Содироти гази Ӯзбекистон ба вилояти Суғд баъди 10 сол дубора барқарор мешавад

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкЗажжение газовой конфорки, архивное фото
Зажжение газовой конфорки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мудири ширкати гази вилояти Суғд аз интиқоли дубораи гази Ӯзбакистон ба шимоли Тоҷикистон пас аз 10 соли таваққуф хабар дод

ДУШАНБЕ, 14 окт – Sputnik. Абдулҳаким Суфиев гуфтааст, ки қимати ҳар ҳазор метри мукааб гази содиротии Ӯзбакистон 2 сомонӣ аст, ки барои корхонаҳову бахши хонагии ин минтақа муносиб аст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба сомонаи “Тоҷвик”.

Дмитрий Гусев - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос гуфт, ки мушкилии харидории газ аз Ӯзбекистон барои Тоҷикистон дар чист

Вай таъкид кардааст, ки дар вилояти Суғд 800 километр хутути лулаи интиқоли газ вуҷуд дорад, ки 400 километри он дар шаҳри Хуҷанд воқеъ шудааст.  

Ба гуфтаи Суфиев, кори бозсозии ин хутут рӯзҳои наздик ба поён мерасад, ки дар нахуст марокизи санъатӣ ва сипас бахши хонагӣ метавонадпас аз 10 сол дубора аз гази содиротии Ӯзбекистон истифода кунад.

Ҳамчунин интиқоли газ ба хонаҳои сокинони шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ дар ояндаи наздик имконпазир хоҳад шуд.

Бо ин ҳол мақомоти ширкати “Тоҷиктрансгаз” гуфтанд, ки ба далели вақфаи 10 сола ва фарсудагии хутути интиқоли газ дар пойтахт, имкони интиқоли газ ба хонаҳои сокинони шаҳри Душанбе вуҷуд надоранд.

Лентаи хабарҳо
0