ва аввалин шумораҳоро манзури муштариён мекунем”, - гуфтанд аз ширкат.

Дар ин марказ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, рақамҳои “нуқраӣ” – ву “тиллоӣ” аз 80 то 2000 сомонӣ арзиш доранд, аммо бино ба аксияе, ки ширкат роҳандорзӣ кардааст, рақамҳои одӣ ройгон дода мешаванд. Бино ба иттилои ширкат, “О мобайл” аз се тарофа - “Офарин”, “Ошиқӣ”, “Оила” ва “Ориён” - дар навбати нахуст аввалиро ба муштариён пешниҳод кардааст.

Посетители в офисе нового мобильного оператора O mobile в Душанбе
© Sputnik / Амир Исаев
Посетители в офисе нового мобильного оператора "O mobile" в Душанбе

 Тибқи варақае, ки тарофаи “Офарин” муаррифӣ мешавад, он аз чор баста – “Офарин – 15”, “Офарин – 5”, “Офарин – 7.5” ва “Офарин – 10” иборат аст. Тибқи он, бастаҳо аз 5 то 15 сомонӣ арзиш дошта, аз 7 то 30 рӯз мӯҳлати эътибор доранд.

Дар Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки фақат пас аз расман ба фаъолият шурӯъ кардани ширкат таруфаҳои онро мавриди омӯзиш қарор хоҳанд дод.

O Mobile пас аз “Тисел”, “Мегафон”, “Z – мобайл” ва “Вавилон – Т” панҷумин ширкати мобилии Тоҷикистон хоҳад буд. Мудири кулли ширкат Шараф Маҳмудов аст, ки дар гузашта корманди ширкати “Тисел” буд.

Аммо кормандони ширкат мегӯянд, ки “O Mobile” ба “Тисел” ҳеҷ рабте надорад ва танҳо аз таҷҳизоти ин ширкат муваққатан ба таври иҷора истифода хоҳад кард. Дафтари марказии “O Mobile” дар бинои дафтари марказии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҷойгир аст.

1619
Барчаспҳо:
оила, ошиқӣ, ворид, бозор, ширкат, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Раҳмонро кишвардорони Ветнаму Сербия шодбош гуфтанд

45
(Таҷдидшуда 19:14 20.10.2020)
Номаҳои шодбошӣ унвонии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҳамтоёни ӯ ва роҳбарони созмону ташкилотҳои хориҷӣ, дар робита ба дигарбора такя задани ӯ ба курсии раёсатҷумҳурӣ, идома дорад

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Президентони Сербия ва Ветнам Александр Вичуч ва Нгуен Фу Чонг унвонии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи тарикотӣ ирсол намуданд, хабар медиҳад котиботи президент.

Ба иттилои манбаъ, ҳамтоёни Эмомалӣ Раҳмон ӯро бинобар дигарбора роҳбари тоҷикони дунё интихоб шудан, табрику муборакбодӣ намуданд.

Александр Вичуч дар номаи шодбошии худ Эмомалӣ Раҳмонро самимона табрик намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки муносиботи дӯстона ва ҳамкории байни Сербияву Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои барои ҷонибҳо судовар, равнақ меёбад.

Далелҳои камёфт дар бораи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Гузашта аз ин, Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам низ дар номаи худ пас аз муборакбодӣ кардан изҳори боварӣ намудааст, ки Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон низ ба муваффақиятҳои зиёде ноил мегардад.  Ҷаноби Нгуен Фу Чонг афзудааст, ки дӯстии анъанавию ҳамкории байни Ветнаму Тоҷикистон дар ҳамаи ҷанбаҳо беш аз пеш рушд хоҳад ёфт.

Манбаъ меафзояд, воридшавии номаҳои табрикотӣ ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон идома дорад.

45
Барчаспҳо:
шодбошӣ, нома, Эмомалӣ Раҳмон
Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020
Пробирки с тестами на коронавирус

Омори шаш моҳи ноҳияи Ашт дар бораи COVID-19 : 18 фавту 150 шифоёфта

89
(Таҷдидшуда 18:32 20.10.2020)
асъулони ҳукумати ноҳияи Ашт, дар ҷараёни баргузории ҷаласа дар бораи омори сироятёбӣ, шифо ва фавт аз бемории ҳамагири навъи COVID-19 ба Озифхон Шарифзода, мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи ҳукумати Суғд гузориш додаанд

ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Масъулони матбуотии ҳукумати ноҳияи Ашт дар бораи баргузории ҷаласае хабар додаанд, ки дар кори он, фаъолияти нуҳ моҳаи соҳаҳои хоҷагии халқи ин ноҳия баррасӣ шудааст.

