День 10 октября

Ҷашнҳои рӯзи 10 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

98
(Таҷдидшуда 17:05 09.10.2020)
Рӯзи даҳуми октябр дар Тоҷикистон аз Рӯзи "Фалак" ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин ин сана ҳамчун Рӯзи байналмилалии биноӣ мебошад

Рӯзи 10 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1964 дар Токио Бозиҳои XVIII олимпӣ оғоз гардида, 24 октябр ба анҷом расиданд.

День 9 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1997 дар Билбаои Испания яке аз калонтарин намоишгоҳи рассомӣ бо дарозии 137 м ва паҳноии 30 м кушода шуд.

Соли 1960 аз таъсири тӯфони шадид дар якчанд шаҳрҳои Ҳиндустон дар халиҷи Бенгал тақрибан 4 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

Соли 1995 чемпиони ҷаҳон оид ба шоҳмот Гарри Каспаров бори охир унвони чемпионии худро дар бозӣ бо шоҳмотбози ҳинд Виши Анандом ҳифз намуд.

 

Гарри Каспаров
© Sputnik / Сергей Пятаков
Гарри Каспаров. Архивное фото

 

Соли 2006 дар интернет шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" ба кор оғоз намуд.

Рӯзи 10 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2012 дар Душанбе Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи футболи Аврупо (УЕФА) Мишел Платини мулоқот намуд.

День 8 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2013 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои нави Маркази вилоятии бемориҳои сил ифтитоҳ ёфт.

Соли 2013 дар маркази шаҳри Хоруғ бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои боҳашамати чорошёна ифтитоҳ гардид, ки дар он утоқҳои кории мақомоти вилоятии чор идораю муассисаи ҷумҳуриявӣ ҷойгир шудаанд.

Соли 2014 дар шаҳри Минск  Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иштирок намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 6 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2018 дар меҳмонхонаи "Sheraton"-и шаҳри Душанбе ҷаласаи IV Шӯрои байнидавлатии мамлакатҳои узви ИДМ  оид ба экология доир шуд.

Соли 2018 дар шаҳри Душанбе маъракаи барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил оғоз ёфта, 24 октябр ба анҷом расид.

Ҷашнҳои рӯзи 10 октябр

  • Дар Тоҷикистон Рӯзи «Фалак»
  • Рӯзи байналмилалии биноӣ (чоршанбеи дуюми моҳи октябр).
  • Дар Аврупо рӯзи мубориза бар зидди ҳукми қатл.

Рӯзи 10 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

  • Соли 1898  олим, академик, дорандаи ҷоизаи давлатии ИҶШС, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Вячеслав Прокофевич Красичков.
  • Солҳои (1900-1970) Шоир Саидалӣ Вализода.
  • Соли 1912  Доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, академик, ходими хизматнишондодаи Тоҷикистони Шӯравӣ Салӣ Раҷабов.
  • Соли 1921  Доктори илмҳои геолого-минералогия, академик, профессор Рауф Баратов.
  • Соли 1932 доктори илмҳои  физико-математика, профессор Абдуҳамид Ҷураев.
  • Солҳои 91939-1977)  Ҳунарманди кино ва театр, ҳунарманди халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов.
  • Солҳои (1939-1984) Ҳунарманди хизматнишондода Тоҷикистон Мастибек Паллаев.
  • Соли 1940   Доктори  илмҳои филология Фарҳод Зикриёев.
  • Соли 1946  Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким.
  • Соли 1977 года  Муовиния аввали роҳбари Боки миллиӣ Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев.
98
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Топор, архивное фото

Ба манзилаш бурд ва се маротиба бо табар ба гарданаш зад: куштор дар Суғд

742
(Таҷдидшуда 18:58 26.10.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз дастгир шудани сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҷурми одамкушӣ, хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Б.Ғафуров ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.

Гуфта мешавад, номбурда, рӯзи 21-уми октябр, дар бозори воқеъ дар маҳаллаи Гулистони шаҳри Хуҷанд, бо марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исфисор вохӯрдааст.

Онҳо дар яке аз ошхонаҳои бозори "Панҷшанбе" хӯрок ва нӯшокии спиртӣ истеъмол намуда, дар ҳолати мастӣ ба хонаи истиқоматии марди 38-сола рафтаанд.

