Подростки

Дар рейдҳои “Наврас”, “Оворагард” ва “Талбанда” беш аз 108 ҳазор ноболиғ дастгир гардид

203
(Таҷдидшуда 17:01 16.10.2020)
Тибқи иттилои Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ, дар ҳашт моҳи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 483 ноболиғ даст ба ҷиноят задааст

ДУШАНБЕ, 16 окт – Sputnik. ВКД таъкид доштааст, ки бештари ноболиғоне, ки даст ба қонуншиканӣ мезананд аз таҳсил дур мондаанд.

Тавре Файзиддин Назаров, сардори шуъбаи ноболиғони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД, ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” хабар додааст, зиёдшавии ҷиноят миёни ноболиғон дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ба мушоҳида мерасад.

“Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари ҷиноятҳои содиршуда аз сӯи ноболиғон ба тағйиротҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, костагии ахлоқ, пошхӯрии оилаҳо, зӯроварӣ ва ғайра вобастагӣ дорад. Онҳо пеш аз ҳама ба ҳифз, тарбияву роҳнамоӣ ниёз доранд, ки он бидуни таъсири калонсолон муяссар нахоҳад  шуд”, таъкид доштааст оқои Назаров.

Гуфта шудааст, ки аз аввали соли ҷорӣ аз тарафи ВКД дар асоси нақша - чорабиниҳои дуҷониба бо Вазорати маориф ва илм дар ҷумҳурӣ 3384 рейд ва амалиёти муштарак таҳти номҳои шартии “Наврас”, “Оворагард” ва “Талбанда” гузаронда шуд, ки дар натиҷа 108444 ноболиғ барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои гуногун дастгир гардид.

“Аз ҳисоби ноболиғони дастгиргардида 263 нафар дар қайди профилактикӣ қарор дошта, 8374 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 394 хонандаи омӯзишгоҳҳои касбӣ - техникӣ, коллеҷҳо, 150 ноболиғи коргар, 101 ноболиғ аз оилаҳои носолим ва 65 хонандаи мактаб - интернатҳои махсус ва боқӣ ноболиғоне, ки аз таҳсил дур мондаанд, мебошад”, қайд кардааст ВКД Тоҷикистон.

ВКД зикр кардааст, ки барои пешгирӣ ва минбаъд роҳ надодан ба қонуншиканӣ ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар асоси моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9698 протоколи маъмурӣ нисбат ба падару модарон ва масъулон тартиб дода шуда, ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол гардид.

Қайд шудааст, ки дар натиҷа 5436 нафар, ки уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд, ба маблағи 738791 сомонӣ ҷарима шуда, 2255 нафар огоҳонда шуд. Инчунин, 2007 маводи дигар мавриди баррасӣ қарор дорад.

203
Барчаспҳо:
ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, рейд, дастгир, ноболиғон, ВКД, Тоҷикистон
Работница коммерческого секса с клиентом, архивное фото

Парванда алайҳи зане барои даллагӣ: як ҷуфти шаҳватпарасро шинос карда, пул гирифтааст

100
(Таҷдидшуда 12:11 23.10.2020)
Мақомоти Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд нисбати як зани 42 солаи сокини шаҳри Бӯстон барои машғул шудан ба даллагӣ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст

ДУШАНБЕ, 23 окт – Sputnik. Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД дар вилояти Суғд дар шарҳи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, зани гумонбаршаванда муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Бӯстон буда, барои бо ҳам рӯ ба рӯ намудани як ҷуфти шаҳватпараст ба даллагӣ машғул шудааст.

“Санаи 19 уми октябр, Т. Э., соли таваллудаш 1978 як марди 34 сола истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳристон ва як зани 43 солаи шаҳри Бӯстонро барои алоқаи ҷинсӣ намудан бо ҳам шинос намуда, бар ивази ин кораш 100 сомонӣ пул гирифтааст”, гуфт манбаъ.

Ин ҳолат аз тарафи шуъбачаи мубориза зидди ҷиноятҳои ахолоқии РВКД дар вилояти Суғд муайян ва ошкор карда шудааст.

Алҳол нисбати Т. Э., зани 42 сола барои даст задан ба ин кирдор бо моддаи 239 қисми 1 (ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ)-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкоршавии ташкили ду фоҳишахона, яке дар деҳа дар Суғд - шарҳи ВКД

Мавридҳои машғул шудан ба даллагию фоҳишагии занон як мушкили умдаи ахлоқӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва мақомоти беҳдоштӣ таъкид меварзанд, ки аз ҳисоби алоқаи ҷинсии номашруъ, шумори гирифторони бемории HIV AIDS ё ВИЧ СПИД бештар рақам зада мешавад.

