День 12 октября

Ҷашнҳои рӯзи 12 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

117
(Таҷдидшуда 19:18 11.10.2020)
Рӯзи дуводаҳуми октябр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии духтаракон ва Рӯзи кашфи Гавая мебошад. Ҳамчунин дар Абхазия аз рӯзи қувваҳои мусаллаҳ ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 12 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1852 дар Австралия якумин донишгоҳ-Донишгоҳи Сидней ба кори худ оғоз намуд.

День 11 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1891 дар Стокголм аввалин осорхонаи этнографии "Скансен" дар фазои кушод ифтитоҳ ёфт.

Соли 1737 аз сабаби заминҷунбӣ дар Калкутта тақрибан 300 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

Соли 1931 дар ИҶШС оид ба пурра барҳам додани савдои хусусӣ қарор қабул карда шуд.

Соли 1984 нахустин бор зани амрикоӣ Кэтрин Салливэн  ба фазои кайҳони кушод парвоз кард.

Рӯзи 12 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

 

Соли 1949 дар нишасти 3-юми Созмони умумиҷаҳонии ташкилоти тиббӣ аввалин Кодекси байналхалқии ахлоқи тиббӣ қабул гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 10 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2004 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Люксембург созишномаи ҳамдастӣ ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупоро ба имзо расониданд.

Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон ва ноиби президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба амалиёт Ян Фишер ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

День 8 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2014 дар майдони назди Маркази савдои "Меҳргон"- и пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 90-солагии шаҳри Душанбе аксияи экологии "Мо метавонем!" баргузор гардид.

Соли 2015 бахшида ба 70- солагии ЮНЕСКО ва Соли  оила дар Тоҷикистон дар театр-студияи "Падида" дар мавзӯи "Ман оилаи худро дӯст медорам" намоиши расмҳо доир шуд.

Соли 2018 дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шўрои Сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай вазъ ва дурнамои муносибатҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.

Соли 2018 дар шаҳри Хуҷанд нахустин Форуми байналмилалӣ- иқтисодии "Суғд-2018" доир шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 12 октябр

  • Рӯзи умумиҷаҳонии духтаракон.
  • Рӯзи кашфи Гавая.
  • Дар Абхазия рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.

Рӯзи 12 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1873-1958) таърихшинос, академик Александр Семёнов.

Солҳои (1902-1973)  Нависандаи русзабони Тоҷикистон, муаллифи китоби  "Ниссо" Павел Лукнитский.

Солҳои (1912-1975)  Композитор Михаил Муравен.

Соли 1922  Доктор илмҳои таърих Ҳомид Гадоев.

Соли 1944  Доктори илмҳои тиббӣ Ғиёсиддин Мироҷев.

Солҳои (1953-2007)  Композитор Талабхӯҷа Сатторов.

Солҳои (1954 -2000) Нависанда Искандари Хатлонӣ.

117
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Работница коммерческого секса с клиентом, архивное фото

Парванда алайҳи зане барои даллагӣ: як ҷуфти шаҳватпарасро шинос карда, пул гирифтааст

106
(Таҷдидшуда 12:11 23.10.2020)
Мақомоти Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд нисбати як зани 42 солаи сокини шаҳри Бӯстон барои машғул шудан ба даллагӣ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст

ДУШАНБЕ, 23 окт – Sputnik. Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД дар вилояти Суғд дар шарҳи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, зани гумонбаршаванда муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Бӯстон буда, барои бо ҳам рӯ ба рӯ намудани як ҷуфти шаҳватпараст ба даллагӣ машғул шудааст.

“Санаи 19 уми октябр, Т. Э., соли таваллудаш 1978 як марди 34 сола истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳристон ва як зани 43 солаи шаҳри Бӯстонро барои алоқаи ҷинсӣ намудан бо ҳам шинос намуда, бар ивази ин кораш 100 сомонӣ пул гирифтааст”, гуфт манбаъ.

Ин ҳолат аз тарафи шуъбачаи мубориза зидди ҷиноятҳои ахолоқии РВКД дар вилояти Суғд муайян ва ошкор карда шудааст.

Алҳол нисбати Т. Э., зани 42 сола барои даст задан ба ин кирдор бо моддаи 239 қисми 1 (ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ)-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкоршавии ташкили ду фоҳишахона, яке дар деҳа дар Суғд - шарҳи ВКД

Мавридҳои машғул шудан ба даллагию фоҳишагии занон як мушкили умдаи ахлоқӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва мақомоти беҳдоштӣ таъкид меварзанд, ки аз ҳисоби алоқаи ҷинсии номашруъ, шумори гирифторони бемории HIV AIDS ё ВИЧ СПИД бештар рақам зада мешавад.