Боздошти Муминов барои қатли тағои 70-солааш: хонаро ба ӯ нею ба додараш додааст-видео

Ба иттилои ВКД, дар аснои даъвои маблағи пулӣ муноқиша ба миён омадааст, ки марди 38-сола аз анборхонааш табарро гирифта, 3 маротиба ба гардан ва сари марди 32-сола задааст.

"Дар натиҷа, номбурда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии  Тоҷикистон оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

742
Барчаспҳо:
боздошт, ВКД, Суғд, куштор
Арбитр показывает красную карточку на футбольном матче. Архивное фото

Яке ҳарифашро бо мушт заду дуюмӣ даъвои беасос кард: ҷаримаи футболбозони Суғд

275
(Таҷдидшуда 19:22 26.10.2020)
Кумитаи назорат ва одоби Федератсияи футболи вилояти Суғд зимни баргузории ҷаласа, нисбати варзишгоҳи “Ҷавонӣ” ва футболбозони дастаи “Пахтакор” - и ноҳияи Ҷаббор Расулов ва “Зарафшон” - и шаҳри Панҷакент муҷозот таъйин кард

ДУШАНБЕ, 26 окт – Sputnik. Бозӣ миёни дастаҳои "Пахтакор" ва "Зарафшон" рӯзи 24 октябр бо ҳисоби 3:1 ба поён расид, вале миёни футболбозон ҷанҷол бархост.

Аҳлиддин Юнусов, котиби Федератсияи футболи Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, муноқишаи бархоста дар вақти баргузории бозии футбол миёни дастаҳои "Пахтакор" ва "Зарафшон" имрӯз зери роҳбарии Хуршед Зоидов, сардори Кумитаи интизомӣ-назоратии ФФ Суғд, мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба футболбозон барои вайрон намудани одоби варзишӣ ҷарима муқаррар намудааст.

Бо қарори Кумитаи интизомӣ – назоратӣ, барои вайрон кардани моддаи 8 банди 16, яъне таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии дастаҳо, тамошобинон, аъзои гурӯҳи доварон дар варзишгоҳ то анҷом ва баъди бозӣ, варзишгоҳи "Ҷавонӣ - и ноҳияи Ҷ. Расулов аз гузаронидани як бозӣ ва ба миқдори 500 сомонӣ муҷозот шуд.

Дастаи "Сипар" - и Хуҷанд нахустин бор қаҳрамони Тоҷикистон шуд

Ҳайитбой Отаҷонов бозингари дастаи "Пахтакор", барои зарба задани ҳариф бо мушт, аз панҷ бозӣ маҳрум ва нисбаташ 300 сомонӣ ҷарима таъйин карда шудааст.

Инчунин мураббӣ бозингари дастаи "Зарафшон", Камолиддин Ҷурабоев, барои вайрон намудани одоби варзишӣ, гуфторҳои гайримантиқӣ, даъвои беасос бар асоси моддаи 8 банди 19 аз се бозии тақвимӣ маҳрум ва дар ҳаҷми 500 сомонӣ муҷозот шудааст.

275
Барчаспҳо:
футбол, ҷарима, Суғд

Шикори шабона: низомиёни русиягӣ дар Тоҷикистон бо "душман" даргир шуданд - видео

0
(Таҷдидшуда 19:41 26.10.2020)
Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар кӯҳҳои Тоҷикистон тамрин карда, душмани шартиро дар паи амалҳои вижа нобуд карданд

Тамриноти низомиёни пойгоҳи 201-ум дар размоишгоҳи Лоҳур шабона баргузор шуд.

Анҷоми тамриноти низомии панҷ ҳазор сарбоз дар Тоҷикистон

Дар тамриноти омӯзишӣ беш аз 500 низомиёни бахши туфангпаронии пойгоҳи 201-ум ширкат карданд.

Бино ба гузориши Округи марказии ҳарбӣ ҳамалот бар "душман" бо ёрии мушаки "Град" анҷом дода шуд.

"Душман нобуд шуд": Тирпарронии чархболи Ми - 24 дар Тоҷикистон - навори диданӣ

Дар баробари ин, дар ин тамринот мошинҳои зиреҳпӯши БТР-82А, АГС-17 ва РПГ-7В ба кор бурда шуданд.

Ба ҳайати шахсӣ даст дод, то душмани шартиро хаста намуда, бо талафоти бузург аз ҷониби душман амалиётро анҷом диҳанд.

0
Барчаспҳо:
пойгоҳи 201, низомиён, тамринот, Тоҷикистон