Сотрудник милиции проверяет салон маршруток в Душанбе

Ғоратгарон аз худрави Қурбонов беш аз 5 миллион дуздиданд: пулис ҷинояткоронро мекобад

1594
Қурбонов Илҳомҷон мудири ҶДММ "Оли Сомон" дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз ҷониби ашхоси ниқобпӯш мавриди ғоратгарӣ қарор гирифт

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Соҳибкори ватанӣ Қурбонов Илҳомҷонро дар рӯзи равшан беш аз 5 миллион сомонӣ ғорат карданд, хабар медиҳад Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе.

Ба иттилои манбаъ, мудири "Оли Сомон" дар маҳаллаи Дарвози ноҳияи Фирдавсӣ мавриди ҳамлаи ниқобпӯшон қарор гирифт ва аз худраваш "Лексус RX - 350" маблағ тасарруф намуданд.

РВУД мегӯяд, ниқобпӯшон бо таҳдиду зӯроварӣ аз худрави соҳибкор 406 000 доллари амрикоӣ ва 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ дуздиданд.

Зимнан, бо фармоиши сардори Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Ш.Р. гуруҳи фаврӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуд.

Тағо ва ҷиян буданд: боздошти дуздони касбӣ, ки 10 мағозаи "Фаровон" - ро ғорат карданд

Манбаъ меафзояд, бо гузашти як шбонарӯз се тан аз дастандаркорони ин ҷиноят боздошт шуданд.

Кормандони РВУД, Шамсиддинов Далери 36 - сола, Эргашев Шавкати 38 - сола, Достов Абдуламони 28 - соларо боздошт намуданд, ки дар содир намудани ҳамла ба соҳибкори ватанӣ муттаҳам дониста мешавад.

Гузашта аз ин, кормандони пулиси Душанбе муайян намуданд, ки ду нафари дигар Азизов Фирӯзи 28 - сола ва Исматов Бодури 32 - сола низ дар ин ҷиноят даст доранд ва феълан онҳо дар ҷустуҷӯй қарор доранд.

"Ҳамаи нафарони зикргардида дар ҳайати як гуруҳи ҷиноӣ шомил буда, пешакӣ нақшаи содир намудани ҷиноятро таҳия намуда, ҳангоми амалинамоӣ ҳар яке нақши худро бозидааст", - таъкид мешавад дар хабар.

РВУД аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон даъват мекунад, ки дар сурати пайдо кардани ягон маълумот дар мавриди ин ду нафар ба кормандони пулис хабар диҳанд.

1594
Барчаспҳо:
соҳибкор, ғорат, Душанбе
Глава представительства ВОЗ в Таджикистане Бахтыгуль Каррыева

Карриева: СУТ аз афзоиши бемории COVID-19 Тоҷикистон ҳушдор медиҳад

234
(Таҷдидшуда 18:16 24.10.2020)
Намояндаи СУТ дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева паҳншавии коронавирусро дар Осиёи Миёна ва минтақаъ пешбинӣ кард

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Вирус ҳатто дар кишварҳои мутамаддин бо зудӣ паҳн мешавад, таъкид кард намояндаи СУТ дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

Вай афзуд, ки зиёд шудани ҳодисаҳои гирифторӣ бо коронавирус ва марг аз он дар минтақаи Аврупо низ ташвишовар аст.

"Мо интизор дорем, ки ҳафтаҳои наздик дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ шумораи гирифторӣ ва марг аз коронавирус меафзояд", - афзуд Карриева.

Намояндаи СУТ афзуд, ки вазъ метавонад дар ҳолати мубоширати бевоситаи одамон ва интиқоли вирус ба нафарони солхӯрда якбора бад шавад.

"Пешбиниҳое, ки тавассуди намунаи эпидимиологии боэътимод ба даст оварда шудаанд, хурсандиовар нестӣ. Бино бар ин намунаҳо, бардошта шудани маҳдудиятҳо метавонанд ба он расонанд, ки моҳи январи соли 2021 нишондодҳои марг аз коронавирус назар ба моҳи апрел 4-5 маротиба бештар шавад", - тавзеҳ дод коршинос.

 

Намояндаи созмон таъкид кард, ки дар моҳи феврали соли 2021 тартиботи оддитарини пешгирии коронавирус ба монанда пӯшидани ниқоби тиббӣ метавонад ҷони 200 ҳазор нафарро наҷот диҳад.

Ӯ гуфт дар ҳоли ташдиди маҳдудият ҳолатҳои марг аз коронавирус камтар хоҳанд шуд.

 

Пешгирии ҷамъшавии одамон дар як ҷо, нигоҳ доштани масофа дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, тозаги дастон, худинзивоии гумонбарони гирифтори вирус ва карантини нафарони гирифторшуда ва нафароне, ки бо онҳо иртибот доштанд бояд дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳатмӣ шавад.

234

Омори ҷадиди гирифторӣ, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикиcтон

367
(Таҷдидшуда 17:58 24.10.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, тайи шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 41  ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид. Манбаъ таъкид кард, ки теъдоди умумии гирифторони коронавирус аз 30 апрел то 23 октябр ба 10 ҳазору 736 нафар расид.

"Дар як шабонарӯзи охир 54 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 9 ҳазору 836  (91,6%)  баробар гардид", - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Вазорат дар мавриди теъдоди фавтидагон аз коронавирус изҳор дошт, ки тайи 24 соати гузашта ягон ҳолати марг аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашуда, ҳолатҳои фавт аз ин маризӣ ҳамоно 81 нафар мебошад.

Таъкид шудааст, ки Ҳукумати  Тоҷикистон барои пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамоянд.

367
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Хабиб Нурмагомедов

Хабиб зидди Гетҷи: навори пурраи муҳориба

0
(Таҷдидшуда 03:27 25.10.2020)
Ҳабиб Нурмуҳаммадов бори дигар дар майдон пирӯзӣ ба даст овард ва ба Ҷастин Гетҷи имкон надод, ки бар ӯ дастболо шавад

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Мубориза миёни ду варзишгар хеле шадид оғоз шуд ва Нурмуҳаммадо бошад аз усулҳои маъмулаш кор мегирифт. Гетҷи низ аз худ маҳорат нишон дода, ба ҳамлаҳои Ҳабиб ҷавоб медода ва ҳатто як-ду лаҳзаи хатарнокро низ ба вуҷуд овард.

Дар даври аввал Ҳабиб аз рақибаш бартарӣ дош.

Марҳилаи дувуми панҷ дақиқагӣ низ ба ҳамин монанд оғоз ёфт - Нурмагомедов рақиби худро фишор дод, аммо табодули шадиди муштзанӣ ба вуқӯъ наомад

Паҳлавони Доғистон кӯшиш кард, ки рақиби худро бо услуби ғайриоддӣ зарба зада, аммо дар охир аз усули анъанавияш кор гирифт.

Пас аз 1,5 дақиқаи даври дуюм, Хабиб Гетҷиро ба кунҷи майдон афтонид ва ҳангоми талоши раҳоӣ кардани ҳарифаш ӯро буғӣ кард. Дар натиҷа Гетҷи мағлубиятро пазируфт ва ғолибият насиби Ҳабиб гашт.

Пас аз анҷоми муҳориба ӯ гуфт ғалабаашро ба падари марҳумаш мебахшад ва аз внҷоми корномаи варзишияш хабар дод.

Уқоб боз болои қулла аст: Ҳабиб Гетҷиро бо усули "буғӣ" шикаст дод-видео

Ӯ гуфт, ба модараш ваъда додааст, ки ин охирин муҳорибааш хоҳад буд.

0