Свеча

Мотам дар прокуратура: даргузашти генерал майор, муфаттиши “Парвандаи Мақсуд Икромов”

10097
(Таҷдидшуда 10:54 15.10.2020)
Қурбоналӣ Ҳасанов, омӯзгори Донишкадаи такмили ихтисоси назди Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва яке аз муфаттишони маъруфи тоҷик дар синни 67 – солагӣ олами фониро падруд гуфт

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Яке аз наздикони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Ҳасанов як ҳафтаи ахир дар хона табобат мегирифт ва ду рӯз қабл ба Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов, маъруф ба шифохонаи “Якум Советски” интиқол ёфт.

“Як сол пеш дар Бемористони Ибни Сино дар дилашон стенд монда буданд. Як ҳафтаи қабл пизишкон маризии он касро маризии “илтиҳоби шуш” ташхис доданд. Рӯзҳои охир вазъашон ба вахомат гароид ва он касро ба шифохона интиқол доданд”, - гуфт ӯ.

Қурбоналӣ Ҳасанов 30 августи соли 1952 дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омада, мактаби миёнаи нопурраи зодгоҳашро хатм мекунад ва барои таҳсил ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент меравад.

Соли 1978 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) – и Тоҷикистонро хатм кардааст. Як муддат муфаттиши оддӣ ва ёвари прокурор дар прокуратураи шаҳри Конибодом ва прокуратураи ҳарбии собиқ вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) буд. Пас аз он барои кор ба шаҳри Душанбе эъзом шуд. Соли 1991 Нуруллоҳ Ҳувайдуллоев, прокурори генералии Тоҷикистон дар Шӯрои олӣ эълом кард, ки алайҳи Мақсуд Икромов, собиқ шаҳрдори Душанбе парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Тафтиши ин парванда ба дӯши яке аз муфаттишони беҳтарини прокуратура - Қурбоналӣ Ҳасанов афтод. Аммо Мақсуд Икромов ҳеҷ гоҳ боздошт нашуд. Қурбоналӣ Ҳасанов соли 1996 ба Прокуратураи генералӣ омад ва сардори раёсати ташкили кор ва назорати иҷро таъин гардид. Як муддат сардори раёсати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прокуратура буд.

Он замон унвони генерал – майорро гирифт. Як муддат сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунгузории андоз ва шуъбаи назорати иҷрои қонунгузориии ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералӣ буд. Соли 2005 ба нафақа рафт ва то охирин рӯзҳои зиндагӣ Донишкадаи такмили ихтисоси назди Прокуратураи генералии Тоҷикистон машғули тадрис буд.

Ҳамсуҳбатони Sputnik Тоҷикистон аз хислатҳои хуби инсонии Қурбоналӣ Ҳасанов низ ёдовар шуда, ӯро як инсони наҷиб ва хушсалиқа таъриф мекунанд.

“Шеърдуст буданд. Шеър менавиштанд. Китоби зиёд хондаанд. Умуман, як инсони нотакрор буданд”, - гуфт яке.

Намози ҷанозаи Қурбоналӣ Ҳасанов соати 10 – и имрӯз, 15 октябр, дар қабристони Сариосиёи шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

10097
Барчаспҳо:
муфаттиш, генерал, даргузашт, Прокуратура, Тоҷикистон
Глава представительства ВОЗ в Таджикистане Бахтыгуль Каррыева

Карриева: СУТ аз афзоиши бемории COVID-19 Тоҷикистон ҳушдор медиҳад

234
(Таҷдидшуда 18:16 24.10.2020)
Намояндаи СУТ дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева паҳншавии коронавирусро дар Осиёи Миёна ва минтақаъ пешбинӣ кард

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Вирус ҳатто дар кишварҳои мутамаддин бо зудӣ паҳн мешавад, таъкид кард намояндаи СУТ дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

Вай афзуд, ки зиёд шудани ҳодисаҳои гирифторӣ бо коронавирус ва марг аз он дар минтақаи Аврупо низ ташвишовар аст.

"Мо интизор дорем, ки ҳафтаҳои наздик дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ шумораи гирифторӣ ва марг аз коронавирус меафзояд", - афзуд Карриева.

