Ҷаноза. Акс аз бойгонӣ

Бозгашт пас аз 28 сол: Раҷаби “Самбреро” ро оварданд

1520
(Таҷдидшуда 12:05 18.10.2020)
Ҷанозаи Раҷаб Шоев, маъруф ба Раҷаби “Сиёҳ” ё “Самбреро”, яке аз афроди бонуфузи замони Шӯравӣ дар Душанбеву навоҳи атрофи он, ба Тоҷикистон интиқол ёфт ва дар имрӯз, 18 октябр дар зодгоҳаш ба хок супорида шуд

 ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Яке аз наздикони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Раҷаб Шоев дар Русия ба маризии инсулт гирифтор шуда, дар синни 67 – солагӣ олами фониро тарк кардааст.

“Тақрибан се рӯзи қабл фишори ӯ боло рафта, дигарбора сактаи мағзи сар шуд ва вафот кард. Ҷанозаи ӯ шаби гузашта аз Маскав ба Душанбе интиқол ёфт”, - гуфт ӯ.

Раҷаб Шоев, ки ба далели сабзинагӣ “Сиёҳ” ва ҳам ба хотири дар овони ҷавонӣ ба сар доштани кулоҳи лаббапаҳни испониёӣ “Самбреро” лақаб дошт, яке аз афроди бонуфуз дар Душанбеву ноҳияҳои атроф ва замони ҷанги дохилӣ аз фармондеҳони раддаи поёни неруҳои мухолифини тоҷик буд.

Ӯ соли 1993 пас аз ба қудрат расидани ҳукумати феълии Тоҷикистон ба Русия рафта, ба тиҷорат машғул шуд. Ба қавли наздикон, ӯ дар деҳаи Каменкаи 14 – километрии шаҳри Козелски ноҳияи Козелски вилояти Калугаи Русия иқомат гузид ва тадриҷан анқариб тамоми хешовандони наздикони хешро ба он ҷо барои зиндагии доимӣ кӯч дод.

Талафоти бузург дар фурудгоҳи Хуҷанд: Абдумалик Ҳафизов, муовини сартабиб даргузашт

“Деҳа ҳоло қариб як деҳаи тоҷикӣ шудааст. Ба ҷуз мо тоҷикони дигар минтақаҳо низ дар ин ҷо сукунат доранд. Мардум бо урфу одатҳои тоҷикӣ зиндагӣ мекунанд. Ин як хизмати бузурги Раҷаб Шоев барои мардуму ватанаш буд”, - гуфтанд онҳо.

Дар бораи Раҷаб Шоев иттилои бештаре вуҷуд надорад. Ба қавли наздикон, ӯ дар ҳеҷ ҷинояте даст надошт, аммо аз ҳамон рӯзе, ки ба Русия рафт, ҳатто пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дигар ба ватан барнагашт.

Бозгашти ӯ бо марг ва даруни тобут иттифоқ афтод, ки тибқи васияташ, дар қабристони деҳаи Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ ӯро дар канори волидайнаш ба хок супориданд.

1520
День 22 октября

Ҷашнҳои рӯзи 22 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

62
(Таҷдидшуда 18:10 21.10.2020)
Рӯзи 22 октябр рӯзи байналмилалии нафароне, ки лакнати забон доранд ва ҷашни турнаҳои сафед дар Доғистон мебошад

Рӯзи 22 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1797 ҳавонаварди фаронсавӣ Андре Жак Гарнерен бори аввал дар ҷаҳон тавассути кураи ҳавоӣ аз баландии 1000 м ба замин фуруд омад.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1938 ихтироъкори амрикоӣ Честер Карлсон дастгоҳи ихтироънамудаи худро барои нусхабардории ҳуҷҷатҳо ба намоиш гузошт.

Соли 1966 Иттиҳоди Шӯравӣ моҳвораи "Луна-12"-ро ба кайҳон фиристод.

Соли 1993 Гурҷистон ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил шуд.

