Люди в защитных масках на улице Душанбе

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

880
(Таҷдидшуда 18:42 12.10.2020)
Аз аввали ҳамагирии коронавируси навъи COVID - 19 то кунун дар Тоҷикистон 10260 нафар баробар шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Вазорати тандурустии тоҷикистон омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирусро  дар Тоҷикистон эълон кард.

Тибқи иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 38 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 12 октябр ба 10260 нафар расид.

Олимони бритонӣ се нишонаи нави коронавирусро ном бурданд

"То имрӯз дар мамлакат  9103 нафар ё худ 88,7%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 79 нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вирусро паҳн мекунад: пизишк номи "ашёи хатарноктарин" - и ҳифозатӣ аз COVID -19 - ро гуфт

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, шабонарӯзи охир 34 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 45 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

880
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, омор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020 (77)
Министр здравоохранения и социальной защиты Республики Таджикистан Джамолиддин Абдуллозода

Абдуллозода ва Клуге аз тариқи виртуалӣ созишномаи ҳамкорӣ тасвиб карданд

20
(Таҷдидшуда 14:44 21.10.2020)
Созишномаи навбатии дусолаи ҳамкориро Вазири тандурустии Тоҷикистон ва мудири Дафтари минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ имзо намуданд

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва мудири Дафтари минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо доктор Ҳанс Клуге Созишномаи навбатии дусолаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Ба иттилои котиботи Вазорати тандурустӣ, созишномаи мазкур аз тариқи виртуалӣ ба тасвиб расонда шуд. 

Манбаъ меафзояд, ба тасвиб расидани созишномаи ҳамкорӣ аз тариқи виртуалӣ маротибаи нахуст сурат имегирад. 

Абдуллозода: Тоҷикистон иқтидор дорад, то муқобили COVID-19 муқовимат кунаду пирӯз шавад

Вазири  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласаи онлайнӣ ба Дафтари минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ  дар Аврупо барои дастгирии доимӣ дар самти мубориза бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 изҳори миннатдорӣ намуд.

Абдуллозода зимни сӯҳбати видеоӣ бо Ҳанс Клуге изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба принсипҳои ҳамкории глобалӣ барои рафъи бемории коронавируси нави COVID-19 содиқ  мебошад.

20
Барчаспҳо:
СҶТ, Вазорати тандурустӣ, созишнома
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Комроншох Устопириён, архивное фото

Танҳо Комроншоҳ ва Сомон: ширкати ду паҳлавони тоҷик дар "Тоскулоҳи бузурги Будапешт"

52
(Таҷдидшуда 14:40 21.10.2020)
Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии  Тоскулоҳи бузург, ки дар дар шаҳри Будапешти  Венгрия доир мегардад, Комроншоҳи Устопирён ва Сомон Маҳмадбеков намояндагӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Тоскулоҳи бузурги Венгрия аз 23 то 25-уми октябр доир мегардад, ки дар он аз Тоҷикистон танҳо Комроншоҳ ва Сомон ширкат мекунанд, гуфт намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ дар суҳбат ба  Sputnik Тоҷикистон.

Қаблан дар назар буд аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа панҷ варзишгар ширкат мекунад.

Аммо ба иттилои Умаралӣ Сафаралӣ  Акмал Муродов ва Темур Раҳимов натавонистанд сари вақт раводит дастрас кунанд.

“Комроншоҳ ва Сомон раводити яксолаи шенгенро доштанд, бинобар ин барои онҳо чунин мушкил пеш наомад”,-гуфт манбаъ.

Номбурда гуфт, Беҳрӯзи Хоҷазода низ бояд ширкат мекард, аммо бо сабаби лат бардоштанаш натавонист ва щоло табобат мегирад.

Тибқи маълумоти сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар Гранд слами Будапешт 459 варзишгар аз 69 давлат барои дарёфт роҳхати олимпӣ иштирок хоҳанд кард.

Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо, Мариус Визер баргузории мусобиқаи Гранд слам рӯйдоди таърихӣ хондааст.

“Ин рӯйдоди таърихӣ барои ҷаҳони ҷудо ва варзиш аст. Мо бо беқарорӣ интизорем, ки мусобиқаи Гранд сламро баргузор кунем, албатта бо қоидаи муқарраршуда ва риояи қатъии чораҳои ҳифзи саломатӣ ва бехатарӣ. Мехоҳам ба ҳама сидқан ташаккур гӯям, ки дар давраи барои ҳама душвор заҳмат кашиданд. Мо бояд бо Covid-19 мутобиқ шавем ва беҳтар чӣ аст, ки инро мо бо бозгашт ба сайри ҷаҳонии ҷудо нишон диҳем", - изҳор дошт Визер.

Ӯ таъкид кардааст, ҳамаи корро, ки бар уҳдаашон аст, иҷро мекунанд, то варзишгарон тавонанд фаъолияти варзишиашонро дубора оғоз кунанд ва худашонро нишон диҳанд.

52
Барчаспҳо:
Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Устопириён, варзишгарон, Тоҷикистон
Суванқулов Содиқҷон маҳкумшуда барои қатли маъшуқи ҳамсараш

Ҷазои Суванқулов барои куштор ҳангоми ҳамхобагии собиқ занаш бо ҳамсоя-видео

0
Додгоҳи вилояти Хатлон Суванқулов Содиқҷони 51-соларо барои куштор ҳангоми дидани ҳамхобагии собиқ ҳамсараш бо ҳамсояи 52-сола ба 26 соли зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, Суванқулов, сокини ноҳияи Шаҳритуз, 19-уми августи соли равон, тахминан соати 23:30 дар холати мастӣ ба хонаи собиқ ҳамсараш, Бердиева Фарзонаи 26-сола омада, дидааст, ки ӯ бо ҳамсояаш, Раҷабов Рустам, марди 52-сола муносибати маҳрамона дорад.

Манбаъ афзуд, гумонбаршаванда бо корди дар дасташ буда якчанд маротиба ба узвҳои бадани мархум Раҷабов зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст.

"Бо ин конеъ нагашта, аз ҳиссиёти рашк собиқ ҳамсарашро бо корд 4 маротиба ба узвҳои баданаш мезанад. Ба ғайр аз ин, гумонбаршаванда зани 30-солаи сокини шаҳри Норак, Камолова Нилуфар, ки дар меҳмонии онҳо қарор доштааст, 3 маротиба ба қисмати сар ва дасташ задааст, ки дар натиҷа ҷабрдидахо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд", - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Додгоҳи вилояти Хатлон дар пайи баррасии қазия Суванқулов Содиқҷонро  ба 26 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст. 

0