Президент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Путин Раҳмонро табрик кард ва бори дигар аз мушорикат стратегӣ ёдовар шуд

903
(Таҷдидшуда 20:45 12.10.2020)
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Президенти Тоҷикистон паёми шодбошӣ равон кард ва гуфт натиҷаи интихобот эътибори сиёсии Эмомалӣ Раҳмонро миёни ҷомеа инъикос намудааст

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба унвони Эмомалӣ Раҳмон барои пирӯзиаш дар интихоботи президентӣ паёми шодбошӣ равон кард.

Дар паёмаш Владими Путин таъкид доштааст, ки натиҷаҳои интихобот комилан эътибори Эмомалӣ Раҳмонро миёни ҷомеаи Тоҷикистон инъикос кардааст.

“Натиҷаҳои интихобот комилан эътибори Шуморо миёни мардум иникос кард. Мардум роҳи интихобкардаи рушди иқтисод ва иҷтимоӣ Тоҷикистон ва пурзуршавии ин кишвар дар арсаи байналмилалиро ҳаматрафа дастгирӣ намуданд”, таъкид доштааст Путин.

Вай ҳамчунин афзудааст, ки  Русия ба равобити шарокати стартегӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.

“Мехоҳам дар бораи идомаи ҳамкории зич барои тақвияти ҳаматарафаи равобити дуҷониба барои беҳбудии мардуми ду кишвар ва манфиати таъмини сулҳ, амният ва субот дар Осиёи Марказӣ таъкид намоям”, - илова кард роҳбари Русия дар поёми шодбошиаш.  

Ёдрас мешавем, ки ахиран дар интихоботи президентӣ аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 - 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд.

Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон боз барои 7 соли дигар Президент интихоб шуд.

Интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11 октябр баргузор шуд.

Интихобот тариқи раъйдиҳии пинҳонӣ сурат гирифт. Дар интихоботи президентӣ шаҳрвандоне, ки бо ҳукми додгоҳ маҳкум шудаанд, ҳаққи иштирок кардан надоштанд.

Дар хориҷ аз Тоҷикистон барои раъйдиҳии шаҳрвандони бурунмарзӣ дар 29 давлати ҷаҳон нуқтаҳои овоздиҳӣ кушода мешаванд. Танҳо дар Русия дар панҷ шаҳр – Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа нуқтаҳои овоздиҳӣ амал карданд.

903
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, шодбошӣ, Интихоботи раёсатҷумҳурӣ, интихобот, паём, табрик, Владимир Путин, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020 (77)
Прогулка в дождливую погоду

Дар Кӯлоб қариб 130 гектар ҷангал бунёд шуд

18
(Таҷдидшуда 14:53 23.10.2020)
Давоми соли 2020 дар хоҷагиҳои ҷангали минтақаи Кӯлоб 129,6 гектар ҷангалзори нав ва дар 13 гектар ниҳолхона бунёд карда шудааст

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Тайи соли равон дар минтақаи Кӯлоб инчунин ҳудуди 399,4 гектар ҷангалзор барқарор гардида, дар  ниҳолхонаҳо парвариши буттаву  дарахтони  гуногун роҳандозӣ шуд, хабар дод “Ховар”.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло кормандони хоҷагиҳои ҷангал дар баробари омодагӣ ба мавсими сармо баҳри иҷрои нақшаи ҷамъоварии мева ва гиёҳҳои шифобахш низ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

“Аз ҳисоби ҷамъоварӣ ва хушконидани меваҳо дар қитъаҳои  махсуси ҷангалзор барои ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагони нодир маводи хӯрокӣ барои зимистон захира карда мешавад”, - омадааст дар иттилоия.

Ба иттилои масъулин, имсол барои зимистонгузаронӣ дар хоҷагиҳои ҷангал аз нақша зиёд коҳу беда ва хӯроки серғизо захира карда шудааст. Таъкид шудааст, ки ҳифзу нигаҳдории ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагони нодир, ки дар ҷангалзор сукунат доранд, вазифаи аввалиндараҷаи кормандони хоҷагиҳои ҷангал мебошад.

18
Барчаспҳо:
Кӯлоб, ҷангал, ҷангалбонҳо, Тоҷикистон
Арест, архивное фото

Боздошти Муминов барои қатли тағои 70-солааш: хонаро ба ӯ нею ба додараш додааст-видео

182
(Таҷдидшуда 13:34 23.10.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри Турсунзода хабар медиҳад, ки дар қатли тағояш муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Бино ба иттилои ин ниҳод, пулиси шаҳри Турсунзода Муминов Александри 42 соларо барои қатли тағояш боздошт кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда пас аз истеъмоли машруботи спиртӣ ба хонаи тағои 70-солааш Холмуродов Темур омада, ӯро латукӯб кардааст.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷаи латукӯби шадид ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнин бардошта ҳалок шудааст.

Боздоштшуда зимни бозпурсӣ гуфт, ӯро барои он кушт, ки хонаро на ба ӯ, бал ки ба додараш Семён додааст.

“Пас аз куштор, барои пинҳон кардани ҷиноят либосҳои ӯро пинҳон карда ҷасадро тавре гузоштааст, ки гӯё ҷабрдида аз беморӣ ҳалок шудааст, аммо ташхис дар ҷисми марҳум аломатҳои марги маҷбуриро ошкор кард”,‑ афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, боздоштшуда ва фавтида робитаи хешовандӣ дошта, ҷинояти мазкур барои ба даст овардани хона сар задааст.

ВУД мегӯяд, айни ҳол нисбат ба  Муминов Александр парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

182
Барчаспҳо:
парванда, боздошт, қатл, Турсунзода, Тоҷикистон