Соли 2001 олими рус магнити органикӣ ихтироъ намуд.

Соли 2007 дар фабрикаи пойафзол дар Чин  сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷаи он 34 нафар ҳалок ва  21 нафари дигар  захмӣ шуданд.

 

Тушение пожаров в Якутии
© Фото предоставлено министром охраны природы Якутии Сахамином Афанасьевым
Тушение пожаров в Якутии

 

Рӯзи 22 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2001 дар Душанбе гуфтугӯи сеҷонибаи раҳбарони Тоҷикистон Русия ва Афғонистон - Эмомалӣ Рҳмон, Владимир Путин ва И. Раббонӣ баргузор шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 20 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон ва котиби давлатии вақти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳиллари Клинтон доир ба маҷмўи васеи масоили ҳамкории дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистону Амрико ва ҳамгироии судбахш доир ба таъмини эътидол дар Афғонистон табодули назар карданд.

 

© AP / Jim Cole
Кандидат в президенты от Демократической партии Хиллари Клинтон ест шоколадное мороженое с арахисовым маслом во время остановки в Moo's Place

 

Соли 2012 дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардид.

Соли 2013 — Ҳукумати Русия дароз кардани муҳлати будубоши муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистонро маъқул шуморид.

 

Лагерь трудовых мигрантов на станции Лихая под Ростовом
Киемхон Бобоев специально для Sputnik
Лагерь трудовых мигрантов на станции Лихая под Ростовом

 

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе  ба муносибати 65-солагии таъсиси радиои бурунмарзии Тоҷикистон – "Овози тоҷик" ҷамъомад доир шуд.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти собиқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай масоили вобаста ба рушду густариши муносиботи дӯстӣ ва ҳамсоягии накуи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намуданд.

Соли 2018 — Президент қитъаи роҳи таъмиру навсозишудаи Хуҷанд - Исфараро дар вилояти Суғд ба истифода дод.

Ҷашнҳои рӯзи 22 октябр

Рӯзи байналмилалии нафароне, ки лакнати забон доранд.
Ҷашни турнаҳои сафед дар Доғистон.

Рӯзи 22 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1903-1981 Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Сангалӣ Хоҷаев.

Соли 1937 года – дирижёр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Азиз Неёзмамадов.

62
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 14 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 15 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 16 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 17 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 18 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 19 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 20 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Выборы, архивное фото

Раисиҷумҳури Корея пирӯзии эътимодбахши Эмомалӣ Раҳмонро шодбош гуфт

74
(Таҷдидшуда 20:16 21.10.2020)
Мун Чже Ин, раисиҷумҳурии Корея дар номаи шодбошии худ ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, пирӯзиро дар интихоботи навбатӣ шодбош гуфтааст

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, воридоти паёмҳои шодбошӣ ба муносибати пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии 11 октябр идома доранд.

Ба иттилои манбаъ, Мун Же Ин дар паёмаш пирӯзии Эмомалӣ Раҳмонро дар интихоботи навбатӣ эътимодбахш хонда, афзудааст табрикотро ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

"Муътақидам, ки таҷрибаи ғании Шумо дар соҳаи сиёсати давлатӣ дар оянда низ ба субот, тараққӣ ва шукуфоии кишваратон мусоидат хоҳад кард", - омадааст дар иттилоия.

Мун Же Ин изҳори хушнудӣ кардааст, ки аз лаҳзаи барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ дар соли 1992 муносиботи дуҷониба дар соҳаҳои гуногун ба таври мунтазам рушд меёбанд.

"Самимона изҳори боварӣ менамоям, ки дар якҷоягӣ бо Шумо ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд ва самарабахши байни кишварҳоямонро тавсеа хоҳем бахшид", - таъкид кардааст раисиҷумҳури Корея.

Мун Же Ин ба Эмомалӣ Раҳмон саломатии қавӣ ва ба мардуми тоҷик сулҳу шукуфоӣ таманно намудааст.

74
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, интихобот, Тоҷикистон