Туристы в городе Гиссар в Таджикистане

Гап сари "корона": коҳиши 62 дар садии сафари хориҷиҳо ба Тоҷикистон

76
(Таҷдидшуда 13:19 18.10.2020)
Аз сӯи дигар 710 ҳазор низ дар ин муддат аз Тоҷикистон хориҷ шудаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл коҳиши 57 дар садиро нишон медиҳад

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Агентии давлатии омори Тоҷикистон аз коҳиши 62 дар садии сафари хориҷиҳо ба ин кишвар дар 9 моҳи нахусти имсол хабар дод.

Ба гузориши "Парс тудэй", дар ин муддат 355 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба Тоҷикистон сафар кардаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл коҳиши 62 дар садиро нишон медиҳад.

Аз ин теъдод 317 ҳазор нафар ба унвони гардишгар вориди Тоҷикистон шудаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2019 ин шохис бо коҳиши 63 дар сади рубарӯ шудааст ва иллати он низ густариши вируси корона эълом мешавад.

"Бар ин асос дар 9 моҳи имсол 337 ҳазор нафар аз кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд ва 18 ҳазор нафар хориҷӣ дур ба Тоҷикистон сафар кардаанд", - афзудааст манбаъ.

Дар ин муддат 237 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон, 47 ҳазор нафар рус, 41 ҳазор қирғиз, 7 ҳазор қазоқ, 4 ҳазору 500 нафар афғон, 2 ҳазору 600 нафар чинӣ, 2 ҳазору 200 нафар турк, ва як ҳазору 100 нафар эронӣ вориди Тоҷикистон шудаанд.

Кумитаи рушди сайёҳӣ: шумори гардишгарон хориҷӣ дар даврони пандемия ба маротиб коҳиш ёфт

Аз сӯи дигар 710 ҳазор низ дар ин муддат аз Тоҷикистон хориҷ шудаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл коҳиши 57 дар садиро нишон медиҳад.

 

 

76
Арест, архивное фото

Боздошти Муминов барои қатли тағои 70-солааш: хонаро ба ӯ нею ба додараш додааст-видео

39
(Таҷдидшуда 13:02 23.10.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри Турсунзода хабар медиҳад, ки дар қатли тағояш муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Бино ба иттилои ин ниҳод, пулиси шаҳри Турсунзода Муминов Александри 42 соларо барои қатли тағояш боздошт кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда пас аз истеъмоли машруботи спиртӣ ба хонаи тағои 70-солааш Холмуродов Темур омада, ӯро латукӯб кардааст.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷаи латукӯби шадид ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнин бардошта ҳалок шудааст.

Боздоштшуда зимни бозпурсӣ гуфт, ӯро барои он кушт, ки хонаро на ба ӯ, бал ки ба додараш Семён додааст.

“Пас аз куштор, барои пинҳон кардани ҷиноят либосҳои ӯро пинҳон карда ҷасадро тавре гузоштааст, ки гӯё ҷабрдида аз беморӣ ҳалок шудааст, аммо ташхис дар ҷисми марҳум аломатҳои марги маҷбуриро ошкор кард”,‑ афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, боздоштшуда ва фавтида робитаи хешовандӣ дошта, ҷинояти мазкур барои ба даст овардани хона сар задааст.

ВУД мегӯяд, айни ҳол нисбат ба  Муминов Александр парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

39
Барчаспҳо:
парванда, боздошт, қатл, Турсунзода, Тоҷикистон
Работница коммерческого секса с клиентом, архивное фото

Парванда алайҳи зане барои даллагӣ: як ҷуфти шаҳватпарасро шинос карда, пул гирифтааст

140
(Таҷдидшуда 12:11 23.10.2020)
Мақомоти Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд нисбати як зани 42 солаи сокини шаҳри Бӯстон барои машғул шудан ба даллагӣ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст

ДУШАНБЕ, 23 окт – Sputnik. Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД дар вилояти Суғд дар шарҳи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, зани гумонбаршаванда муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Бӯстон буда, барои бо ҳам рӯ ба рӯ намудани як ҷуфти шаҳватпараст ба даллагӣ машғул шудааст.

“Санаи 19 уми октябр, Т. Э., соли таваллудаш 1978 як марди 34 сола истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳристон ва як зани 43 солаи шаҳри Бӯстонро барои алоқаи ҷинсӣ намудан бо ҳам шинос намуда, бар ивази ин кораш 100 сомонӣ пул гирифтааст”, гуфт манбаъ.

Ин ҳолат аз тарафи шуъбачаи мубориза зидди ҷиноятҳои ахолоқии РВКД дар вилояти Суғд муайян ва ошкор карда шудааст.

Алҳол нисбати Т. Э., зани 42 сола барои даст задан ба ин кирдор бо моддаи 239 қисми 1 (ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ)-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкоршавии ташкили ду фоҳишахона, яке дар деҳа дар Суғд - шарҳи ВКД

Мавридҳои машғул шудан ба даллагию фоҳишагии занон як мушкили умдаи ахлоқӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва мақомоти беҳдоштӣ таъкид меварзанд, ки аз ҳисоби алоқаи ҷинсии номашруъ, шумори гирифторони бемории HIV AIDS ё ВИЧ СПИД бештар рақам зада мешавад.

140
Барчаспҳо:
даллагӣ, парванда, боздошт, Суғд, Тоҷикистон