Туман в Душанбе, архивное фото

Меғ мефарояд: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

1749
(Таҷдидшуда 11:15 12.10.2020)
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи камабр мешавад. Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе шабона 4+6 ва  рӯзона 15+17 дараҷа  гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад.

Дар шарқи вилоят шабона барф меборад. Бод аз сӯи ҷанубу ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1+6 ва рӯзона 13+18  дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9  дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда ва дар  баъзе ҳолатҳо камабр шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм  ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда ва  дар баъзе ҳолатҳо камабр  шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 15+20  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда ва  дар баъзе ҳолатҳо камабр  шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 2+7 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 9 +14 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 4+6 ва  рӯзона 15+17 дараҷа  гарм мешавад.

1749
Барчаспҳо:
меғ мефарояд, гармӣ, боду ҳаво, Тоҷикистон

Ҷашнҳои рӯзи 24 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

1
(Таҷдидшуда 19:46 22.10.2020)
Рӯзи 24 октябр Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид, Рӯзи байналмилалии иттилоот оид ба рушд ва Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи фалаҷ мебошад

Рӯзи 24 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1897 - дар шаҳри Санкт- Петербург нахустин бозии футбол баргузор гардид.

Футбол. Кубок конфедераций-2017. Матч Россия – Новая Зеландия
© Sputnik / Григорий Сысоев
Футбол. Кубок конфедераций-2017. Матч Россия – Новая Зеландия

Соли 1945 - оинномаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид.

Соли 2005 -  дар ҷаҳон нахустин қаторае ба фаъолият оғоз намуд, ки бо гази табиӣ кор мекард.

© Sputnik / Стрингер
Вокзал, архивное фото

 Соли 1857 -  хатмкунандагони Донишгоҳи Кембриҷ дар шаҳри Шеффилди Англия аввалин шуда, дар ҷаҳон дастаи футбол таъсис доданд.

Соли 1996 - дар ҷануби Ветнам бар асари омадани сел 118 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Соли 1986 - дар Лондон нахустин мағозаи фурӯши пластинаҳои мусиқие, ки дар он садо сабт менамуданд, ба фаъолият оғоз намуд.

Виниловые пластинки
Виниловые пластинки

Соли 2000 - дар осорхонаи мисрии Берлин ягона соядасти Клеопатра дар ҷаҳон пайдо карда шуд.

Рӯзи 24 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2012 дар шаҳри Хелсинки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ваколатдори парлумони Финландия оид ба ҳуқуқи инсон Петри Яааскела мулоқот намуд.

День 22 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2013 дар шаҳри Минск  Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус иштирок карда, дар ҳудуди он бо тоҷикон ва ҳамватанони муқими Беларус мулоқот намуд.

Соли 2016 вазъ ва дурнамои ҳамкории байнидавлатӣ ва байни ниҳодҳои амниятии Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ гардид.

Соли 2012 вазъи вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Финландия баррасӣ шуданд.

Соли 2015 Изҳороти муштарак оид ба шарикӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон ба имзо расид.

Ҷашнҳои рӯзи 24 октябр

  • Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид.
  • Рӯзи байналмилалии иттилоот оид ба рушд.
  • Рӯзи кормандони дипломатии Қирғизистон.

Рӯзи 24 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1914 - 1989)  - Ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Ҳалим Тоҳиров.

Соли 1957 - бостоншинос Набиҷон Раҳимов.

Соли 1973 - раққосаи машҳури тоҷик Дилором Сатторова.