106
Барчаспҳо:
даллагӣ, парванда, боздошт, Суғд, Тоҷикистон
В ночном клубе, архивное фото

Хатарнок: мақомоти Хуҷанд фаъолияти клубҳои шабонаро манъ карданд

201
(Таҷдидшуда 10:54 23.10.2020)
Мақомоти шаҳри Хуҷанд рӯзи гузашта дар пайи як қарор фаъолияти ҳашт маркази дилхуширо манъ кардаанд

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Тибқи иттилои Маъмур Юсуфзода, сухангӯи шаҳрдори Хуҷанд, қарори манъи марказҳои дилхушӣ аз ҷониби сардухтури давлатии санитарӣ, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд Таҳмина Усмонова баъд аз хулосаи маводи муоинашуда бароварда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар пайи қарори Таҳмина Усмонова фаъолияти марказҳои дилхушии “Хваканта”, “Опера”, “Амнизия”, “Парламент”, “Шоми Суғд”, “Очил”, “Ёсуман”, “Барбарос” манъ карда шуд.

Гуфта мешавад, масъулини клубҳои шабона бо вуҷуди бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дастуру тавсияҳои Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии бемории короновирусро иҷро накардаанд.

“Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд фаъолияти чунин марказҳои дилхуширо дар шароити феълӣ барои саломатии шаҳрвандон хатарнок арзёбӣ намудааст”,-афзудааст, манбаъ.

Тибқи қарори мазкур аз мақомоти ҳифзи ҳукуқ, аз ҷумла милитсия даъват ба амал оварда шудааст, ки ҷиҳати амалӣ шудани он мусоидат намоянд.

Манбаъ мегӯяд, дар асоси қарори мазкур марказҳои дилхушӣ баъди ба эътидол омдани вазъи эпидемологӣ ва риояи тавсияҳои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ва гузаштани муоинаи ҳатмии кормандони марказҳои дилхушӣ ба фаъолияти хеш идома мебахшанд.

"Эҳтиёт кунед": дар Хуҷанд корҳои фаҳмондадиҳии пешгирии коронавирус пурзӯр мешавад

Ёдовар мешавем, ки ду рўз қабл зимни натиҷагирии фаъолияти 9 моҳаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода вазъи эпидемологӣ таҳлилу баррасӣ гардида, ҷиҳати боз доштани фаъолияти марказҳои дилхушӣ бо мақсади эмини саломатии шаҳрвандон дастур дода шуда буд.

201
Барчаспҳо:
марказҳои дилхушӣ, Хуҷанд, Суғд, Тоҷикистон
Машина полиции

Ҳабси се ҷавон барои худнамоӣ ва берун кардани пой аз тирезаи мошин

0
(Таҷдидшуда 12:56 23.10.2020)
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд се ҷавонеро, ки дар роҳҳои шаҳр қоидаҳои ҳаракатро вайрон намуда, худнамоӣ кардаанд, ба 7 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, навори худнамоии ҷавонон, ки савори мошини ""Деу-Нексия" будаанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадои зиёд дар пай дошт. 

"Тавре дар навор дида мешавад ҷавонон дар кӯчаи марказии шаҳри Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ ба каҷрафторӣ роҳ дода, намоишкорона аз дохили воситаи нақлиёт тавассути оина пои худро берун бароварда, бо ҳамин усул афзалияти худро нишон дода, худнамоӣ кардаанд", - омадааст дар иттилоияи ВУД. 

Манбаъ таъкид кард, ки дар пайи таҳқиқ нисбати ронандаи сабукрави тамғаи "Деу-Нексия", Азизов Шуҳрат Баҳромович ва ду рафиқи ӯ Боиров Эраҷ Фирдавсович, Ахунов Баҳодур Мақсудҷонович соли таваллудашон 2001 истиқоматкунандагони маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд ҷазои маъмурӣ татбиқ шудааст.

Маъмурини милиса нисбати ҷавонон барои халалдор кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар асоси моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дода, додгоҳи Хуҷанд онҳоро ба муҳлати 7 рӯз ҳабс намуд.

0
Барчаспҳо:
додгоҳ, қарор, милиса, Тоҷикистон