Шоколадные конфеты

Раҳмон дар Хуҷанд корхонаи шоколад ифтитоҳ кард

962
Корхонаи истеҳсоли шоколадро соҳибкори ватанӣ Юсуфҷон Абдураҳимов таъсис дода, 40 сокини маҳаллиро бо ҷойи кор таъмин кард

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ба вилояти суғд сафари корӣ анҷом дод, дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли шоколадро ифтитоҳ кард.

Ба иттилои котиботи президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти  корхонаи нави  истеҳсоли шоколади "Ҳаловат", оғоз бахшид.

Маҳсулоти шоколадӣ дар корхона бо истифода аз таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ тавлид гардида, дорои сифати баланд мебошад.

Гуфта мешавад, дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолии корхона аз Русия ва Чин дастрас гардида, иктидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз то 400 киллограмм маҳсулоти ғизоӣ мебошад.

Истиқболи Оқохони IV аз пирӯзии Раҳмон: дуоҳои ман шуморо ҳамеша ҳамроҳӣ мекунанд

Ин корхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Юсуфҷон Абдураҳимов таъсис ёфтааст, 40 сокини мащалль бо ыойи кор таъмин карда шуданд ва аксарияти онщо занону духтарон мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки таркиби маҳсулоти шоколадӣ аз мағзи чормағзи заминӣ, асали тозаи табиӣ, орду равған, ширу қаймоқ ва дигар маводи хӯроквории иловагӣ иборат аст.

Манбаъ меафзояд, пас аз шиносоӣ бо фаъолияти корхона ва истеҳсоли маҳсулоти шоколадӣ Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти тавлиднамудаи ин корхонаи хурди саноатӣ дидан кард.

962
Барчаспҳо:
шоколад, Суғд, Эмомалӣ Раҳмон
Далер Шарифов, рӯзноманигори боздоштшуда

Эҳтимоли озод шудани Далер Шарифов аз зиндон

20
(Таҷдидшуда 10:25 24.10.2020)
Мақомоти Созмони зиндонҳои Тоҷикистон аз эҳтимоли озодии машрути Далер Шарифов, рӯзноманигори зиндонии тоҷик дар чанд рӯзи оянда хабар дод.

ДУШАНБЕ, 24 октябр - Sputnik. Ин мақомот гуфтаанд, ки барои баррасии дархости озодии машрути Далер Шарифов, ки ба иттиҳоми ҳимоят аз афкори гурӯҳи "Ихвоналмуслимин", барангехтани адовати миллӣ, нажодӣ ва динӣ ба як сол зиндон маҳкум шуда ва дар зиндони ноҳияи Ёвон давраи маҳкумияти худро сипарӣ мекунад, ба 10 рӯз замон ниёз аст. 

Дар ин бора "Парс тудэй" гузориш медиҳад.
Озодии машрути Далер Шарифов ба маънии сабти ҳузури ҳамарӯзаи вай дар маҳалли сукунаташ хоҳад буд.

Шарҳи иттиҳомоти Далер Шарифов

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 17 апрел Далер Шарифов, рӯзноманигори ҷавон ва шинохташудаи ин кишварро ба як сол зиндон маҳкум кард. 

Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон муддаиянд, ки Далер Шарифови 32 сола дар солҳои 2013 то 2019 ҳудуди 113 матлаб бо муҳтавои ифротгароиро мунташир ва дар соли 2019 низ ба таври ғайриқонунӣ ва махфиёна рисоле бо унвони "Муҳаммад (с)" ба теъдоди 100 нусхаро бар асоси ақоиди гурӯҳи мамнуаи "Ихвоналмуслимин" тадвин кардааст. 

Таъхири мурофиаи додгоҳии рӯзноманигори боздоштшуда Далер Шарифов

Ин дар ҳолест, ки Далер Шарифов дар ин рисола талош кардааст иттиҳоми иртиботи терроризм бо дини Исломро рад кунад.

Созмонҳои ҷаҳонии Дидабони Ҳуқуқи Башар ва Гузоришгарони Бидуни Марз бо беасос хондани иттиҳомоти Далер Шарифов, аз Ҳукумати Тоҷикистон дархост кардаанд, ки вайро бидуни қайду шарт озод кунад. 

 

20
Открытый урок к Международному дню мира прошёл в школе № 8 г. Душанбе

Кӯмаки Бонки исломии рушд ба Вазорати маориф

9
(Таҷдидшуда 10:12 24.10.2020)
Ин кумаки молии бонк барои беҳбуди сифати омӯзишу интишори китобҳои дарсии мактабҳо ҳазина хоҳад шуд.

 

ДУШАНБЕ, 24 октябр - Sputnik. Созишномаи кумаки молии 3 миллиону 700 ҳазордолларии Бонки исломии рушд барои иҷрои барномаи роҳбурдии бахши маорифу илми Тоҷикистон имзо шуд.

Ба  нақл аз сомонаи Вазорати маорифу илми Тоҷикистон, ин созишномаро Муҳамадиюсуфи Имомзода- вазири маорифу илм, Усама Маккавӣ- мудири Дафтари ЮНИСЕФ дар Душанбе, Иброҳими Шакурӣ- мудири Дафтари намояндагии Бонки исломии рушд дар Осиёи Марказӣ ва Ториқ Муҳаммадхон- масъули умури Тоҷикистон дар ин ниҳоди молӣ имзо кардаанд.

Сӯҳбати сафири тоҷик бо намояндаи Бонки Исломии Рушд: аз ҳамкорӣ то коронавирус

Ба далели қарор доштани Дафтари намояндагии Бонки исломии рушд дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон масъулони ин ниҳоди молӣ аз тариқи иртиботи тасвирӣ мувофиқати хешро бо ихтисоси кумаки молии 3 миллиону 700 ҳазордолларӣ барои иҷроӣ кардани барномаи роҳбурдии рушди бахши маорифу илми Тоҷикистон таъйид карданд.

Дар чорчуби барномаи ҳамкории 4 солаи Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ ва Бонки исломии рушд ин кумаки молӣ барои беҳбуди сифати омӯзишу интишори китобҳои дарсӣ ҳазина хоҳад шуд.

9