Ба иттилоъи манбаъ дар ин иҷлосия, Озифхон Шарифзода, мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи ҳукумати Суғд барои шиносоӣ бо натиҷаҳои хоҷагии халқ ба ноҳияи Ашт сафар кардааст.

Аниса Ҷалилӣ, муовини раиси ноҳияи Ашт, баробари соҳаҳои мухталиф аз ҷумла дар бораи вазъи эпидемиологии ноҳия ва маридҳои сироят, шифо ва фавт аз бемории ҳамагири COVID-19 гузориш додааст.

"Айни ҳол дар ноҳия аз санаи 29 апрели соли ҷорӣ то санаи 19 октябр 183 нафар бистарӣ бо нишонаҳои бемории COVID-19 бистарӣ шуда, аз онҳо 150 нафар сиҳат ёфта, 18 нафар фавт ба қайд гирифта шудааст. Ҳоло дар беморхонаи марказии ноҳия 15 нафар табобат гирифта истодаанд", -  иттилоъ додааст, муовини раиси ноҳияи Ашт.

Аниса Ҷалилӣ таъкид намудааст, ки барои пешгирӣ ва мубориза бо бемории каронавирус дар иморату иншоотҳои ноҳия мунтазам корҳои безараргардонӣ гузаронида шуда, то имрӯз дар соҳаи тандурустӣ 686 литр гипохлориди натрий, 3352 кило хокаи хлор, 924 адад либосҳои муҳофизатӣ, 3197 дона ниқобҳои тиббӣ ва 4020 адад дастпӯшак ва дигар маводи безараргардонандаи тиббӣ захира ва мавриди истифода қарор дода шуда ҳамчунин аз ҷониби Вазорати тандурустии кишвар ба Бемористони марказии Ашт 8 адад оксигенератор ва 2 адад таҷҳизоти нафаси сунъӣ дастрас карда шудааст.

Дар Тоҷикистон шаш моҳ қабл, дар рӯзи 30-уми апрели соли ҷорӣ аз сабти 15 мавриди бемории навъи COVID – 19 хабар дода буданд.

Бино ба оморе, ки бегоҳии дирӯз 19 октябр Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 10533 нафар баробар шудааст.

То санаи зикргардида дар кишвар 9563 нафар ё худ 90,8 % и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, бар асари ин беморӣ 80 нафар фавтидаанд.

89
Барчаспҳо:
омор, Ашт, вируси корона
Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков и премьер-министр Садыр Жапаров на внеочередном заседании Жогорку Кенеша в госрезиденции Ала-Арча. Архивное фото

Жээнбеков аз тарс истеъфо дод? ҷавоби Ҷопаров

0
(Таҷдидшуда 00:24 21.10.2020)
Содир Ҷопаров ба хабарнигори Al Jazerra дар бораи иттиҳомоте, ки гӯё ӯ ва тарафдоронаш бо роҳи тарсонидан сари қудрат расидаанд, тавзеҳ дод

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷапаров дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Ал Ҷазерра гуфт, ки ҳеҷ кас собиқ кишвардор - Сооронбай Жээнбековро барои истеъфо натарсонда буд.

 

Сооронбой Жээнбеков истеъфо дод: вакилон қарсак заданд

Хабарнигор аз Ҷапаров дархост намуд, ки иттиҳомот алайҳи ӯ ва тарафдорона, ки гӯё бо роҳи тарсондан сари қудрат омаданд, тавзеҳ диҳад.

"Сару садоҳо дар мавриди он ки, гӯё ман бо роҳи таҳдиду зӯроварӣ сари қудрат омадам, нодуруст аст. Агар мо метарсондем ва таҳдид мекардем, президенти фирорӣ Жээнбеков барнамегашт. Мо ба ӯ пешниҳод кардем то биёяд ва мушкилиро аз роҳи қонунӣ ҳал кунем, нагузорем, ки корхонаҳо аз кор монанд ва иқтисодиёт сукут кунад.... Ҳамаи кор бо музокирот анҷоми. Касе дасту пойи ӯро тоб надода буд", - шарҳ дод Ҷопаров.

Сарвазир ҳамчунин таъкид намуд, ки баъзе одамон дидаву дониста маълумоти бардурӯғ паҳн мекарданд, ки гӯё ҷонибдорони ӯ аснои эътирозҳо сангу шиша ҳаво медоданд.

Ёдовар мешавем, дар Қирғизистон пас аз интихоботи парлумонӣ, ноамниҳо сар заданд ва дар фарҷом кишвардор Сооронбой Жээнбеков истеъфо дод.

0
Барчаспҳо:
истеъфо, Сооронбой Жээнбеков