Содиқҷон Рустамӣ Абдукарим, муовини вазири саноат ва технологияҳои нав

Мотам дар вазорати саноат: Содиқҷон Рустамӣ, муовини вазир даргузашт

6380
(Таҷдидшуда 00:28 17.10.2020)
Содиқҷон Рустамӣ Абдукарим, муовини вазири саноат ва технологияҳои нав дар синни 56-солагӣ дунёро падруд гуфт

ДУШАНБЕ, 16 окт – Sputnik. Яке аз пайвандони хонаводаи муовини вазири саноат дар шаҳри Исфара бо таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки Содиқҷон Рустамӣ субҳи имрӯз ҷон ба Ҳақ супурд.

"Ин саҳар ба мо хабар расониданд, ки Содиқҷон Рустамӣ бандагӣ кардаанд. Дар бораи бемориашон ҳанӯз чизе гуфта нашудааст. Ҳоло ҷасади марҳумро аз шаҳри Душанбе ба Исфара мерасонанд", -  гуфт ҳамсуҳбати мо.

Содиқҷон Рустамӣ Абдукарим моҳи январи соли 2019 бо фармони Президенти Тоҷикистон, муовини вазири саноат ва технологияҳои нав таъйин шуда буд.

Ӯ, 3 апрели соли 1964 дар деҳаи Чоркӯҳи Исфара таваллуд шудааст. Соли 1986 Донишгоҳи политехникии шаҳри Фрунзе (Бишкек)-ро бо ихтисоси инжинер-механик хатм кардааст.

Рустамӣ то таъйин шуданаш ба мақоми баланд дар вазорати саноат дар як чанд вазифаҳои муҳими давлатӣ кор кардааст.

Солҳои 1986-1988 Омӯзгори техникуми саноати хӯроквории шаҳри Исфара, солҳои 1988-1989 мудири шӯъбаи техникуми саноати хӯроквории шаҳри Исфара, солҳои 1989-1990 инструктори шӯъбаи ташкилии комитети шаҳрии комсомолии шаҳри Исфара, солҳои 1990-1991 Котиби озоди ташкилоти комсомолии техникуми саноати хӯроквории шаҳри Исфара, солҳои 1991-1992 Ҷонишини раиси созмони ҷавонони шаҳри Исфара фаъолият намудааст.

Аз соли 1992 то 995, раиси созмони Ҷавонони шаҳри Исфара, солҳои 1995-1997 муовини раиси шаҳри Исфара, солҳои 1997-2000 директори заводи спиртбарории шаҳри Исфара, солҳои 2000-2003 Муовини раиси шаҳри Исфара ва солҳои 2003-2007 муовини аввали раиси шаҳри Исфара, солҳои 2007-2008 сармутахассиси шӯъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва солҳои 2008-2013 Мудири шӯъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд кор кардаст.

Содиқҷон Рустамӣ дар солҳои 2013-2015 муовини якуми раиси шаҳри Бустони вилояти Суғд буд ва баъд аз ин солҳои 2015-2019, директори генералии ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ»-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, аз январи соли 2019 то инҷониб муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Рустамӣ узви Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара буд.

Дар ҳамин ҳол роҳбарияти вазорати саноат ва технологияҳои нав аз даргузашти Содиқҷон Рустамӣ хабар дода, ба пайвандон ва ҳамаи ёру дӯстони марҳум изҳори тасаллият намудааст.

Қарор аст баъд аз зуҳри имрӯз ҷанозаи марҳум Содиқҷон Рустамӣ дар зодгоҳаш деҳаи Чоркӯҳи Исфара баргузор гардад.

6380
Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Анжелика Шопп, роҳбари нави НамояндагииКБСС дар Тоҷикистон

Таъйини роҳбари нави намояндагии Кумитаи Салиби Сурх дар Тоҷикистон

7
(Таҷдидшуда 20:59 19.10.2020)
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз таъйини роҳбари нави намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷӣ, хонум Анжелика Шопп, роҳбари нави намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Тоҷикистон таъйин шудааст.

Манбаъ афзуд, рӯзи 19 октябри соли ҷорӣ мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо хонум Анжелика Шопп, роҳбари нави Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Тоҷикистон баргузор гардид.

“Зимни cуҳбат масоили фаъолияти КБСС ва  барномаҳои расонидани кумакҳои башардӯстона дар ҷумҳурӣ,  афзудани иқтидори сохторҳои давлатии дахлдор, паҳн намудани дониш дар бораи ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки таваҷҷуҳи хоса ба кӯмакҳои башардустона ба муассисаҳои тиббӣ, хонаҳои кӯдакон ва ниҳодҳои ҳолатҳои фавқулода дар давраи ҳамагирии COVID-19 равона гардид.

Манбаъ афзуд, Анжелика Шопп миннатдории хешро ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ барои дастгирӣ ва мусоидат дар амалӣ гардидани барномаҳои башардӯстона баён намуд.

7
Барчаспҳо:
таъйин, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, Тоҷикистон
Жители города Душанбе в защитных масках на улице

Бидуни фавт: афзоиши гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон

140
(Таҷдидшуда 20:24 19.10.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори тозаи сироят, шифоёбӣ ва марг аз коронавирус дар кишварро нашр кард

ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 40 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба  10533 нафар баробар гардид.

Пешбинии анҷоми ҳамагирии коронавирус: як соли дигар "сабр"

Ҳамзамон,  дар як шабонарӯзи охир 52 нафар пас аз табобат ба хонҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 9563  (90,8%)  баробар гардид. Инчунин, бар асари ин беморӣ  80 нафар фавтидаанд.

Путин аз сабти номи ваксинаи дуввуми Русия алайҳи COVID-19 хабар дод: сеюмаш дар роҳ аст

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

140
Барчаспҳо:
вируси корона, омор, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Тоҷикистон