Вазорат марги як тоҷикистонии дигар аз коронавирусро тасдиқ кард: 40 маризи нав

562
(Таҷдидшуда 18:32 09.10.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта боз як маризи дигар аз коронавирус ҷон бохт

ДУШАНБЕ, 9 окт – Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 40 ҳолати нави мубталошавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ зимни ироаи омори нави мубталошавӣ, фавт ва шифоёбӣ аз ин дард, хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта аз коронавирус дар Тоҷикистон боз як нафари дигар фавтид. Акнун теъдоди қурбониён аз COVID - 19 дар мамлакат ба 79 нафар баробар шуд.

Зимнан, манбаъ меафзяд, дар як шабонарӯзи охир 55 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 45 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Вазорат: рӯзҳои охир дар Тоҷикистон касе аз коронавирус нафавтидааст

Инчунин,  то санаи  9 октябр дар мамлакат  8959 ё 88,3 фисади маризон шифо ёфта аз дармонгоҳҳои мураххас гардиданд.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, теъдоди умумии гирифторони коронавирус ба 10 137 нафар баробар шудааст.

 

Ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии ин вирус, Вазорати тандурустӣ аз ҳамаи шаҳрвандон талаб мекунад, ки қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

562
Барчаспҳо:
фавт, маризӣ, Вазорати тандурустӣ, омор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (805)
Эмомали Рахмон в день выборов Таджикистана

Номаи табрикотии се президент ба Раҳмон: муборак бошад

7
Се раисҷумҳури кишварҳои хориҷ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати интихоб шуданаш ба мансаби олӣ шодбош гуфтаанд

ДУШАНБЕ, 24 октябр - Sputnik. Бино бар иттилои котиботи президент, Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати дигарбора интихоб шуданаш ба мансаби олии президентӣ кишвардорони се ҷумҳурӣ муборакбод намудаанд.

Ҳамин тавр, президенти Чехия Милош Зееман пас аз сухани шодбошӣ таъкид бар тақвияти муносибатҳои кишвараш бо Тоҷикистон кардааст.

Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ гуфтааст, "ман мутмаинам, ки аз нав интихоб шуданатон барои муҳлати нав ба мансаби Президентӣ ин шинохти воқеии Шумо, Ҷаноби Олӣ, ба шумор рафта, аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми  Тоҷикистон ба Шумо ҷиҳати идома додани ин рисолати сермасъул ба Шумо эътимод ва боварӣ дорад".

"Ҳамчунин,  ҷаноби Президент, мехоҳам рағбати ин ҷонибро ба ҳамкорӣ бо Шумо ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни кишварҳоямонро дар солҳои оянда бар нафъи ду ҷониб таъкид намоям", - таъкид кардааст ас-Сисӣ.

Бо гузашти низомӣ: замони савгандёдкунии Раҳмон маълум шуд

Президенти Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш Абдул Ҳамид низ дар номааш дигарбора интихоб шудани Раҳмонро "далели изҳори эътимоди мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон" гуфтааст.

Вай ба президенти тозаинтихоб саломатии қавӣ, умри дарозу хушбахтӣ ва ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳи пойдор, тараққӣ ва шукуфоӣ хостааст.

7
Национальный банк Таджикистана

Бонки миллӣ иҷоза дод: дар Тоҷикистон боз як бонк ба кор шурӯъ мекунад

82
аблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дастури таъмини манобеи молӣ аз ҳисоби буҷети ҳукумат барои фаъолияти “Саноатсодиротбонк”-ро дода буд

ДУШАНБЕ, 24 октябр - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон муҷаввизи таъсиси бонки ҷадидеро ба номи"Саноатсодиротбонк" содир кард.

Тавре вебгоҳи Бонки миллӣ менависад, ҳадаф аз таъсиси ин бонк, ҳимоят аз фаъолияти бахши хусӯсӣ, тиҷорати хурд, тавлидкунандагон ва содиркунандагони маҳсӯлот эълом шудааст.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дастури таъмини манобеи молӣ аз ҳисоби буҷети ҳукумат барои фаъолияти “Саноатсодиротбонк”-ро дода буд.

Бонки ҷадид бояд барои фаъолиятҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ дар дохили Тоҷикистон ва кумак ба содироти маҳсӯлот ба хориҷ аз ин кишвар, эътибороти молии мавриди ниёзро дар ихтиёри фаъолони бахши хусусӣ қарор диҳад.

Дар Тоҷикистон 18 бонки тиҷорӣ ва танҳо як бонки давлатии мавсӯм ба “Амонатбонк” фаъолият мекунад.

Аммо теъдоде аз ин бонкҳо аз ҷумла “Содирот” ва “Сармоягузории кишоварзӣ” дар остонаи варшикастагӣ қарор гирифтаанд.

82