Намояндаи СУТ афзуд, ки вазъ метавонад дар ҳолати мубоширати бевоситаи одамон ва интиқоли вирус ба нафарони солхӯрда якбора бад шавад.

"Пешбиниҳое, ки тавассуди намунаи эпидимиологии боэътимод ба даст оварда шудаанд, хурсандиовар нестӣ. Бино бар ин намунаҳо, бардошта шудани маҳдудиятҳо метавонанд ба он расонанд, ки моҳи январи соли 2021 нишондодҳои марг аз коронавирус назар ба моҳи апрел 4-5 маротиба бештар шавад", - тавзеҳ дод коршинос.

 

Намояндаи созмон таъкид кард, ки дар моҳи феврали соли 2021 тартиботи оддитарини пешгирии коронавирус ба монанда пӯшидани ниқоби тиббӣ метавонад ҷони 200 ҳазор нафарро наҷот диҳад.

Ӯ гуфт дар ҳоли ташдиди маҳдудият ҳолатҳои марг аз коронавирус камтар хоҳанд шуд.

 

Пешгирии ҷамъшавии одамон дар як ҷо, нигоҳ доштани масофа дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, тозаги дастон, худинзивоии гумонбарони гирифтори вирус ва карантини нафарони гирифторшуда ва нафароне, ки бо онҳо иртибот доштанд бояд дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳатмӣ шавад.

234

Омори ҷадиди гирифторӣ, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикиcтон

367
(Таҷдидшуда 17:58 24.10.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, тайи шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 41  ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид. Манбаъ таъкид кард, ки теъдоди умумии гирифторони коронавирус аз 30 апрел то 23 октябр ба 10 ҳазору 736 нафар расид.

"Дар як шабонарӯзи охир 54 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 9 ҳазору 836  (91,6%)  баробар гардид", - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Вазорат дар мавриди теъдоди фавтидагон аз коронавирус изҳор дошт, ки тайи 24 соати гузашта ягон ҳолати марг аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашуда, ҳолатҳои фавт аз ин маризӣ ҳамоно 81 нафар мебошад.

Таъкид шудааст, ки Ҳукумати  Тоҷикистон барои пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамоянд.

367
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Хабиб Нурмагомедов

Хабиб зидди Гетҷи: навори пурраи муҳориба

0
(Таҷдидшуда 03:27 25.10.2020)
Ҳабиб Нурмуҳаммадов бори дигар дар майдон пирӯзӣ ба даст овард ва ба Ҷастин Гетҷи имкон надод, ки бар ӯ дастболо шавад

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Мубориза миёни ду варзишгар хеле шадид оғоз шуд ва Нурмуҳаммадо бошад аз усулҳои маъмулаш кор мегирифт. Гетҷи низ аз худ маҳорат нишон дода, ба ҳамлаҳои Ҳабиб ҷавоб медода ва ҳатто як-ду лаҳзаи хатарнокро низ ба вуҷуд овард.

Дар даври аввал Ҳабиб аз рақибаш бартарӣ дош.

Марҳилаи дувуми панҷ дақиқагӣ низ ба ҳамин монанд оғоз ёфт - Нурмагомедов рақиби худро фишор дод, аммо табодули шадиди муштзанӣ ба вуқӯъ наомад

Паҳлавони Доғистон кӯшиш кард, ки рақиби худро бо услуби ғайриоддӣ зарба зада, аммо дар охир аз усули анъанавияш кор гирифт.

Пас аз 1,5 дақиқаи даври дуюм, Хабиб Гетҷиро ба кунҷи майдон афтонид ва ҳангоми талоши раҳоӣ кардани ҳарифаш ӯро буғӣ кард. Дар натиҷа Гетҷи мағлубиятро пазируфт ва ғолибият насиби Ҳабиб гашт.

Пас аз анҷоми муҳориба ӯ гуфт ғалабаашро ба падари марҳумаш мебахшад ва аз внҷоми корномаи варзишияш хабар дод.

Уқоб боз болои қулла аст: Ҳабиб Гетҷиро бо усули "буғӣ" шикаст дод-видео

Ӯ гуфт, ба модараш ваъда додааст, ки ин охирин муҳорибааш хоҳад буд.

0