1
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 17 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 18 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 20 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 22 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 19 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сироджиддин Бобоев, ученый-фольклор, Института экономики и торговли Таджикского государственного университета коммерции в Худжанде

Даргузашти Сироҷиддин Бобоев, олими фолклоршиноси Донишгоҳи Хуҷанд аз “илтиҳоби шуш”

2203
(Таҷдидшуда 18:21 23.10.2020)
Сироҷиддин Бобоев, олими фолклоршинос ва ноиби декан оид ба корҳои илмии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар синни 55 солагӣ дунёи фониро падруд гуфт

ДУШАНБЕ, 23 окт – Sputnik. Манобеъ аз ДИС ДДТТ бо таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки Бобоев чанд рӯзи охир дар Бемористони клиникавии Суғд аз бемории “илтиҳоби шуш” табобат мегирифт, вале субҳи имрӯз фавтид.

“Имрӯз барои мо аз марги бемаҳали Сироҷиддин Бобоев хабар доданд. Шунидани ин хабар мо ҷомеаи омӯзгорони донишкадаро бе ихтиёр андуҳгин намуд”, гуфт яке аз омӯзгорони ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд.

Ҷанозаи Сироҷиддин Бобоев қарор аст, фардо дар зодгоҳаш ноҳияи Айнӣ баргузор гардад.

Бино ба иттилоъи манобеъ Бобоев Сироҷиддин аз олимони фолклоршиносе буд, ки дар шаклгирии афкори ҷамъиятии даҳҳо донишомӯзон нақши басо муассир доштааст. Бобоев Сироҷиддин Салоҳович санаи 1 январи соли 1965 дар деҳаи Куми ноҳияи Айнӣ дар оилаи коргар таваллуд шудааст.

Ӯ соли 1989 факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ва соли 1995 аспирантураи шӯъбаи рӯзонаи ин донишгоҳ ва соли 1999 факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бухороро хатм намудааст. Фаъолияти кориаш бо роҳхати Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 1989 чун омӯзгори фанҳои ҷомеашиносии гурӯҳҳои навтаъсиси тоҷикии Донишгоҳи давлатии Бухоро оғоз ёфтааст.

Соли 1997 дар Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи "Ҷойгоҳи назми шифоҳӣ дар арӯсии тоҷикони Бухоро" рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, номзади илмҳои филологӣ ва соли 2004 ба унвони илмии дотсент сазовор гардида буд.

Солҳои 1999-2004 чун сармуаллими кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бухоро ва дар айни замон сардори кафедраи фанҳои ҷомеашиносии Донишкадаи ҳарбигардонидашудаи андози шаҳри Бухоро фаъолият дошт.

Даргузашти Муҳиддин Сангинов, мудири Театри Камоли Хуҷандӣ аз "илтиҳоби шуш"

Сипас ба Хуҷанд омад. Аз соли 2004 дотсенти кафедраи адабиёти классикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, аз соли 2005 мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, менеҷмент ва фанҳои ҷомеашиносии Шуъбаи хуҷандии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (ҳоло Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон) ва аз соли 2006 ҷонишини директор оид ба илм дар ин донишкада буд.

Номбурда аз соли 2005 устоди муштараквазифаи Комплекси ягонаи таълимии ДДТТ дар Хуҷанд (ҳоло Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ) фаъолияти пурсамар дошт.

Солҳои 2010-2017 вазифаҳои мудири шуъбаи илм ва магистратура, мудири кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, мудири кафедраи ҷомеашиносӣ фаъолият дошт ва аз 1-уми сентябри соли 2018 муовини декан оид ба корҳои илмиро дар факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро бар ӯҳда дошт.

Дар хона табобат мегирифт: даргузашти табиби маъруф Шарипов аз "илтиҳоби шуш" дар Суғд

Марҳум соҳибунвони “Аълочии маорифи Тоҷикистон” буда, муаллифи зиёда аз 45 асари илмӣ ва илмӣ-методӣ аст, ки назаррастарини онҳо монографияҳои “Ҷойгоҳи назми шифоҳӣ дар тӯйи арӯсии тоҷикони Бухоро” ва “Таҳаввулоти таърихии андозҳои Осиёи Марказӣ” мебошанд.

 

2203
Барчаспҳо:
даргузашт, олим, Суғд, Тоҷикистон