100
Барчаспҳо:
даллагӣ, парванда, боздошт, Суғд, Тоҷикистон
В ночном клубе, архивное фото

Хатарнок: мақомоти Хуҷанд фаъолияти клубҳои шабонаро манъ карданд

199
(Таҷдидшуда 10:54 23.10.2020)
Мақомоти шаҳри Хуҷанд рӯзи гузашта дар пайи як қарор фаъолияти ҳашт маркази дилхуширо манъ кардаанд

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Тибқи иттилои Маъмур Юсуфзода, сухангӯи шаҳрдори Хуҷанд, қарори манъи марказҳои дилхушӣ аз ҷониби сардухтури давлатии санитарӣ, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд Таҳмина Усмонова баъд аз хулосаи маводи муоинашуда бароварда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар пайи қарори Таҳмина Усмонова фаъолияти марказҳои дилхушии “Хваканта”, “Опера”, “Амнизия”, “Парламент”, “Шоми Суғд”, “Очил”, “Ёсуман”, “Барбарос” манъ карда шуд.

Гуфта мешавад, масъулини клубҳои шабона бо вуҷуди бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дастуру тавсияҳои Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии бемории короновирусро иҷро накардаанд.

“Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд фаъолияти чунин марказҳои дилхуширо дар шароити феълӣ барои саломатии шаҳрвандон хатарнок арзёбӣ намудааст”,-афзудааст, манбаъ.

Тибқи қарори мазкур аз мақомоти ҳифзи ҳукуқ, аз ҷумла милитсия даъват ба амал оварда шудааст, ки ҷиҳати амалӣ шудани он мусоидат намоянд.

Манбаъ мегӯяд, дар асоси қарори мазкур марказҳои дилхушӣ баъди ба эътидол омдани вазъи эпидемологӣ ва риояи тавсияҳои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ва гузаштани муоинаи ҳатмии кормандони марказҳои дилхушӣ ба фаъолияти хеш идома мебахшанд.

"Эҳтиёт кунед": дар Хуҷанд корҳои фаҳмондадиҳии пешгирии коронавирус пурзӯр мешавад

Ёдовар мешавем, ки ду рўз қабл зимни натиҷагирии фаъолияти 9 моҳаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода вазъи эпидемологӣ таҳлилу баррасӣ гардида, ҷиҳати боз доштани фаъолияти марказҳои дилхушӣ бо мақсади эмини саломатии шаҳрвандон дастур дода шуда буд.

199
Барчаспҳо:
марказҳои дилхушӣ, Хуҷанд, Суғд, Тоҷикистон
Милиционеры на дороге, архивное фото

Ҳабси се ҷавон барои худнамоӣ ва берун кардани пой аз тирезаи мошин

0
(Таҷдидшуда 12:53 23.10.2020)
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд се ҷавонеро, ки дар роҳҳои шаҳр қоидаҳои ҳаракатро вайрон намуда, худнамоӣ кардаанд, ба 7 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, навори худнамоии ҷавонон, ки савори мошини ""Деу-Нексия" будаанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадои зиёд дар пай дошт. 

"Тавре дар навор дида мешавад ҷавонон дар кӯчаи марказии шаҳри Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ ба каҷрафторӣ роҳ дода, намоишкорона аз дохили воситаи нақлиёт тавассути оина пои худро берун бароварда, бо ҳамин усул афзалияти худро нишон дода, худнамоӣ кардаанд", - омадааст дар иттилоияи ВУД. 

Манбаъ таъкид кард, ки дар пайи таҳқиқ нисбати ронандаи сабукрави тамғаи "Деу-Нексия", Азизов Шуҳрат Баҳромович ва ду рафиқи ӯ Боиров Эраҷ Фирдавсович, Ахунов Баҳодур Мақсудҷонович соли таваллудашон 2001 истиқоматкунандагони маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд ҷазои маъмурӣ татбиқ шудааст.

Маъмурини милиса нисбати ҷавонон барои халалдор кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар асоси моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дода, додгоҳи Хуҷанд онҳоро ба муҳлати 7 рӯз ҳабс намуд.

0
Барчаспҳо:
додгоҳ, қарор, милиса, Тоҷикистон